БАҲМАНМОҲИ ХУНИН КОРИ НАҲЗАТ БУД!

Аз нахустин репетитсияи хунини наҳзатиён расо 34 сол гузашт. Мардум имрӯз медонад, ки овозаву дарвозаҳои муллоҳои наҳзатӣ боиси хунрезиҳое гардид, ки баъди 2 сол Тоҷикистонро ба коми ҷанги граждании 7 сола кашиду садҳо ҳазорро куштаву миллионҳоро ғарибу гуреза ва иқтисодиётро варшикаста сохт. СССР он рӯзҳои мудиҳишро дар тақвими хеш ин ҷо мекорад, то фаромӯш насозем. Мо Метавонем!

     Яке аз ҳодисаҳои муҳиме, ки дар сар задани ҷанги дохилии солҳои навадуми асри гузашта нақши асосӣ доштааст, воқеаҳои  баҳманмоҳи соли 1990 буд. Шоҳидони ҳол, чи аз ҳисоби кормандони мақомоти интизомӣ ва чи аз ходимони созмонҳои ғайридавлатӣ ва аъзои ҷомеаи маданӣ, умдатан бар ин назаранд, ки воқеоти февралӣ, ки таҳти баҳонаи бо хона таъмин намудани арманиҳо пӯшиш ёфта буд, маҳсули фаъолиятҳои пинҳонии наҳзат аст. Барои собит сохтани ин иддао ба чанд нукта таваҷҷуҳ мекунем:

 

  1. Мулло-Бруслии наҳзат

Созмони пинҳонии экстремистии ба ном Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон аз оғози солҳои ҳафтодуми садаи ХХ барои омода намудани кадрҳои наҳзатӣ бо ташкил намудани гурӯҳҳои тадрисӣ-таблиғӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ,  дар баробари тадриси улуми муқаддимотии динӣ (сарфу наҳви арабӣ, мабдаъ-ул-қироат, мухтасар ва амсоли инҳо), муридонро ба тамрини усулҳои ҳарбу зарб ҷалб менамуд.  Ба вежа, тамрини усули  ҳарбии «каратэ» дар миёни муллобачаҳои ҳавзаҳои дарсии вилояти Хатлон маъмул шуда буд. Тренер-мударрис-муршиди ишон дар ин тангно Мулло Аҷики Себистонӣ буд, ки худро Бруслии сонӣ мехонд!

 

  1. Репетитсияи наҳзат

Ба воситаи роҳандозӣ намудани тарҳи ҳаводиси февралӣ (албатта, аз тариқи ба низоъ ва даргириҳо мувоҷеҳ кардани насли ҷавон ва оростани таҷаммуоти гурӯҳҳо) наҳзат мехост дар ибтидо қудрати ҳукумати марказиро дар симои Маскав бисанҷад ва ҷараёни воқеоти минбаъдаро ояндабинӣ намояд. Ҳарчанд ки қувваҳои интизомии Вазорати дифои Иттиҳоди Шуравӣ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон пеши роҳи бетартибиҳои гурӯҳҳоро гирифта, вазъияти ҷумҳуриро таҳти назар қарор дода буд, заъфиятҳои элитаи ҳукмрони онвақтаи кишвар ва баъзе ниҳодҳои интизомӣ барои наҳзат ошкор гардид.

 

  1. Сиёсати наҳзат

Ташкилоти террористии наҳзатӣ мебоист аз пушти парда манзараҳои даргирию низоъҳоро тамошо ва ҷараёни задухӯрдро аз берун идора менамуд. Ин нақша амалӣ шуд, вале  қишри рӯҳониёни муҳофизакори наҳзатиро мансаб ва ҷоҳу ҷалол ором нагузошт ва ба таври нохудогоҳ ба саҳнаи сиёсӣ кашида шуданд.

 

  1. Занталоқи наҳзат

Президенти вақти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбати ихтисосиаш дар маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо»-и Иброҳим Усмон дар иртибот ба ҳаводиси февралӣ таъкид карда буд: «ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар наравед, занатон талоқ! Қозии собиқи кишвар А.Тураҷонзода дар байни аҳолӣ қасдан дар бораи ба арманиҳои аз заминларза осебдида овоза паҳн карда, мардумро ба шӯр овард. Дар натиҷа одамон ба хиёбон баромаданд ва аз ин фурсат наҳзатиҳои ҳаммаслаки вай суиистифода карда, вазъиятро ноором карданд ва аввалин хунрезиро оғоз намуданд».

 

  1. Баҳмани наҳзат

Сари мавзӯи мазкур генерал Амирқул Азимов, ки ба ҳайси роҳбари бригадаи тафтишотии вақт ҳодисаи баҳманмоҳи хунинро мавриди санҷиш қарор дода буд, аз дидгоҳи сирф касбӣ дар ҳаводиси февралӣ даст доштани муллоҳои наҳзатиро эълом дошт.

 

  1. Қотилии наҳзат

Таърихи миллӣ, ки аз маҷмӯи воқеиятҳои рӯз таркиб ёфтааст, иртиботи бевосита доштани наҳзатро дар ҳаводиси февралӣ, ки боиси хараҷумараҷ ва даргириҳои бемаънӣ ва ҷанги граждании 7-сола шуда буд, исбот кардааст.

 

Ардамеҳр Ашӯров,

ходими калони илмии АИ ҶТ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube