УТИЛИЗАТСИЯ Ё НОБУДСОЗИИ АВТОМОБИЛҲО – АЗ 360 ТО 2880 СОМОНӢ

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2023 ва банди нави Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», аз 1 январи соли нав барои утилизатсия – нобудсозии воситаҳои нақлиёт «Пардохти ҳатмӣ» роҳандозӣ шуд. Андози нав ё тавре ронандагон мегӯянд пардохти ҳатмӣ барои утилизатсия – нобудсозии воситаҳои нақлиёт 2 ҳафта аст, ки ба мавзуи доғ табдил ёфта, соҳибон ва ронандагони автомобилҳоро нигарон кардааст. Ронандагон аз он норозианд, ки ҳамакнун бидуни талони пардохти пули нобудсозӣ дар БДА мошинҳоро ҳуҷҷатгузорӣ намекунанд.

Тавре ба мухбири СССР Саидмумин Ҳасанзода, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Раёсати БДА ВКД итиллоъ дод, пардохти нав вобаста ба навъи воситаи нақлиёт сурат мегирад.

   – Масалан, барои соҳибони мотосиклҳо аз 360 сомонӣ ё ин ки 5 нишондод, барои автомашинаҳои сабук ва воситаҳои нақлиёте, ки имкони кашондани то 10 нафар мусофирро доранд – 1584 сомонӣ ё ин ки 22 нишондиҳанда, барои автомашинаҳои боркаш, кранҳо ва мошинҳои гаронвазн 2880 сомонӣ ё ин ки 40 нишондиҳанда таъин шудааст. Ин маблағ дар тамомии муддати истифодаи воситаи нақлиёт 1 маротиба пардохт карда шуда, санади расмӣ низ пешниҳод мегардад ва ин таҷрибаи ҷаҳонӣ ва маъмул аст, – афзуд Саидмумин Ҳасанзода.

 

Мехоҳӣ, намехоҳӣ, 1 бор пардохт мекунӣ!

Коршиносон мегуянд, ки дар ин раванд таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Россия омӯхта шудааст. Аммо истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт – ронандагону кирокашон бар он ақидаанд, ки аз мошини корношоям, яъне ба утилизатсия дода шуда набояд андози иловагӣ ситонида шавад.

Муллошариф Азимзода, сокини ш.Душанбе мегӯяд, ки набояд чунин тасмим гирифта мешуд, зеро аз мошини нобудшуда андоз ситондан дуруст нест.

– Ман намефаҳмам, чи хел шумо мошини худатонро утилизатсия – нобуд мекунед? Утилизатсия ин маънои аз бойгонии БДА баровардани воситаи нақлиёт аст, вале бо пардохти ин андоз автомашинаро боз 20-30 соли дигар истифода бурдан мумкин мешавад?

Дилшоди Муҳаммад, сокини дигари пойтахт бар он ақидааст, ки утилизатсия замоне сурат мегирад, ки ба ивази он навъи ҳамсони нақлиёт аз коргоҳи тавлид ихтисос дода мешавад.

   –Ин ҳолат дар кишварҳое сурат мегирад, ки коргоҳи тавлиди мошин доранд. Мошини кӯҳнаро мегиранд, дар иваз навашро медиҳанд. Дар мо чӣ? Бе ин ҳам 90% мошинҳои ворид мешуда куҳнаанд, боз чиро бояд утилизатсия кард? – мепурсад мавсуф.

Коршиносон мегӯянд, “утилизатсия” раванди бебозгашти дар сурати фарсудагӣ (5, 10, 20, 30, 100 сол пас) маҳвсозии мошинҳост. Ин ҳолост, ки шаҳрвандони мо ҳатто мошинҳои пачақу маҷакро қисм-қисм (запчаст) карда мефурӯшанд. Вале агар бо ҳамин суръате, ки мошинҳо вориди бозор мегарданд, кор давом кунад, дар солҳои наздиктарин нобудсозии мошинҳо барои ронандагон мушкили №1 мешавад. Зимнан бо пардохти маблағи зикршуда, 1 бор, шумо дар оянда метавонед мошини фарсудаатонро дар ҷойҳои махсус гузоред ва онро ройгон нест мекунанд.

Хонандагони азиз! Шумо дар ин бора чӣ андеша доред? Ба мо нависед, мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

 

Р.Амин, СССР

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube