ҲИСОР: БУНЁДИ МАКТАБИ НАВИ МУСИҚӢ

Бо ибтикори раиси ш.Ҳисор Қосим Роҳбар дар гӯшаи боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳраки Ҳисор, ки утоқҳои фарсудаи синфхонаҳои рассомӣ ҷойгир шуда буд, ба сохтмони бинои нави мактаби санъат оғози расмӣ бахшида шуд. Иншооти мазкур ҷашнӣ маҳсуб ёфта, туҳфаи арзандаест ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки Мактаби бачагонаи санъати ба номи Саид Ҳамроев дар ш.Ҳисор соли 1949 таъсис ёфта, чандин сол аст, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Муассиса дар тавозуни бахши фарҳанги шаҳр буда, айни ҳол дар он 10 маҳфил амал менамояд. 34 нафар устодони соҳа ба шогирдон асосҳои назариявию амалии санъати мусиқиро дар созҳои миллии ғижжак, дойра, рубобҳои қашқарӣ, прима ва бадахшонӣ, дутор ва ғайраҳо таълим медиҳанд.

Тибқи лоиҳа бинои нави муассиса, аз 3 ошёна иборат шуда, дар он 16 синфхона ва толори маҷлисгоҳ ҷойгир мешавад. Мактаби нави санъат ба кӯдакону наврасон имконият медиҳад дар синфҳои дилхоҳашон навохтани фортепиано, скрипка, асбобҳои халқӣ ва касбии нафасӣ, торӣ ва овозхонию санъати тасвириро аз худ карда, дар маҳфилҳои хореографӣ ва драмавӣ ҳунару истеъдоди худро сайқал диҳанд.

М.Амин,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube