ПЁТРИ 1-И ФУТБОЛИ ТОҶИК…

Петри 1 аз чӣ шуруъ карда буд, дар давлатсозии Русия? Оре, аккурат, аз тарбият. Риши боярҳоро тарошид, касе нахост, пешаш кард! Барои Петри Кабир муҳим низом ва тарбият буд…

Петр Сегрт ҳам аз низом ва тарбият шуруъ кард. Факт? Ӯ Хусрав Тоирови 19 соларо, ки дар ҳайати Шахтёри Донетски Украина ва дар Лигаи Чемпионҳои Аврупо мебозад, ба даста даъват накард! Хусрав, 1 августи 2004 дар н. Данғара таваллуд шуда, дар дастаҳои Локомотив ва Динамои Душанбе бозида, ба КФ Атирауи Қазоқистон меравад. Ҳамагӣ пас аз 11 бозӣ ӯро скаутҳои Шахтёр, номдортарин дастаи футболи собиқ ҷумҳуриҳои СССР, харидорӣ мекунанд. Ҳарчанд нархномаашро маҳфуз медоранд, вале агентҳои футболӣ мегӯянд, Тоиров бар ивази 300.000 евро харидорӣ шудааст.

Хуб, пас чаро Хусрави умеди футболи Тоҷикро Петр Сегрт ба мунтахаб даъват накард? Зеро ӯ, тавре огаҳон мегӯянд, ба низом халал меовард, «бемори ситоравӣ» буд: ба тамринҳо саривақт ҳозир намешуд; ба меҳмонхона бо духтарон меомад; ҳамдастаҳоро писанд намекард ва муҳимтар аз ин ҳама… ба онҳо пас намедод… Ин иддаои собиқ мураббии мунтахаби мост.

Пётр барои алови чашми дигаронро гирифтан, ин бозингари воқеан ҳам хубу умедворкунандаро ба даста роҳ надод ва… Ва дар мунтахаб низом, якдигарфаҳмӣ, қадршиносӣ ва бозии даставӣ (командная игра) ҷорӣ гардид. Зимнан, агар қаҳрамоне дар дастаи мунтахаб меҷӯед, пас донед, ки он Пётри 1, сармураббии мост!!! Тренере, ки ба фарқ аз аксарияти кулли мураббиҳои дастаҳои лигаи олии ҶТ ҳатто Гимни кишварро медонад ва бо бачаҳояш месарояд!

Шиори таккондиҳанди Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бошад, маҳз Петри мо стадионӣ кард. «Тоҷикистон ба пеш!» ин шиор на танҳо дар майдонҳои Қатар садо медиҳад. Худ шоҳидам, ки Пётр Сегрт ба ҳар бозии Лигаи Олӣ, барои дидани бозингарони эҳтимолӣ, ки меомад, ҳатман варзишгоҳро мешӯронид ва маҷбур мекард, то бо ӯ дод зананд:

– Тоҷикистон ба пеш!!!

 

Эйнштейни футболи Тоҷик

Ӯро Эйнштейн низ мегӯянд, бино бар сабаби зиёд монанд будан ба ин олими ҷаҳонӣ ва космополит. Ва аммо дар интихоби тактика ва тарроҳии стратегия воқеан ҳам Эйнштейн аст. Зеро ЯГОН нафар интизор набуд, ки мунтахаби Тоҷикистон, ки бо ғиреву шикасту рехт… ба зӯр ба Ҷоми Осиё роҳ ёфт, сар аз бозии нахустин бар муқобили Чин, аз тактикаи ҳуҷум кор мегирад. Хитоиҳо ҳатто 45 дақиқаи аввал моту ҳайрон буданд, ки бо Тоҷикистон бозӣ доранд ё бо Фаронса?

Дар бозии навбатӣ бо чемпиони феълии Осиё ва мизбони Ҷом, дастаи Қатар, фикр кардем, Тоҷикистон аз усули озмудашудаи «дифоъ бо ҳуҷуми барқосо» кор мегирад. Вале мунтахаби мо сирф бозии ҳуҷумкор ва…аврупоӣ нишон дод! Қатариҳо гаранг шуданд ва агар Афиф голи баъди қоидашиканӣ намезаду довари кӯр ин моҷароро медид, гумон аст, аъроб зафар меёфтанд. Гузашта аз ин Ҳамадонӣ Камолов-дастпарвари футболи Испанияро, довар корти сурх доду комиссариати бозиҳо аз 3 бозӣ маҳрум намуд. Ва ҳамааш бо 1 сабаб:

– Тоҷикистон, нашнохтатарин кишвар дар олами футбол, набояд аз гурӯҳ барояд!

Ва аммо Эйнштейни мо ин моҷарои ногаҳониро низ пешбинӣ карда будааст. Ҷои Ҳамадонӣ Шаҳром Самиев баромад ва беҳтар аз Камолов бозӣ карду батар на. Лозим ба зикр аст, ки даъвати Нуриддин Ҳамроқулов, ҳамлавари дастае, ки бо тантана аз Лигаи Олӣ афтидааст, барои алоқамандони футбол ҳайронкунанда буд. Вале Эйнштейн гӯиё дар хоб дида буд, ки голи ғалабоварро ба Лубнон маҳз ӯ ва бо чунин усули зебо мезанад. Белиссимо, Эйнштейн!

 

«Фартовый»-бобарор

Ин лақаби дигари Сегрт миёни мухлисон аст. Зеро бо сари кор омаданаш, мунтахаби мо пешрав гардид. Мусовӣ бо қавитарин мунтахаби қораи Осиё ва Океания-Австралия ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми Қатар-2023 шуданамон низ аз ҳамин барорҳои Сегрт аст. Барои нахустин бор ба чемпионати Осиё роҳхат ёфтан; барои нахустин бор аз гурӯҳ баромадан; барои нахустин бор дар 1\8 финал иштирок кардан; барои нахустин бор дар 1\8 финал пирӯз гаштан; барои нахустин бор ба 1\4 финали Ҷоми Осиё баромадан…Барои нахустин бор…лаҳзаҳои гуворо давом доранд! Агар ин фарт-барор нест, пас чист?

Ба Тоҷикистон то ҳамин соате, ки ин матлабро менависам, касе бовар надошт. Касе мунтахаби моро ба ҷидд намегирифт. Хитой, Лубнон, Қатар вақте фаҳмиданд дар 1 гурӯҳ бо мо афтодаанд, аз шодӣ хобашон ҳаром шуд. Зеро ҳар яке 3 имтиёзи муфтро дар ҷайби дастаашон ҳис мекард. Вале мунтахаби мо тамоман бозии дигар нишон дод. Шахсан маро бовари бачаҳо писанд уфтод, ки капитани дастаамон Аҳтам Назаров мегуфт:

– Мо соҳиби Ҷоми Осиё мешавем! Мо чунин имконро дорем!!!

 

Дидори тақдирсоз

Вале агар дар бораи 1 воқеаи дигар нагӯем, чизе нагуфта бошем. Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар ва дидори тэт а тэт бо футболистон воқеан ҳам таккондиҳанда шуд. Он чизе, ки мо дар сабтҳо дидем, хубу сара буд. Вале мутаассуф, дастандаркорони расонаҳои расмӣ беҳтарин кадрҳоро нишон надоданд. Ин ҳам бошад, суҳбати хеле дӯстона, падарона ва ҳатто мухлисонаи Президенти кишвар бо якояки футболбозон. Фарзи мисол, вақте бо Ятимов шӯхӣ кардаву гуфтанд, «қадат дувуним метр будааст-ку?!» ва ё кадре, ки ҷое нашр нашуд, сарвари давлат Ҳамадонӣ Камоловро пеш хонда, насиҳат намуданд: «ҷавонӣ кардӣ, тезӣ кардӣ, корти сурх гирифтӣ…». Маҳз ана ҳамин ҳангом ҳама мунтахаб дарк кард, ки тамомии Тоҷикистон бо шумули Раҳбари давлат онҳоро тамошо мекунад, мебинад, ғам мехӯрад, шодӣ мекунад… Чунин эпизодҳо, шахсият, давлат, команда, мунтахаб месозанд. Аҳсану офарин ба Президентамон, ки дастаро таккон дод!

 

11 тани умедбахш

Футбол кори дастаҷамъист. 11 нафар 1 бозӣ мекунад ва гар аз ин силсила 1 тан коҳил омад, вой бар тамомии тим. Зимнан намешавад, Ятимов, Ҷалилов, Ҳанонов ё…дигареро махсус таъкиду тавсиф кард. Бинед, 1 хатои нимкораи Муҳаммадҷон Раҳимов дар канори чапи майдон ба ҷарима ва гол овард, дар дақиқаи 90+5… Ҳамагӣ 2 дақиқа то тантанаи пирӯзӣ монда буд ва ин ҳангом миллион мухлис Алишер Ҷалиловро танқид мекард, ки аз 4 вазъияти хеле хуб, 1 гол назад. Ва фаромӯш кардем, ки Алишер то вақте дар майдон буд, арабҳо аз тарс ба пеш намедавиданд. Алишер Шукуров бошад, хеле хатоҳо содир кард, вале голи пирӯзиро маҳз ӯ зад! Шахсан ман фикр мекунам, ки бар ҳамаи даста бояд каф куфт. Ҳатто ба онҳое, ки то ҳанӯз ба майдон набаромадаанд, вале руҳи даста, ғурур, ҷасорат ва духи мунтахабро эман нигоҳ медоранд. Биоед, бори дигар ба дружинаи Пётри 1, реформатори мунтахаби миллӣ, ки дар Осиёи Миёна на, дар Эрони ҳамфарҳанг низ неъ, дар қораи Осиё ҳам не, ки дар тамомии олами футбол шаби 28.01.2024 фурор ва ҳангома ба бор овардааст, назар дӯзему ба якоякашон аҳсанту офарин бифиристем. Омодаед? Пас, ррраааффтееммм:

№№1. Ятимов Рустам,

  1. Сафаров Манучеҳр
  2. Ҳанонов Ваҳдат
  3. Ҷӯрабоев Зоир
  4. Назаров Аҳтам (капитан)
  5. Мабатшоев Шервонӣ
  6. Шукуров Алишер
  7. Умарбоев Парвизҷон
  8. Панҷшанбе Эҳсон
  9. Ҷалилов Алишер
  10. Самиев Шаҳром
  11. Баротов Далер
  12. Ҳасанов Муҳриддин
  13. Имомназаров Далер
  14. Табрези Давлатмир
  15. Турсунов Комрон
  16. Хайлоев Руслан
  17. Алиҷони Айнӣ
  18. Сафаров Вайсиддин
  19. Соиров Рустам
  20. Раҳимов Муҳаммадҷон
  21. Қурбонов Содиқҷон
  22. Ҳамроқулов Нуриддин
  23. Ҳамадонӣ Камолов (корти сурх)

Мураббии даста, шоҳаншоҳи футболи муосир, Сегрт Пётри Кабир

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube