БА ҚАДРИ ЗАҲМАТИ МУҲОҶИР БИРАСЕМ

Ҷавонону мардони Ватанамон дар мулки ғарибӣ, дур аз падару модар, зану фарзанд ва бо чӣ азобу машаққатҳо кор карда, ба хона пул равон мекунанд, ки зиндагиашон беҳ шавад. Пул, ки ба хона омад, ягон чизу чораи зарурӣ харид карда, боқимондаашро бояд нигоҳ дошт. Вале чи хеле, ки мебинем, занони ҷавон аз пагоҳи барвақт зуд кӯдакони хурдсоли худашонро аз гавҳораю ҷойгаҳ хезонда, бо либосҳои тунуки беостин бо 1 памперс, 1 то дар пушт, 1 то дар мушт гуфтагӣ барин дигаронашонро кашола карда, афтопоезд барин бо доду фиғон дар кӯчаю бозору мағозаҳо мегарданд. Барои ором кардани онҳо яхмос медиҳанд, ҳол он ки кӯдаки хурдсол онро дошта наметавонад. Ақли ҷавонзанонро бинед дастони кӯдак дар офтоби сӯзон супсурх шудаасту худашонро латапеч мекунанд, фикр намекунанд, ки кӯдакон дар офтоб месӯзанд ё офтоб кӯдакро мезанад. Хуллас, илоҷе карда дар чанд рӯз хоки пулро бод мекунанду боз ба муҳоҷирони бечора муроҷеъ мешаванд, ки пул фирист.

Дар бораи азобу заҳмати муҳоҷирон фикр кардан даркор, ки ӯ бечора дар куҷо хоб асту чӣ мехурад. Фақат чун оҳуи кӯҳсор дилашон дар воҳима, ки мабодо ягон кори хатаре рух надиҳад, мурдаашро кӣ мебарад?  Аз ҳамин сабаб занҳои азиз, бемалол бошад маблағҳои бо заҳмат омадаро сарфакорона истифода баред, боқӣ ихтиёр ба худи шумост.

Ҳайдаршоҳи Пирзода,

н. Данғара

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube