ДАР ЯК САТР

 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маориф бори дигар аз асардуздии олимони тоҷик интиқод намуда, таъкид кард, ки то ба имрӯз аз сӯи пойгоҳи “Диссернет” асардуздии 150 олими тоҷик фош шуда, дипломи 7 нафари онҳо беэътибор шудааст.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, бар асари офатҳои табиӣ, ки рӯзҳои 5, 10, 17, 18 ва 25 майи соли 2024 дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон рух доданд, 25 манзил осеб дида, 15 хона пурра вайрон шуданд.

Дар 4 моҳи аввали соли 2024 наздики 22 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Россия ихроҷ шуда, 669 нафар аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум гаштанд. 

Андрей Патрушев аз 01.06.2024 роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Иван Ивановро, ки аз соли 2020 ин вазифаро бар дӯш дошт, иваз намуд.

Сар аз 29.05.2024 ҳаракати ҳамагуна нақлиёт тавассути кӯчаи Шамсӣ, аз хиёбони Б.Ғафуров то хиёбони А.Синои ш.Душанбе, бо сабабаи таъмир барои 3 моҳ маҳдуд мегардад. Таъмири ин роҳ то 20 августи соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube