РИШПАРАСТОН

17.05.2024. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, даъвати шашум, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид, дар қатори дигар санадҳои меъёрӣҳуқуқӣ ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» баъд аз муҳокимаи вакилон ба овоз монда шуда, қонун дар таҳрири нав қабул гардид (АМИТ «Ховар»).

Аз қабули қонуни нав, ки бархе аз зиёдаравиҳоро манъ мегузорад ва парлумон онро ба тасвиб расонид, 10 рӯз гузашт. Мо интизор будем, масъулини идеологӣ ба вежа журналистони расмӣ, ки аз буҷҷа маош мегиранд, ин қонунро ба мардум шарҳу тафсир мекунанд. Зеро он дар ҷамоъа нофаҳмиҳо ба бор овард. Вале чун ҳарвақта инҳо муҳри хомӯшӣ бар лаб заданд. Зимнан СССР маҷбур аст, чун газетаи патриот, ин бор низ ба майдон барояд. Мо Метавонем!

Риш усулан 1 бастаи мӯй аст. Мӯй хоҳ дар лаб барояд ва ё хоҳ дар дигар ҷои бадан, бояд сарришта гардад, яъне банду баст шавад, тамиз гардад. Шахсан ман, ба он нафаре, ки наметавонад пашмеро дар ҷои назаррас, яъне таки фукаш тартибу ороиш кунад, бовар надорам, ки дар дигар ҷои бадан онро тамиз намояд. Узр, вале ин фикри шахсии ман аст!

Аз сӯи дигар рише, пашме, ки боиси пастшавии имиҷи 1 кишвар ва 1 миллат мегардад, чаро набояд танзим ва контрол шавад? Имрӯз ришҳои салафӣ, на ришу фаши хеле базебу нозанин ва дидании пирони рӯзгордидаи мо, ки ҳамеша боиси фахри миллати мо буду ҳасту мемонад, парчами даъват ба низоъ гаштаанд. Шумо 1 бор ба хориҷаи наздику дур сафар кунед ва бо чашми сар бинед, ки маҳз ҳамин сару фуки сералафи салафиҳои мо сабаб шудаанд, то миллати тоҷик ба гурӯҳи вежаи “нобовар” ва ё худ экстремистони эҳтимолӣ шомил гардидааст.

Ҷамила Ҳусейноваи мо ҳамин ҳафта ба Гурҷистон, собиқ республикаи бародарии давлати СССР  сафари корӣ кард. Ӯ аз Тифлис навишт, ягон меҳмон, ҳатто русҳои шаҳрвандии ФР дошта, дар гузаргоҳҳо ягон ишкол надоштанд. Илло тоҷикон… “Тамомии мусофирони тоҷикро, ки паспорти ҶТ доштанд, аз сафи мардуми дигар ҷудо карда, дар дафтари алоҳидаи вежа 3 соат бештар кофтуков намуданд. Ин 1 таҳқире беш буд, вале аз мост, ки бар мост. Зеро дар тамомии аэропортҳои дунё тоҷиконро дигар ҳамингуна дастури кофтукоб шудааст!”.

Ва боз ҳам шумо мардуми ришпараст фикр доред, ин мӯйи таки фуки шумо инфиродист? Неъ! Ин дигар риши шумо нест, ин РИШи миллат аст! Шумо бо ин риш обрӯи моро резонеду мо дар баробари 3-4 камхирад муҳри хамӯшӣ занем? Хестед, ки хобед! Ин риши салафиву алафӣ бояд барвақттар контрол мешуд. Рише, ки садсолаҳо бобоҳомон онро механдид, мо гирифтему шеваи мардӣ, гунаи мазҳаб додем ва ҳатто бештар аз дин кардем. Зеро хирад, ки набошад, фикр дорем мӯй, қил, риш аз ислом аст.

Ҳой бетутуруқҳо, агар риш фарзи ислом мешуд, Худо тамомии мушрикину кофиринро кӯса мекард!!! Вале ба кӣ мегӯй?-гуфти бобои Одина Ҳошим. Бедил 324 сол пеш дар мазаммати ин ришпарастон гуфта будӣ:

Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад.

Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад?

1 нахуд каллаю 10 ман дастор.

Ин каму беш чӣ маънӣ дорад?

Ҳазар аз воизи мисвокбасар.

Ақрабу неш чӣ маънӣ дорад?

Бедил ин ҷо ҳама риш асту фаш аст.

Миллату кеш чӣ маънӣ дорад?!

 

САТРПАРАСТОН

Ин банди қонуни нав онҳоеро, ки исломро дар пӯшокаву риш мебинанд, ба по хезонид:

– Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид.

Дар бораи сатр метавон соатҳо баҳс кард. Вале 1 суол посухгӯи ҷумла сафсаттаҳои ин камхирадон аст ва ба он посух гӯянд:

-Магар модарони мо, бонувони Тоҷик, ки ҳазорсолаҳо либоси миллӣ, куртаву поҷома, атласу адрас, чакану шоҳӣ мепӯишданду рӯмоли ҷопониву дока, гардӣ ва гулбаст ба сар доштанд, кофир буданд?

Агар шумо чунин мепиндоред, пас 77 пуштатон кофир аст! Зеро 77 пуштатон, то шуруъи интернету таблиғу ташвиқи пӯшокаи арабӣ, либоси миллӣ ба бар мекарданд. Дар ягон маъхаз, осорхона, такхона, аксу расмҳои қадима бо ин либосе, ки имрӯз бонувони мо ба бар мекунанд, магар дучор меоед?

«Сатри аврат» ба ин маънист, ки ҳатман пӯшиши миллии арабро ба бар куне(м)д? Метарсам, ин мағзтиҳиён, ки либоси модарии худро макрӯҳ меҳисобанд,  имрӯз ё фардо, забони Тоҷикиро низ куфр мехонанд.

Ҳоло бинед, ки муллоҳо баъди намоз дақиқаҳо бо арабӣ дуо мекунанд. Ҳол он ки ояту сураҳо бояд арабӣ бошанду дуову вирд бо забони давлатӣ! Яъне чӣ? Яъне ин муллоҳо зери ташвиқот монда, ба оҳистагӣ, аммо пайваста, на танҳо либоси бонувони моро аз баданашон бадар кардаанд, ки забони Тоҷикиро низ аз масоҷид берун сохтаанд!

Ва аз ҳама муҳим: кӣ, кай дар ва дар куҷо, дар ҳамон овони «бехудоӣ», яъне дар давлати СССР, ҷалабе, танфурӯше, мама-розае, проституткаеро мешинохт? На-бу-данд!!! Дар Тоҷикистон набуданд! Вале агар ҳам буданд, ақаллиятҳои миллати урупоӣ буданд. Зеро сатри аврати бонуи тоҷик дар қулуби мо-мардони Тоҷик будӣ! На дар сатру фаранҷии арабии имрӯзиён.

Аз касе пӯшида нест, ки аксаран проституткаҳои мо бештар либоси арабии сатру а ля кардиген ва «абая» ба бар мекунанд, то бозори харидашон гарм бошад. Шумо 1 бор ресторан равед ва бо чашми сар бубинед, ки ин сатрпӯшон дар ин мавзеъ чигуна вискиву коняку арақу винову пиво мезананду қалёну сигор дуд дода, «меҷумбонанд!». Ман пеш аз навишти ин матлаб 3 шаб ресторан рафтам, то мутмаин гардам, ки барои ту, хонандаи ин сутур, дурӯғ наменависам. Ва ин ҳамаро ҳамин шабу рӯз мушоҳида кардам!

Аз ин сатрпӯшони дурӯя, кардигенбабарони фурӯмоя, ин ғару проституткаҳои «либоси исломӣ» пӯшида, ал ҳазар. Ва маҳз ана ҳаминҳоянд, ки аз қишлоқу акнофи шаҳрҳо ба марказ мерезанд ва чун дар роҳ маҷбурашон мекунанд, ин олоти ғарӣ, силоҳи фоҳишагарияшонро кашанд, ба олам шӯр меангезанд, ки «Ҳукумат бар либоси занон дастдарозӣ мекунад!».

Ҳаргиз намегӯям, ҳама сатрпӯшон ғаранду зинокор. Ҳудо нишон надиҳад, аз ин тӯҳмат бар бонувони Тоҷик. Вале мегӯям, ҳамон ғару зинову фасодкорон обрӯи бонуи сатрпӯшро рехтаанд.

Эй муллоҳо! Агар ҷавонмардед, ғаризмро маҳв кунед. Ва ё фикр доред, мусалмонӣ дар зоҳир асту ботин на? Ҳофиз ба шумо мегӯяд:

Халқе забон ба даъвии ишқаш кушодаанд,

Эй ман ғуломи он ки дилаш бо забон якест!

Боз ҳам агар сафаре ба мамолики араб кунед, мебинед дар ҳавопаймо чигуна «сатрпӯшон» нишастаанд. Инҳо ба Дубай, Анқара, Истамбул, Гоа…барои чӣ мераванд??? Маъзарат, вале «секс-тур» мераванд, вале ниҳон дар сатру абая…

Аз сӯи дигар дар ягон давру замон куртаву поҷомаи миллӣ ингуна барангезанда набуд, ки имрӯз ба масале «сатру ҳиҷоб» шудааст. Ин сатрҳо, маъзарат, вале то нозуктарин роғу боғи бадани бонувонро ба намоиш мегузоранд!!! Сатр оё танҳо бастани гардан асту рекламаи тамомии аъзои дигари бадан???

Зимнан дуруст мекунанд, ки бонуи тоҷикро ба роҳи мусалмонии комили мазҳаби ҳанафия, яъне ба пӯшиши куртаву поҷома бармегардонанд! Вале БОЯД бештару пештар аз ҳама зану духтарони мансбадорон ҷарима шаванд. Инҳо, ки бо автобусу маршрутка намегарданд, то милиса манъ кунаду тафтиш. Инҳо дар мошинҳои гаронарзиш мегарданд; метавонед манъу штраф карда? Слабо?!

 

ҲОҶИПАРАСТОН

Тибқи моддаи 13-и қонун дар таҳрири нав, гузарондани маъракаи гуселу пешвози ҳоҷиён ва умракунандагон дар доираи оила пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шуд

Ман 2 бор ҳаҷҷи умра кардаву 2 китоб навиштаам (“Сафардидаи Маккавӣ”, 2012 ва “Сафардидаи Мадинавӣ”, 2024) ва сареҳатан ва такроран мегӯям, ки ман ҲОҶӢ нестам! Умра туризм аст! Туризми мазҳабӣ.

Вале баъди туристиву ҷаҳонгардӣ, омадану дағ-даға кардан, ки ман ҳоҷӣ шудам ва маъракаи ҳоҷибинону ҳоҷиталбон ташкилу таъсис додан, ҷуз зуҳди худкомагиву риёи рӯирост, чизе бештар нест! Ман бе далел наменависам.

04.01.2023 бо ҳамсарам ба ҳаҷҷи умра рафта, субҳи 18.01.2024 ба хона баргаштем. Соати 5 расидем, 3 соат хоб кардам ва зуд хеста ба кор омадам. Тамом!!! Тамом? Хока тамом!-гуфти бобои Ғулом.

Ман ку дар хона набудам, вале ҳоҷибинҳо, ки мехостанд “дидори табарруки моро дидаву дуои ҳоҷии свежийро гиранд”, омадандеее. Завҷаам ҷанҷол мекард, ки “дадаш, ин хел накунед, мардумро пешвоз гиред, дуо диҳед, хафа мешаванд”. Ман мегуфтам, “хафа шаванд аз нодонии хеш шаванд. Дуои ман на-ме-ги-рад!!! Зеро агар дуои ҳоҷиюн мегрифт, олам месӯхт дар деги нафси ишон..”. Ман не, Аҳмад Махдуми Дониш гуфтааст:

Ҳоҷӣ, ки зи Хонаи Худо баргаштаст,

Морест, ки рафта аждаҳо баргаштаст!!!

Хулласи калом, ҳоҷибинони мо то…21.03.2023 давом кард! То Наврӯз. Вале медонед чаро қатъ гардид? Наврӯз-паврӯз ни при чем тут! Завҷаам шалпару лакот шуда, ҳамин рӯз беҳуш афтод ва 2 ҳафта дар бемористон хобид. Ташхис-диагноз:

  • Переутомление!!!

Яъне мо-мардуми дуогиру ҳоҷибин то ҳоҷиҳои бечорарро накушем, бас намекунем. Зимнан, шахсан ман пешниҳод дорам, ки на танҳо ҳоҷиён, ки ҳатто мардуми ҳоҷибину ҳоҷипарастро штраф, ҷарима, ҷазо кунанд:

Адаб шарт аст, агар фарзанд шӯх аст:

Саги девонаро дору кулӯх аст!!!

 

ИДПАРАСТОН

Дар моддаи 9 меъёрҳои марбут ба ҷашн­ҳои расмӣ такмил дода шуда, бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон, роҳ надодан ба исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд.

Ана ба ин банди қонун ман розӣ нестам! Зеро кӯдакро аз шодиву нишоти идҳои мазҳабӣ набояд канор кард!!! Дар рӯзи ид кӯдак табиист ба намоз намеравад. Пас чӣ кунад? Рӯиҳамрафта, маросими ид дар тӯли асри ХХ, маъракаи нишон додани ҳунари бонувон будӣ. Имрӯз аст, ки ҳама маҳсулоти полуфабрикат мехаранду рӯи хон мегузоранд.

Ман нек ёд дорам, ки дар рӯзҳои ид дар даврони шӯравӣ, ҷавонмардон  ҳалвою чалпаку озуқу самбусаву кулчаву чаппотиии рӯи дастархонро дида, арӯс интихоб мекарданд.

Зимнан идгардаки атфол, ки воқеан ҳам дуруст қайд мекунанд, муллоҳои дар мадрасаҳои Покистону Арабистон таҳсилдидаи мо, ки ба Ислом рабте надорад, зеро таоруфи бобоӣ, ориёии мо-Тоҷикон аст, набояд манъ гардад.

Дар ягон давлати исломӣ кӯдакон инугна нишоту шодиву тараб надоранд, ки дар кишвари мо дошта бошанд. Пас табиист, ки ин ид аз Авасто, Зардуштия, овони поки ориёии ниёи мо маншаъ мегирад ва агар мо онро қонунан манъ кунем, пас хизмате бар салафияву ваҳҳобия ва толибони паштун кардаем…

Мо Метавонем!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube