БАРОИ МУТОЛИАИ ТОҶИКОНЕ, КИ МУТМАИН ҲАСТАНД ҲАРОМӢ НЕСТАНД

Таърихи талху ибратбахши тоҷикони Хуросон (Афғонистон)

 БАР ҲАР ТОҶИК ФАРЗ АСТ, КИ ИН МАҚОЛАРО БИХОНАД

 Тоҷикҳо гурӯҳи таборе ҳастанд, ки аз назари рӯҳӣ шикастхурда ҳастанд ва дар ду ҳазор соли ахир натавонистаанд захми шикастҳои торихии сангин (ҳамлаи Искандар, ҳамлаи аъроби мусулмон, ҳамлаи туркони фарорудон, ҳамлаи Чингиз, ҳамлаи фарсоишии (харобиовар) паштунҳо аз ҷануб)-ро ки рӯҳияи буздилӣ, созиш ва худсензураро ба онҳо бахшидааст-ро дармон кунад.

Гӯё ин шикасти руҳӣ вориди гени тоҷикон шуда ва аз насле ба дигар интиқол ёфтааст. Ягона сабаби давоми тоҷикҳо ба унвони як гурӯҳи нажодӣ то ба имрӯзро бояд мадюни забони форсӣ донист, зеро забони форсӣ тоҷикҳоро нигоҳ доштааст, на онҳо форсиро. Тоҷикҳо бумитарин ва бузургтарин миллат дар Афғонистон ҳастанд, ки дар ҳоли заволи тадриҷианд, чунки сарзамини худро ба афғонҳо (паштунҳо) дода ва худ дар он муҳоҷир шудаанд.

Тоҷикҳо чун бофарҳанг, мутамаддин ва шоир ҳастанд, аз ҷангидан танаффур доранд, аз ин рӯ тарсу ва тарсончак гаштаанд. Тоҷикҳо мутахассиси созиш ва таслим ҳастанд. Барои инки таслими қудрати ҳоким бишаванд, ҳазорон фалсафа мебофанд.

Бо онки қишрҳои мухталифи сиёсии тоҷикҳо мисли ахвониҳо, коммунистҳо ва секулярҳо, ки душмани андешаи якдигар ҳастанд, вале дар рӯ ба рӯ шудан бо қудрати зӯргӯ шеваи бархурди таслимталабонаи яксон доранд.

Ҳама тарафҳои сиёсии тоҷикон мутафаккири фаромиллӣ доранд ва аз ҳамин гуна далелҳо истифода мекунанд. Барои сафед кардани тарсу ҳарос аз категорияҳои адолат, ислом, коммунизм, демократия ва ғайра истифода мебаранд. Худашон барои таҳкими қудрати душмани худ бистарсозӣ мекунанд, ки мавриди лутфи муҳоҷимон ва ғосибон қарор гиранд. Ба ҳадде дар ин авсофи худ иғроқ мекунанд, ки як мусалмони тоҷик ҳар гуна ҳақҷӯӣ ва ҳуввиятталабиро дар қолаби номи тоҷикӣ ҳаром медонад ва онро хилофи аҳкоми динии худ мепиндоранд. Ҳамин гуна як коммунисти тоҷик исм бурдан аз ҳувияти худро бар хилофи усулҳои коммунизм ва интернатсионализм медонад.

Аз секулярҳо ва демократҳои тоҷик напурсед, онҳо дар чунон фазои рушанфикрӣ сайр мекунанд, ки ҳар гуна ном бурдан аз вожаи тоҷик ва нисбати худашон ба онро касри шаън мепиндоранд. Ин хислатҳо дар зоҳир адолатхоҳона, вале дар ботин созишкорона ва тарсукорона фақат дар миёни тоҷикҳо хеле маъмуланд. Дар ҳоле, ки паштунҳо, узбакҳо ва ҳатто ҳазорҳо мустақиман ва ба содагӣ аз суроғаи этникии худ ба дифоъ мепардозанд ва онро на танҳо таассуб намеангоранд, балки хостаи барҳақ барои иҷрои адолат медонанд.

Ба гунаи намуна: Ҳикматёр, Сулаймон Лоиқ, Ғанӣ, Абдуалии мазорӣ, Саид Исҳоқи Нодирӣ, генерал Дустум, генерал Малик ва ғайра метавонанд худро паштун, ҳазора ва узбак биноманд ва ҳеҷ кас тааҷҷуб ҳам намекунад. Вале камтар тоҷикеро вомехӯред, ки дар байни мардум бигӯяд, ман тоҷик ҳастам. Ҳатто Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ҷасуртарин тоҷик буд, наметавонист возеҳ бигӯяд, ки тоҷик аст? Ӯ наметавонист бигӯяд, ки афғон нест. Тарсе тавам бо шарм дар вуҷуди тоҷикон ниҳодина шудааст.

Дар тӯли таърихи худ дар сарзамини худашон танҳо дар давраи Сафариён, Тоҳириён, Сомониён ва Ғӯриён қудратро дар даст доштанд, боқӣ ҳамеша шикаст хӯрдаанд ва таслим шудаанд.

Аз юнониҳо шикаст хӯрданд ва садсолаҳо зери фармони Искандари Мақдунӣ рафтанд ва ӯро муқаддас карданд, ки ҳатто ба ӯ дар таърихи худ дараҷаи нимапайғамбарӣ (Искандари Зулқарнайн) додаанд. Аз арабҳо шикаст хӯрданд, тамоми тамаддунашон нобуд шуд, созиш карданд ва дар нақши муовин, муншӣ, котиб ва муфтии фарҳанги бадавӣ арабро пешрафта сохтанд, ба кумаки эмомоне чун Абуҳанифа ва Бухорӣ ва Тирмизӣ ва ғайра дини бесару таҳ ва сар то по хурофотии арабро дини инсонӣ ва мантиқӣ сохтанд, қавонини араби бадавиро болои сари худ ба номи шариат татбиқ карданд, ҳатто исмҳои таърихии худро раҳо карданд ва болои атфоли худ номҳои арабӣ гузоштанд. Сарбозони мутаҷовизи арабро шаҳид шумурданд, барои сарбозони гумноми араби мутаҷовиз, ки ҳосил таҷовуз ва канизгирӣ буд, зиёратҳо ва масҷидҳо бино карданд ва худашон хору залил даст то зиндаанд тавбаи нусуҳ гиряву зорӣ мекунанд, аммо фарзандони худашонро, ки дар ҳифзи обу замини Ватан кушта шудаанд, ба номи куффор дар зиллату шармандагӣ ба дасти фаромӯшӣ супурдаанд.

Аз туркони Мовароуннаҳр шикаст хурданд ва қарнҳо зери салта рафтанд, донишмандоне чун Хоҷа Низом-Мулк дониш ва шеваи сиёсии худро дар хидмат ва бақои туркҳои Салҷуқӣ ба кор бастанд. Аз Чингиз шикаст хурданд ва боқимонда тамаддунашон тавассути Чингиз нобуд шуд ва боз ҳам аз сари созиш баромаданд, беҳтарин қозиҳо, арбобони давлатӣ ва ҳуқуқшиносон барои таҳкими қудрати Чингиз кӯшиданд (монанди қозӣ Шореҳи Ҳамадонӣ беҳтарин тавҷиҳгари аъмоли чингизиён дар Хуросони он замон буд) ва ғайра чаҳорсад сол тасаллути муғулонро боли худ пазируфтанд.

Ба паштунҳо дар сарзамини худ таслим шуданд, исми худро афғон гузоштанд ва баъзеҳояшон чунон ба афғон будани худ менозанд, ки паштунҳо тааҷҷуб мекунанд ва ҳайратзада мешаванд. Аксарият будани онҳоро бидуни нуфусшуморӣ қабул доранд. Қаҳрамонони хайёлии пуштунҳо Аҳмадхон Абдолӣ, Мирвайс Ҳутакӣ, Абдураҳмон, Малолай ва Нозуи Хаёлӣ, Амонулло, Наҷибулло, Мулло Умар ва Карзайро қаҳрамонони таърихии худ номида, ба номи онҳо тамоми ҷодаҳо, ноҳияҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо шаҳрҳои Кобул, мактабҳоро ва фурудгоҳҳоро номгузорӣ карданд, дар ҳоле, ки бузургони тафаккуру донишу ҳикмату фалсафаву тиб ва ҳунару шеър он ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ, вале аз табори худашон Мавлавӣ Ҷалолиддин, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Ибни Сино, Саноии Ғазнавӣ, Ҷомӣ, Закарёи Розӣ, Ал-Берунӣ, Беҳзоди Ҳиравӣ, Робиъаи Балхӣ, Носири Хисрав, Умари Хайём, Абумуслими Хуросонӣ, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Яъқуб Лайси Саффорӣ, Фирдавсӣ, Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳазорони дигар ба фаромӯшӣ супурда мешаванд. Дар тамоми шаҳри Кобул, ки ҷойгоҳи тоҷикон аст, ҳатто номи як ҷода ва хиёбонро ба номи фарҳехтагонашон нагузоштаанд. Тоҷикҳо паштунҳои саҳронишинро хонадони олирутбаи Муҳаммадзоӣ сохтанд ва онҳоро тоҷи сари худ намуданд. Паштунҳо боддорону сарваронашон шуданд, худашон муншию муовин ва хонасомониро қабул карданд.

Қабл аз конфронси Бонн дар соли 2001 ҷомеаи ҷаҳонӣ моил ба сохтани давлати фаромиллӣ ва қонунмеҳвар дар Афғонистон буданд. Бар хилофи таваққуъи ҳамагон дар он замон маршал Фаҳими тоҷиктабор ба раҳбарияти паштунҳо таъкид карда, соҳибихтиёрии паштунҳоро пазируфт. Тоҷикҳо ҳеҷ нақшае барои бақои худашон дар қолаби ҳувияти худ надоранд. Бузургони тоҷик ҳеҷ барнома ва хостае барои миллати воҳид шудан надоранд. Иддаи зиёде аз тоҷикҳо ҳамон барномаҳои афғонсозии паштунҳоро нухшор мекунанд. Агар иддаи ангуштшумори тоҷикҳо дар баробари барномаи ҳамгироии ҳувиятӣ ва афғонсозии паштунҳо эътироз мекунанд, аммо як гурӯҳи бузурги тоҷикон бар зидди онҳо истода, онҳоро ба таассуби қавмӣ ва бадбинӣ муттаҳам мекунанд, то ба миҷози паштунҳо хушоянд афтад.

Тоҷикҳо дар тӯли таърих мисоли як хонуми кадбону ва мутеъи қудрати дониш, шеър, адаб ва фарҳанги хешро дар пои ақвоми мутаҷовиз ба сарзаминҳои худ юнониҳо, арабҳо, муғулҳо, паштунҳо саховатмандона рехтанд ва ононро мадҳу сано гуфтанд ва барои сарварии худ баргузиданд.

Дар фарҷом бояд таассуф хурд ва ба ҳоли тоҷикҳое, ки аз ин авзоъи ногувор намеомӯзанд ва ҳанӯз ҳам афғонволӣ ва паштунволиро нашхор мекунанд ва худро тоҷик намегӯянд фақат нигаристу хандид!

 

Нимо,
шоири тоҷики Афғонистон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube