Зан буд, ки сарсабз замин асту замон аст,
Зан буду ҷавонию ҷаҳон пурҳаяҷон аст.
Зан чашмаи эҳё ба ҳама оламиён аст,
Зан ҳусни само, ҳусни замин, ҳусни ҷаҳон аст…
(Қурбон Маҷиддин)
Мисли Пиракова мешавам!
Хонандаи азиз, ҳоло мехоҳам аз кору зиндагии зани фидоии меҳнат апаи Мевагул Ғозиева бароятон ҳарф занам. Мавсуф ҳангоми дар синфи 8 – уми мактаби миёнаи №16 – и хоҷагии ба номи Карл Маркс (ҳоло Ҷамоати деҳоти Ғайрат)-и Фархор хонданаш рӯзномаеро пайдо мекунад, ки дар яке аз саҳифаҳояш аз «қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» шудани механизатори ноҳияи Восеъ – Гавҳарбӣ Пиракова хабар медод. Meвагул аз ин хабари хуш шод гардида, орзу мекунад, ки мисли Г. Пиракова механизатор шуда, унвони «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» – ро соҳиб гардад. Пагоҳии он рӯз 16 нафар духтарони мактабхон бо ариза ба назди котиби комитети комсомолии колхоз – А. Расулов даромада, аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки барояшон курси механизаторӣ кушоянд. Котиб хоҳиши духтарони мактабхонро боиси қабул дониста, курси мазкурро мекушояд. Пас аз хатми курс ва гирифтани шаҳодатномаи механизаторӣ Мевагули ҷавонро бо трактор таъмин мекунанд. Ӯ то соли 1970 дар хоҷагӣ кор карда, сипас ба Ҷамоати деҳоти ҳозираи «Гулшан» мегузарад.
“Киштии кабуд” ва 400 тонна пахта
Соли аввали кориаш дар заминҳои навкорами Уртабуз бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавад. Заминҳои ноҳамвори пур аз чуқурӣ барои ғунучини хосил ба мошини пахтачинии ӯ имкон намедиҳад, ки ҳарчӣ бештар ҳосил ғундорад. Шабу рӯз апаи Мевагул чароғҳои мошинашро фурӯзон карда, то субҳи содиқ кор мекард. Бинобар серкор буданаш, зуд – зуд мошини пахтачиниашро иваз мекард.
– Ифтихор аз, он дорам, ки аз байни занҳо аввалин шуда, паси чанбари трактор нишастам, – мегӯяд апаи Мевагул ва илова мекунад. – Он солҳо ин корро мардона гуфта, ба мо нобоварона менигаристанд. Модарам аз механизатории ман он қадар розӣ набуда, аз баҳри ин касб баро гуфта, сарзанишам мекард. Нағз медонистам, ки ин фикри ӯ нею фикри баъзе нотавонбинону бахилон аст. Аз ин рӯ, кушиш мекардам, ки ба модарам бо ҳар роҳе, ки набошад, фаҳмонам. Шабе сари дастархон ӯро ба оғӯш кашида гуфтам: «Модарҷон, ба гапи ҳар бедаҳон гӯш надеҳ. Ман обрӯи шуморо ҳеч вақт намерезонам. Ана, мебинед, ман обрӯманд мешаваму шумо аз ман ифтихорманд».
Бо гузашти солҳо ва баъди обрӯманд гардиданам ниҳоят модарам гуфт: «Духтарам, маро бубахш, нафаҳмида бисёр азобат додам». Хурсанд шудам, ки модар дар охир маро фаҳмиду модарвор дуоям дод. Шояд дуои неки модар буд, ки ман ба ин ҳама муваффақиятҳо ноил гардидам.
Апаи Мевагул бо «Киштии кабуд» – аш дар мавсими пахтачинӣ аз 260 то 400 тонна пахта ғундошта, ба хирмани хоҷагӣ мерехт. Ҳамеша дар озмуну мусобиқаҳои ғунучини мошини пахта дар ноҳияву вилоят чойҳои ифтихориро сазовор мегардид.
Роҳбарони совхоз кордонию ташкилотчигии апаи Мевагулро ба назар гирифта, ӯро сардори бригадаи комплексӣ таъин мекунанд. Ӯ, ки солҳои дароз ба замин сарукор дошту таҷрибаи бой ҳосил карда буд, корро аз рӯзи аввал хуб ба роҳ монда, дар муддати начандон дароз аз дигар бригадаҳои пахтакорӣ пеш гузашта, ҳосилнокиро аз ҳар гектар аз 35 ба 40 сентнерӣ мерасонад, ки ин муваффақияти хеле калон буд. Илова бар ин, ба мошини пахтачинӣ нишаста, худ пахта мечид.
Кӯракчинии Муҳаммад Ғоиб
Боре 1 гуруҳ донишҷуёни Институти омӯзгории шаҳри Кӯлоб барои ёрӣ додан ба бригадаи апаи Мевагул меоянд. Ӯ барои онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, бо шавқ, ба чидани пахта машғул мешаванд. Рӯзе Муҳаммад ном донишҷӯ аз апаи Мевагул хоҳиш мекунад, ки ӯро барои хурондани куракҳои пахта (ворух) вобаста кунад. Розӣ мешавад ва дере нагузашта қобилияту боғайратии ин ҷавонро дида, хурсанд мешавад. Бо гузашти солҳо мефаҳмад, ки ҳамон ҷавони боғайрати донишҷӯ, Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Рудакӣ Муҳаммад Ғоиб будааст ва он рӯзҳорро таърихию фаромӯшнашаванда ҳисоб мекунад.
Баҳои баланди бобои Миралӣ
Соли 1973 ба ноҳияамон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят гуруҳи санҷишӣ омада, аз рафту ҳолати заминҳои пахта дидан карда, муваффақияту камбудиҳоро ошкор сохта, баҳри бартараф кардани онҳо маслиҳатҳои муфид медоданд. Боре Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, устоди пахта бобои Миралӣ Маҳмадалиев ҳини санҷиш ба бригадаи апаи Мевагул меояду натиҷаи кору меҳнати ӯро дида, баҳои баланд медиҳад.
Қаҳрамонмодари мардумӣ
Апаи Мевагул соли 1972 ба сафи Партияи Коммунистӣ кабул ва вакили кишлоқи Ватан ва ҷумҳурӣ интихоб мегардад. Ӯ соли 1978 ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ, иштирокчии Съезди занони фаъоли Ҷумҳурӣ, 2 карат иштирокчии Съезди иттифоқи касаба дар шаҳри Москва мебошад. Хизматҳои ба нафъи ҷамъият кардаи апаи Мевагул бо орденҳои «100-солагии Ленин», «Нишони фахрӣ», «Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр», медали «Барои меҳнати шоён», «Лауреати мукофоти комсомоли Тоҷикистон, «Механизатори хизматнишондодаи хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон» (соли 1979) ва ифтихорномаҳои зиёд қадр карда шудааст.
Чунин қадрдонӣ, бешубҳа, касро руҳу илҳоми тозае мебахшад ва азмашро барои корномоиҳои нав ба нав дучанд месозад. Ба болои ташвишҳои ҳаёти оилаву саробонии фарзандон ҳеч гоҳ техникаашро вогузоштану суръати корашро суст кардан намехост.
– Бисёр хушбахтам, ки аз 88 механизаторзан бо 35 – тоаш кор кардам – бо ифтихор мегӯяд апаи Мевагул ва меафзояд: – Танҳо ба унвони «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» мушарраф нагардидаму халос.
Гарчанде ӯ унвони мазкурро нагирифта бошад ҳам, мардум ӯро қаҳрамон ба забон мегиранд ва ҳеч гоҳ фаромӯшаш намекунанд.
Апаи Мевагул соли 2000 ба нафақа мебароянд. Соли 2009 дар 5 гектар замин боғе бунёд мекунад. Илова бар ин, ба замин сарукор дошта, аз он маҳсулоти хубе ба даст оварда, рӯзгорашро пеш мебарад. Дар ин кор фарзандон ва ҳамсараш Абдулло Боронов ба ӯ ёрӣ мерасонанд. Апаи Мевагул аз замин дил канда наметавонад. Замин ва меҳнатро дӯст медорад, зеро ҳамин замину меҳнат уро миёни мардум обрӯманд гардонидааст. Соҳиби 14 фарзанд буда, ҳамеша онҳоро таъкид мекунад, ки ба ҳамдигар муносибати хуб кунанд. Фарзандонаш бошанд, бо ин «Қаҳрамонмодар» (соли 1980 онро соҳиб шудааст) ифтихор мекунанду доим дар хизматашон ҳозиранд.
100-сола шавед момои Мевагул. Мо Метавонем!!!
Нуралӣ Ҳақназар,
н. Фархор