ХОВАЛИНГ: МАМНУЪГОҲРО ҲИФЗ БОЯДО!

Мамнуъгоҳи Ҳазрати Султон (Султон Увайси Қаранӣ) дар ҳудуди деҳаи Мазори Ҳазрати Султон воқеъ буда, яке аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳия ба ҳисоб меравад. Мамнуъгоҳ бо маблағи фонди захиравии Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, дар он дарвоза, Мақбараи Ҳазрати Султон, масҷид, биноҳои хурду бузург, катҳои нақшини аз чӯб сохта, меҳмонхона, ошхона, китобхона, таҳоратхона, чашмаҳои Мурод, Шифо, Раҳмат, Мағфират, Ганҷ ҷойгиранд, ки касро аз диданашон мафтун месозанд.

Мамнуъгоҳи Ҳазрати Султон тақрибан дар масофаи 20 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир мебошад. Тули чандин солҳост, ки роҳбарии ин мавзеи таърихиро яке аз шахсиятҳои фарҳангӣ ва шинохтаи ноҳия Муродалӣ Раҳмонов ба уҳда дорад. Муродалӣ Раҳмонов дар ободу зебо ва сабзу хуррам нигоҳ доштани мамнуъгоҳ саҳми калидӣ дошта, ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳар 1 мавзеъи ин макон тозаву озода бошаду, мақбули дили зойирин. Зимни суҳбат бо мо, директори мамнуъгоҳ Муродалӣ Раҳмонов иброз дошт, ки «айни ҳол дар мамнуъгоҳ 4 меҳмонхона, 8 адад катҳои хуштарҳу кандакоришуда, 12 адад катҳои оҳанин, ошхона, таҳоратхона ва 1 утоқи махсуси алоҳида барои шустани дегу табақ омода карда шудааст, ки ба сайёҳону зойирин хизмат мерасонанд».

Дар такия ба Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, аз роҳбарияти ноҳия эҳтиромона талаб дорем, ки барои эмин нигоҳ доштани ин мавзеи таърихӣ аз зарари ҳайвонҳои сарҳуй ва ваҳшӣ, ки пайваста гулу бутта ва дарахтони мамнуъгоҳро поймол менамоянд чораҳои зарурӣ андешанд. Яъне барои бартараф намудани ин камбудӣ қисматҳои кушодаи мамнуъгоҳро бо панҷараҳои оҳанин ё симтурҳо маҳкам намудан зарур аст. Рӯиҳамрафта, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ин мавзеи таърихиву сайёҳӣ дар назди худи мамнуъгоҳ сурат/ҳисоби махсус кушоянд, то тариқи маблағҳои ҷамъшуда, мутасаддиён тавонанд ин мавзеъро рушд дода, ба макони дилфиребу сайёҳӣ бадал созанд.

Қурбоналӣ Гулмуродов,

н. Ховалинг

Аз редаксия: Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Музаффар Мирзозода, раиси н.Ховалинг иброз дошт, айни замон бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз намудани ин ёдгории таърихӣ ҳуҷҷатгузории ҳудуди мамнуъгоҳ сурат гирифта, барои дар оянда ба фуруш нарафтани ин ё он қисмати мавзеъ масъалаи сертификаткунонии он оғоз шудааст. Сертификати замин, ки тасдиқ шуд, мамнуъгоҳ ҳатман панҷарабандӣ мегардад.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube