ЧАРО ТВ ТАМОШОБОБ НЕСТ!?

Инсоният ҳар соату ҳар лаҳза аз ҳаводиси дохилию хориҷӣ тариқи телевизион ва радио бархурдор мешавад. Ҳамчунин бояд донист ва дарк намуд, ки телевизион ин муаррифгари вазъи иҷтимоиву фарҳангии ҳаёти ҳаррӯзаи мост, ки тариқи он тамоми халқиятҳо моро мебинанду мешиносанд. Хушбахтона имрӯз бо дастгирии Ҳукумати кишвар шумораи шабакаҳои телевизионӣ ба 9 адад расидааст ва агар нисбат ба давраи ИҶШС (СССР) муқоиса кунем, ин хело хуб аст. Ногуфта намонад, ки шабакаҳои телевизионии кишвар имрӯз барномаҳоро тариқи формати HD ба намоиш медиҳанд, ки хело равшан ва зебост. Аммо бовуҷуди пешравиҳо боз камбудиҳо низ дида мешавад, ки сари он бояд андеша карду роҳи ҳалли онро бояд ёфт.

Аксарият воқифанд, ки шабакаҳои телевизиони Ҷумҳурии Ӯзбекистон хело зиёд буда, тамошобинони бисёр доранду рейтинги баланд. Зеро барномаҳоро хуб омода мпекунанд. Пас чаро мутахассисони соҳаи телевизиони мо барои пешравии касбияти худ тақлид ба ҳамсоя накунанд? Тақлид ҳам хуб аст, агар эҷодкорона бошад!-мегуфт акабемик Соҳиб Табаров.

Инро бояд гӯему донем, ки ҳатто кӯдакони мо шайдои каналҳои ӯзбекӣ ҳастанд. Зеро мо 1 назар ба шабакаҳои телевизионии “ZOR – TV”, “Sevimli “, “ MY  5”, “Milliy”-и ҳамсоякишвар кунем, басо барномаҳои зиёди иҷтимоиву фарҳангии ба шавқу завқи дили мардум омодакарда мегузоранд, ки ҳатто сокинони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон низ мафтуни тамошои онҳоянд.

Аз ин ҳарфи ман наранҷед, зеро дӯстона ва табарвор мегӯям. Мутаассуф, ТВ-ҳои мо барномаи диданӣ надоранд! Куҷост он барномаҳои фарҳангӣ, ки бояд дар рӯзи Соли Нав гузошта мешуданд? Куҷост он филме амсоли “ Дар орзуи падар”, ки 15 -20 сол пеш муаррифгарӣ телевизиони мо буд? Охир бояд мо ҳамқадами замона бошему каме барномаҳои шавқовару рӯзмараро низ ба намоиш гузорем. То ба кай рекламаҳои зиёди калу шалу песу кӯру карро тамошо мекунем? Имрӯз 1 блогер ё рӯзноманигори ютубӣ ҳазорҳо мухлис дораду дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯҳрат пайдо кардааст! Наход телевизиони мо барномаҳои беҳтаринро омода ва пешкаши мардум карда натавонад?

Эҳром Раҷабов

ш. Истаравшан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube