БА ҶОИ ПАХТА ЛАБЛАБУИ ҚАНД КОРЕМ

Хуфта дар санҷоби шоҳи нозанинеро чӣ ғам

Гар зи хору хора созад бистари болин ғариб…

Салом СССР! Мақолаи Муҳаммади Мубориз дар газетаи СССР бо номи «Саргузашти Шакармамади саргардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро хонда, лаззат бурдам. Таҳлилҳои хуб ба назар мерасанд, пешниҳоди ҷолиб ҳастанд, вале вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш.Кабир аз чӣ бошад, ки ба баҳонаи камҳосил будани лаблабуи қанд ва кам будани замин ташкили ин корро имкониятнопазир донистаанд.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҷумҳурӣ имрӯз аз кишти пахта дилмонда шудаанд. Соли гузашта нархи пахта аз 5 сомонӣ барои 1 кило боло нашуд. Пас, мекорем лаблабуи қанд. Барои деҳқон коридани лаблабуи қанд ягон асрори ниҳонӣ надорад, фақат обу ғизои даркорӣ лозим. Соҳибкорони бағайрат азми сохтани мини – заводҳоро доранд. Пас чи лозим кашолкорӣ, баҳонаҷӯӣ?!

Бисёре аз мардум махсусан зиёиён эрод мегиранд, ки даврони Шуравӣ халқро тайёрхӯр кард. Биёед вазирону раисони муҳтарам ин гуфтаҳоро ислоҳ кунему ба умеди шакари арзон аз хориҷи кишвар нашавем. Вай Шуравӣ буд, ки 1 кг гандумро 2,5 рубл истеҳсол мекарду ба мардум 1 халта ордро 12 сӯм (рубл) мефурухт. Шумо ин қудратро надоред! Зеро Шумо шакар намехӯред! Шумо муҳтоҷи шакар ҳам нестед! Аз ин рӯ ба гузашта таъна назанед. Кашолкорӣ накарда, аз паи иҷрои супориши Давлат шавед. Наметавонед иқрор шавед!

Х.Хошоков,  

н. Дӯстӣ  

тел: 931033201

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube