ДАР ЯК САТР

19.01.2024. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30% кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ихтисор карда мешаванд. Барои ин кор 10 рӯз муҳлат дода шуд.

-Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ш.Кӯлоб, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ш. Бохтар ва н.Кӯшониён, сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД аз вазифа озод карда шуданд.

-Прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо, Сардори гурӯҳи фаврии раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии КДАМ аз вазифа озод карда шуданд.

   -Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ ва Сардорони чанд раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар аз мақом озод шуданд.

    Гуфта мешавад, ки сабаби ин барканорӣ – сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот ва интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳост.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube