Ҳафтаи гузашта бо фармони Сарвари давлат Абдулмаҷид Муъминзод, ки то ин дам дар вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кор мекард, и.в. раиси ш.Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон таъин гашт. Ӯ дар ин вазифа Файзулло Баротзодаро, ки ҳамагӣ 1 сол раисии ин шаҳрро бар ӯҳда дошт, иваз намуд. Фаъолияти Файзулло Баротзода, раиси собиқи ш.Бохтар борҳо дар газетаи мардумии СССР мавриди интиқоди шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳр қарор гирифта, сокинон аз ҷамъшавии партовҳои сахти маишӣ, сохтмонӣ, набудани нақлиёти ҷамъиятӣ, мушкилоти обу барқ ва бозорҳои танзимнашаванда шикоят мекарданд…
Муттаассуф, раисони ин шаҳр зуд-зуд иваз мешаванд, вале мушкилот ҳамоно боқӣ мемонад. Замоне, ки раиси нави ш.Бохтар тоза бо шаҳр ва фаъолияти шаҳрдорӣ ошно мегардад, мо бори дигар шаҳрро давр зада, барои ӯ аз проблемаҳои аввалиндараҷаи Бохтар хоҳем гуфт.

Биноҳо ободу кӯчаҳо хароб
Маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар аз ҷиҳати нуфуз рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Барои ин дар дохили шаҳр даҳҳо бинои баландошёна бунёд гашта, ин аз 1 тараф боиси танг гаштани роҳҳо ва аз тарафи дигар ба додувойи бисёре аз сокинон боис гаштааст. Мардум аз он шикоят доранд, ки имрӯз соҳибкорон дар куҷое, ки рост ояд бинои баландошёна мебардоранд. Майдончаҳои варзишӣ ва ҷойи бозии атфол рӯз то рӯз кам гашта истодааст. Худи биноҳо аксаран чунон бесифатанд, ки соҳибкорон барои харидор ҳатто кафолати 100 фоиза намедиҳанд. Оё ҳамон бино ба офатҳои табиӣ, аз он ҷумла зилзила тобовар ҳаст ё не?
Соҳибони биноҳои нав барои 4 қуттии партов дар охир маблағ намеёбанду даруни биноҳои навсохт пур аз партованд. Бинои даҳошёнаи кӯчаи Ҷ. Балхӣ мисоли возеҳи ин гуфтаҳо шуда метавонад. Сари ин мавзӯъ бармегардем ва мавзӯъро пайгир мемонем.

Нақлиёти ҷамъиятӣ омад, аммо …
Ниҳоятан баъди 30 соли Истиқлолияти комил Бохтар соҳиби нақлиёти ҷамъиятӣ шуд, ки аз ин иқдом шаҳрвандони шаҳри Бохтар хело шод гаштанд. Мардум аз он хушнуд шуд, ки акнун равуои хешро тавассути автобусҳои нав ба роҳ мемонанду мушкили чандин сол ҷой дошта ҳалли худро ёфт. Лекин аз роҳҳои танги дохили шаҳр, ки самти ҳаракати автобусҳо сӯйи ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш муайян гардидааст, ҳангоми ҳаракат тамбашавиро ба миён оварда, боиси норозигии ронандагону мусофирон гашт. Автобус дар чунин роҳҳои танг, ки ҳар соат садҳо наклиёт дар ҳаракат аст, наметавонад равуои бемалол дошта бошад. Назди бозори маркази шаҳр ҶДММ «Нурафкан» воқеъ асту дохили ин истгоҳ нақлиёти мусофиркашонии ноҳияҳои гуногун ҷо дорад. Аз ҳамин истгоҳ, ки берун шудед, аснои ҳаракати автобусҳо ҳолати тамбашавӣ ба миён меояд ва мусофирон барои 2 сомонӣ арзон рафтан бо ҳам ҳатто даст ба гиребон мешаванд.

Ист гоҳ ё ногоҳ?
Дар бораи ҳолати истгоҳҳои шаҳр ҳаминро метавон гуфт, ки ягон истгоҳ ба талабот ҷавобгӯй нест. Танҳо онҳо сарпаноҳе ҳастанд, ки мусофирон дар вақти боду борон панаҳ мебаранд, вагарна аз ҳолати танги роҳ ягон автобус дар истгоҳи муайяншуда наметавонад истода, мусофир шинонад. Бархе аз шаҳрвандон истгоҳҳоро ба мағоза табдил додаанд.
Аксарият роҳҳои шаҳри Бохтарро пулакӣ ҳам кардаанд. Мисол мехоҳед? Истгоҳои самти ҳаракати Кӯшониён – Вахш ҳамин ҳолро дорад! Шумораи зиёди нақлиёт, ки дар назди МИҲД шаҳр иҷора истодаанд, роҳро ғайр аз банду танг кардан коре дигар гӯё надоранд. Боз дар ин ҳолат нафаре бо «бейҷик» аз ронандагон барои таваққуфи мошинҳояшон маблағ меситонад.

Кортҳои бепул канӣ?
Дар соли 2023 масъулони шаҳрдории шаҳри Бохтар зимни 1 нишаст ваъда дода буданд, ки 39 адад автобусе, ки ба шаҳри Бохтар ворид мешавад, 10 рӯзи аввал пурра ройгон ба мардум хизмат мерасонанд. Дар ин зимн бояд 40 ҳазор корти дигар ҳам дастраси сокинон мешуд. Лекин автобусҳо омада, на бепул хизмат карданду на аз кортҳо хабаре шуд.
Бо дастури Сарвари мамлакат бояд тамоми хизматрасониҳо ғайринақдӣ сурат бигирад, аммо аз супоришҳо соле сипарӣ гардиду мардум ҳоло ҳам тариқи нақдӣ ба автобус мешинанд. Чаро???

Хатҳои ҳаракат нест
Дарвозаро кушоду дохили Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳри Бохтарро чун ҳамешагӣ пур аз партов дарёфтем. Агар ҳамон шиносномаи муасисса намебуд, пайдо карданаш душвор меафтод. Ба ҳама сарбориҳои фасли дай маълум. Туману барфу борон ва шамолҳо, ки хоси ин фасланд, барои ронандагон мушкил эҷод менамоянд. Хосса, хатҳои уфуқӣ надоштани роҳҳо барои ронандагон душворӣ пеш меорад. Барои кашидани чунин хатҳо кадом муассиса муваззаф аст.?Агар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Бохтар, пас чаро вазифаи худро пурра иҷро намекунанд?
Ҳошим Абдулҳаев, 1 сокини ш.Бохтар, ки солҳои зиёд ҳамчун ронанда ба мардум хизмат мерасонад, аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки барои пайдо кардани мусофир ҳоло мушкилӣ мекашад.
– Аз тамбашавии зиёд мусофирон тоқат накарда, нақлиётро тарк мекунанд. Сабаби ҳамаи ин тамбашавиро нодуруст ҷо ба ҷо гузории самтҳои ҳаракат метавон унвон кард. Айни замон барои пайдо кардани мусофирон ронандагон куҷое, ки хоҳанд ист мекунанду аз куҷоҳое, ки мусофир намеоранд. Ҳамаи ин бояд пешгирӣ шавад!- мегӯяд акои Ҳошим.

«Боғбунёд» куҷоед?
Лозим ба таъкид аст, ки идораи мазкур пурра ба бунёди дарахту буттаҳои ороишӣ машғул бояд бошад. Лекин дар гармхонаҳои идораи мазкур ғайр аз 2 намуд гули маъмулӣ дигар чизе инкишофу нашъунамо намеёбад. Ба назар чунин менамояд, ки аксарияти корхонаву идораҳои ҳудуди шаҳри Бохтар бояд сараввал корро аз дохили идора беҳбуд бахшанд, вагарна аз номгузорӣ кардану ҷоеро банд кардан суде нест, ки нест.
Усулан барои парвариши ниҳолҳо ва гулҳои ороишии ҳамешасабз ин идора вазифадор гашта, он бояд намунаи хубе аз корхонаҳо бошад. Вақти шинонидани гулҳо ва буттаҳои ороишӣ дигар коргоҳҳо бояд аз ин идора маҳсулот харидорӣ намоянд. Лек ба ғайр аз 2 намуд растанӣ дигар чизеро ин ҷо вохӯрдан наметавон.
Ин ҳамагӣ чанд паҳлӯи камбуди шаҳри Бохтар буд, ки мо баёну таҳлил намудем. Ислоҳи камбудӣ ва онро бартараф кардан ҳам вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди кишвар асту низ аз ҳар масъул. Алалхусус, соҳибмансабоне, ки нав ба сари вазифа омадаанд. Зеро мардум дар симои онҳо нафарони ободгару бунёдкорро мебинад. Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
