Бо Қарори раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода номи Муассисаи давлатии Клуби футболи “Хатлон”–и шаҳри Бохтар ба исми гӯшнавози “Вахш” тағйир дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаласаи солонаи гузашта, Рустами Эмомалӣ-президенти ФФТ низ аз номи даста эрод гирифта буд, ки чаро «Вахш» ба «Хатлон» тағйири ном кардааст?
Бояд қайд кард, ки 6 сол қабл – соли 2018 зимни ислоҳоти шакли даста аз “Ташкилоти ҷамъиятӣ” ба “Муассисаи давлатӣ” номи даста низ аз “Вахш” ба “Хатлон” иваз шуда буд.
Даста соли 60-уми асри гузашта таъсис ёфта, бо номи “ВАХШ” дастоварду шуҳрати зиёд дорад:
– Финалисти Ҷоми Президенти АФК;
– 3 маротиба Чемпиони Тоҷикистон (1997, 2005, 2009);
– Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон (2004);
– 4 маротиба барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон (1992, 2006, 2007, 2010);
– 2 маротиба барандаи Ҷоми Тоҷикистон (1996/97, 2003);
– 2 маротиба финалисти Ҷоми Тоҷикистон (2002, 2005);
– Финалисти Суперҷоми Тоҷикистон (2010);
– Ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Рустам Долтабоев (2010)
Дастовардҳои даста зери номи “Хатлон”:
– Финалисти Ҷоми Тоҷикистон (2020)
– Финалисти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (2021)
– Ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (2022)
Бо иваз гардидани номи даста, рамзу нишони он ҳам тағйир дода шуд.
Д. Ибодуллозода,
ш. Бохтар
Аз редаксия: Бояд гуфт, ки дар бораи тағйири ном кардани дастаи футболи «Хатлон» ба номи қаблии «Вахш» бархе аз хонандагони газетаи мардумӣ низ чандин маротиба навиштаву пешниҳод карда буданд. Мо шодем, ки билохира ин хоҳишу пешниҳоди алоқамандони риштаи варзиш, хосса мухлисони футбол дар вилояти Хатлон ҷомаи амал пӯшид ва «Вахш»-и шуҳратёр ба Хатлон баргашт!
