АСАЛ НЕ, ҚАНД ХӮРЕД!!!

Чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти «Калинин»-и н.Ҷалолиддин Балхӣ корхонаи истеҳсоли қанди сафед ба кор оғоз кард. Инро барои чи пеш аз ҳама ба газетаи СССР хабар медиҳам? Зеро дар яке аз шумораҳои гузашта дар ин ҳафтавор масъалаи кишти лаблабуи қанд ва бунёди корхонаи истеҳсоли шакар дар мамлакат бардошта шуда буд. Соҳибкорони мо мунтазири ин амалҳо нашуда, худ азм карда, 1 корхонаи коркарди қанди сафедро бунёд карданд.

Бояд гуфт, ки ин корхона бо ибтикори соҳибкори ҷавон Рустам Мӯсоев дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти «Калинин» бунёд гардидааст. Рустамҷон таҷҳизоти қандбарориро аз Ҷумҳурии Туркия овард, ки ба воситаи он дар 1 шабонарӯз то 10 тонна қанди сафед истеҳсол мегардад. Қанди сафеди истеҳсоли ноҳияи моро аллакай дар бозору мағозаҳои вилояти Хатлон харидан мумкин аст.

Ана, бе вазиру сағиру кабир ҳам мешудааст, ку?!

Мубораки Қадам,

н. Ҷ. Балхӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube