ОЛИМПИАДА Ё ДИЛШИКАСТАГӢ?

03.11.2023. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №72 – и ш. Душанбе аз фанни забон ва адабиёти рус олимпиада гузашт. Ҷиянчаам Нушофарин Баротова, хонандаи синфи 8 аз мактаби №28 низ иштирок карда, ғолиби ҷои 1 – ум гашт. Муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус Маҳина Шукурова Нушофаринро омода намуда, ба озмун пешниҳод карда буд. Ҳамаи ҳамсинфону муаллимон барои ишғоли ҷои аввал Нушофаринро табрик намуданд, вале диплому ифтихорномаро ҳанӯз ба дасташ насупурда буданд.

23.01.2024. Пас аз 2 моҳу 20 рӯз ба Нушофарин дипломи ҷои 2 – юмро доданд. Сабаб дар чист? Оё мумкин аст, хонандае, ки дар олимпиада ҷои аввалро ишғол кунад, пас аз 2 моҳ дипломи ҷои дуюм бигирад? Магар ин рафтори хунукназарона хонандаро рӯҳафтодаву дилшикаста намекунад? Магар 1 духтараки наврас эьтимодро аз даст намедиҳад?

Албатта, муҳим ишғоли ҷои яку дуву се нест, зеро иштирок худ аллакай муваффақият асту ифтихор, лек мехоҳам бидонам, ки чаро ин тавр шуд ва кӣ бояд барои ин ҷавоб бигӯяд? Вақте аз муаллимон сабаб пурсон шудем, посух доданд, ки гӯё натиҷаҳоро аз нав тафтиш кардаанд. Чаро баъди эълони расмӣ дубора натиҷаҳоро тафтиш мекунанд?

Ногуфта намонад, ки Нушофарин пас аз ишғоли ҷои аввал дар олимпиадаи байнимактабӣ ба даври ноҳиявӣ пешниҳод шуд, вале 100 афсӯс, ки бисёр рӯҳафтода гашта, аз иштирок даст кашид. Масъулон ҳамин тавр рӯҳияи наврасонро шикаста, хоҳиши онҳоро ба донишандӯзӣ сард мекунанд.

Бонуи Абдураҳим,

журналист,

ш. Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube