ШАҲРИШАВӢ ВА ШАҲРОФАРИНӢ

Ҳамеша дар бораи андешаи стратегӣ менависам. Ситойиш мекунам. Хоҳиш мекунамЧунки ҳама бадбахтиҳои мо зодаи андешаҳои тактикии моанд.      Мардуме, ки андешаҳои тактикияш ба андешаҳои стратегӣ дастболо мешаванд, ояндаи худро мебозад. Бо рӯзгори худ ҳам ҳампойӣ наметавонад кардан. Имрӯз дар борае менависам, ки ё ояндаи ногузири мо мешавад (агар кардем), ё ба нестӣ мерасем (агар накардем).

Торикии андешаю фанатизму камбағалию… 80% бадбахтиҳои мо реша дар ҳамин доранд. Пас чист ин реша? Медонам, ки пас аз ин навишта се чор хонандае, ки доштам, ҳамонҳоро ҳам аз даст медиҳам, лекин нагӯям намешавад!!!

 

Аз деҳа ва ба деҳа

Бадбахтии мо дар деҳаҳои “паҳноварамон” аст. Ҳо, дар деҳаҳомон! То мо фарҳанги нави (шояд кӯҳнаи?) деҳсозиро пеш нагирем, ободӣ, пешравӣ дар гумон аст. Мо ҳарчи шаҳрҳои бузург насозем, ҳарчи онҳоро оройиш надиҳем, бегумон зери бори деҳа мераванд, нобуд мешаванд, то деҳро обод накунем.

Сада садаи 21. Ва дар 100 сол 10 бор бештар шудем. 10 миллион шудем. Лекин пойдеворамон ҳамун кӯҳнаи ноустувор аст. Деҳа пойдевор аст. Бубинем, ки то шумори мо меафзояд, деҳаҳомон ҳам бузургтар мешаванд. Деҳаҳои нав ба нав пайдо мешаванду доман паҳн мекунанд. Лекин замини мо, ки бештар намешавад. Ёзанда, ки нест. Ба гунае, ки дар синфи 5, азторихи куҳанхонда будем: “дар Италия гӯсолаҳо одамонро мехурандшуда истодаст. Деҳаҳо ояндаи мардумии моро хӯрда истодаанд.

Дуруст аст, ки ҳар кас бояд ҷойи зист дошта бошад. Дуруст аст, ки ҳар хонавода бояд хонае дошта бошад. Дуруст аст, ки деҳа бояд бошад… Мо бо ин сохти деҳаҳомон бо дасти худ худро ба гуруснагию нодорию ночорӣ ҳукм мекунем.

 

Деҳа заминро мехӯрад…

Садсолаҳои пеш, ки ҳарчанд кам будем ҳам, гузаштагони стратеги мо деҳаҳоро дар ҷойҳое бунёд мекарданд, ки нозо, норӯям буданд. Ягон деҳаи беш аз садсолаи тоҷикро дар замини ҳамвор надидаам. На обӣ на лалмӣ! Дар ягон деҳаи аз 100 солаи болои тоҷик, ягон оғиле миёни деҳа нест. Онҳо ҷонваронашонро дур аз деҳа нигаҳ медоштанд…

Гузаштагони мо бо умеди афзудани тоҷик мезистанд. Заминҳоро барои зиндагӣ мегузоштанд. Имрӯз мо ҳарчи хона месозем, дар ҳамворӣ. Бо сохтани хонаҳо дар ҳамворӣ метавонем душвории ҷойи зистро яксӯ кунем, лекин душвории норасойии хурокро ба миён меоварем. Ва ҳазорон душвории дигарро.

Мо бояд ҳарчи зудтар ба деҳсозии рӯз пардозем. Бояд заминҳои фаровоне, ки зери деҳаҳо мондаанд, озоду корам кунем, ки ба мардум нон оваранд. Замин барои мо тоҷикон гаронтарин арзиш аст, чунки ҳамагӣ 7% Сарзамини мо замин аст!

 

 «Новостройка» дар деҳот

Барои озод кардани заминҳо ба кишт, бояд барномаи стратегии давлатӣ дошта бошем, ки нишонаш шаҳришавӣ, урбанизатсия бошад. Бояд хонаҳои деҳаҳоро на кам аз 9 ошёна созем. Стратегияи сохтани баландошёнҳоро дар деҳаҳо пеш гирем. Деҳаҳомон дар чанд баландошёна мегунҷанд. «Новостройкаҳое», ки дар шаҳр мекунем, дар деҳа созед, харидор ҳам меёбед, бовар кунед!

 

Чаро бояд чунин кунем?

Пеш аз ҳама заминҳое, ки барои хонаҳои деҳ корбурд мешуданд, озод мешаванд, корам мешаванд, ҷойи кор мешаванд, нондеҳ мешаванд. Дигар ин, ки агар баландошёнаҳо, ки сохтем, ногузир дар онҳо инфрасохтор месозем. Обу рӯшанию гармию… пайваст мекунем. Ҳам обу ҳам рӯшнойиву гармӣ барои 100 бор бештар аз имрӯз хоҳанд расид. Гумшавии нерӯйе, ки дар симҳои парогандаи деҳаҳои парешони мо ҳаст, ними Тоҷикистонро рӯшан мекунад. Бо сохтани нерӯгоҳҳои офтобӣ рӯйи бомҳо ку…ба ҳадафи саноатикунонӣ ва электрикикунонӣ ҳам мерасем!

 

Аз Хитой омӯзем!!!

Чин (Хитой) наздики 20 сол аст, ки ҳамин стратегияро пеш гирифтааст. Чиниҳо ҳам ранги мо камзаминанд. Омӯхтам, ки ин стратегияи онҳо дардхури мост. Танҳо дар Чин 1 кори нодуруст карданд, ки деҳаҳоро вайрон карда, мардумро ба зӯрӣ ба шаҳрҳо кӯчонданд. Мо бояд тактикаи дигарро пеш гирем, ки шаҳрҳои бударо аз ин рӯзашон бадтар накунем. Инфрасохтори онҳоро нашиканем. Бояд дар паҳлуи деҳаҳои буда баландошёнаҳо созем, бо обу рӯшанию гармӣ…

 

Урбанизатсия роҳи наҷот

Барои ин кор бояд кишвардорӣ плани стратегии шаҳришавӣ (урбанизатсия) омода кунад. Ба созмонҳои ҷаҳонӣ, барои дарёфти пул рӯ оварад, чунки имрӯз ҳазорон ганҷурҳои дастгирии урбанизатсия ҳастанд. Сармояи ҷаҳонӣ омода аст, ки барои урбанизатсия миллиардҳо бебозгашт диҳад. Кишвардорӣ бояд як гурӯҳе аз донишварону давлатмардон созмон диҳад, то ҳама паҳлуҳои ин корро омӯзанд, санҷанд, бинанд. Ва дар ин росто бояд аз бархе шартномаҳои СО2 бароем, то барои гармидиҳӣ тавонем аз ангишти бумӣ корбурд кардан. Гирди ин стратегия ва роҳандозӣ кардани он бояд ҳамон гурӯҳ кор кунад.

Дигар ин, ки зиндагонӣ дар хонаҳои баландошёнаву наздики ҳамдигар фарҳанги мардумиро дигар мекунад. Худи дастрасӣ ба обу рӯшноию гармӣ ҳам. Хоҳем нахоҳем маданияту фарҳанги бошандагони шаҳрҳо дигаранд, ё не?

 Агар дар ғами ояндаи Сарзамин бошем, урбанизатсия ягона роҳи дурусти пешрафти мост. 1 рӯз пештар оғоз кардем, 1 рӯз пештар обод хоҳем шуд.

 Агар мардуми андешаманду донишвар диди худро дар ин перомун менавиштанд, сипосгузор мебудам. Мо Метавонем!

 

Safwat Burkhonov,

ГЕРМАНИЯ, махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube