ДАР ЯК САТР

 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тасмими боло бурдани нархи тарофаҳои мобилиро аз сӯи ширкатҳои мобилии кишвар ғайримақсаднок хонда, аз тамоми операторони мобилӣ даъват кард, ки нархро набардоранд: Брависсимо, Бек Сабур!!!

Тоҷикистон ба аҳолии аз сел осебдидаи Қазоқистон кумаки башардӯстона – 3,5 ҳазор тонна маводи ғизоӣ, сару либос, лавозимоти тиббӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар колои заруриро, тавассути 61 қатора ва 13 автомашина равон кард.

 Ҷумҳурии Туркия пас аз ҷорӣ намудани низоми раводид гуфт, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории бесарнишини Байрақтараш 1,5 млн доллар медиҳад.

 Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар 20 рӯз дар тамоми кишвар 62 %  иҷро шуд.

  Дар вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан, Челябинск, Калуга, Тюмен, Амур, Қрим ва Приамуреи ФР қодиаҳои корӣ барои муҳоҷирон сангинтар шуд – муҳоҷирон минбаъд наметавонанд ба кори дилхоҳи худ машғул шаванд.

22.04.2024. Собиқ сарвазири Англия, Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон, дар доираи силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ, нахуст ба Тоҷикистон ташриф овард.

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube