ТАНДУРУСТӢ- ПЕШРАВИҲО ҲАСТАНД

Дар соли 2023, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 38 адад иншооти соҳаи тандурустӣ дар ҳудуди вилоят ба маблағи 114 млн 435 ҳазору 576 сомонӣ анҷом дода шудааст, –  иброз дошт Шайдулло Шарифзода, Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ.

Дар соҳаи тандурустии вилоят назар ба соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбиро метавон мисол овард, ки ба Шабакаи КАТС – и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон ба маблағи 2 млн 17 ҳазору 875 сомонӣ таҷҳизоти компютерӣ, мизи корӣ ва дигар номгӯйи таҷҳизоти кории дохилиидоравӣ ворид карда шудааст.

Айни замон 196 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дар хизмати мардум қарор дошта, 48 адади боқимонда корношоям, 40 адад таъмирталаб ва 27 – тои дигар дар соли гузашта аз таъмир бароварда шудаанд. Дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон воҳидҳои кории холии табибон зиёда аз 700 ададро ташкил медиҳад,

– Бо мақсади дастгирии кормандони соҳаи тиб дар соли 2023 аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо барои дастгирӣ дар Кӯшониён 2 га замин, Ҷ. Балхӣ барои – 6 нафар, Дӯстӣ – 5 нафар, Хуросон – 8 нафар, А. Ҷомӣ – 3 нафар, Норак – 1 нафар, Муъминобод – 7 нафар заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ҷудо шуданд. Ба ҳолати моҳи январи соли 2024 дар дар соҳаи тандурустии вилоят 4200 табиб ва 21527 корманди миёнаи тиб фаъолият доранд, – гуфт Ш. Шарифзода.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube