АЗ 8 ҲАЗОР ТО 65 ҲАЗОР СОМОНӢ

Хонандаи ҳамешагии СССР Оиша Ибрагимова, тел: «873330077» аз ш. Душанбе ба идора ба рақамҳои 2385556 дар тамос шуда, оиди қонун дар бораи “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣибрози назар намуд.

Байни мардум овозаҳо паҳн шудааст, ки барои сатрпӯшон ҷарима ба миқдори аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Тибқи маълумотам фаҳмидам, ки махсусан ҳиҷобҳои эрониву туркиро ба сар кардан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ шуда, иҷозати руймол ё докаҳои сарпӯш ҳаст. Акнун суол дорам, ки агар мо занони сину солхурда руймолча неву руймолҳои калон ба сар кунем, ҳоло ҳам дар назди қонун айбдор ҳисоб мешваем ё не?

Аз редаксия: Модари меҳрабон! Сатри арабӣ, яъне пӯшокаи хориҷӣ манъ шудааст. Шумо, ки умре рӯмоли калону дока ба сар мекардед, ҳамин либоси милли мост, бубандед, касе чизе намегӯяд. Вале ба гулдухтарон фаҳмонед, ки мусалмонӣ дар сатри арабиву туркие нест, ки ба сарашон чун чулкӣ мекашанду сипас тамомии баданашон менамояд…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube