САТРПАРАСТОН

Мушоҳидаҳои шахсӣ бозгӯи онанд, ки сари ҳар қадам бо турфа одамоне вомехӯрем, ки аз бегонапарастии онҳо танҳо зарарашон ба миллату давлат мерасаду бас. Ин бегонапарастии баъзе ашхос то ҳадде миёни омма баргу появу реша давондааст, ки дигаронро ҳам ба ин амалашон водор намудан мехоҳанд.

 

Сатр яъне чӣ?

Барои мисол мегирем, бонувони сатрпӯше, ки сари ҳар қадам бо онон вомехӯрему аз андешаву афкори ботинашон огаҳ нестем. Онҳо худ сатрро барои чи мепӯшанду бо кадом мақсад, шояд аксаран сарфаҳм нараванд. Аммо ҳамин таассубкорӣ бар ҳамдигар миллатеро ба ин дом (чоҳ) меафканад. Чаро дидаю дониста ба фарҳанги ғайр рӯй меорем? Ва чаро бегонапараст шудаем?

Дуруст аст, ки дар ислом зани муъмина бояд барои худро аз чашми номаҳрамон нигаҳ доштан сатру ҳиҷоб ба бар намояд. Аммо ин ба ном сатрпӯшонони муъминаи мо сатрро ончунон истифода мебаранд, ки пагоҳӣ ба бар менамоянду нисфирузӣ неъ. Аз ин гуна пӯшидани он чи манфиат бошад???

Боз барои возеҳтар дарк кардани вазъ, жарфтар хоҳам гуфт: имрӯз дар ҳамаи корхонаву муассисаҳои давлатӣ пӯшидану ба бар кардани сатру ҳиҷоб манъ аст. Аммо кормандон чӣ кор мекунанд? То расидан ба коргоҳ онро ба бар менамоянду дохил, ки даромаданд, онро аз сар мегиранд. Ин чӣ гуна пӯшиш бошад???

Ба мактаббачаҳои муассисаҳои таълимӣ ҳам чунин мӯд реша давондааст. Духтарон то мактаб расидан сатр доранду аз дарвозаи мактаб онро чун талаботи муассисавӣ аз сар бадар мекунанд.

 

Фарҳанги бегонапӯшӣ

Дар ҳоле, ки мо тоҷикон фарҳанги либоспӯшии худро тули садсолаҳо ҳифз кардаем, чаро ба таблиғи фарҳанги пӯшокаи хориҷӣ сар мекунем? Агар аз кӯдак то пир пурсӣ, ки чаро чунин сатри арабӣ, на исломӣ, мепушӣ, посух якест:

– Фалонӣ чунин сатру ҳиҷоби навбаромад ба бар карду ман ҳам бояд ба ӯ монанд бошам ва ё аз он болотару хубтарашро пӯшам…     Модарони тоҷик аз қадим бо либоси махсус, рӯймолҳои ғиҷимдорашон (як навъи руймоли тоҷикӣ) ин қадар зебою пероста буданд, ки дар ҳама ҳолат аз он истифода мебурданд. На барои намоиши қади кӯчаю бозор. Дар ҳама ҷо 1 либоси миллӣ мепӯшиданд. Ин мунодӣ ё худ мӯди зани Тоҷик буд, ки дар Маскав ҳам мепӯшиду Вашингтон низ ва медидиву мегуфтӣ, валлоҳ тоҷик аст!

Муҳимтар аз ҳама, либоси миллии тоҷикӣ қадду баст, миёну, маъзарат, пасу пеши бонуи тоҷикро таблиғ намекард. Ҳоло чӣ?

 

Сатри «фигурный» ва, а ля ҷӯгӣ

Бонувону духтарони бегонапарасти мо имрӯз сатрро ончунон тангу таранг ба бар мекунанд, ки бахшиш, вале тамоми узвҳо дар намоиш гузошта мешаванд. 1 сабаби ингуна пӯшиши либоси бонувони мо шояд ҳамин тамошои филмҳои туркиву эронӣ бошад?

Аз сӯи дигар, наранҷед бонувон, вале бархеи шуморо аз ҷӯгӣ фарқ карда наметавон. Сатр гуфта, либоси лӯлигӣ мепӯшанд. Ва агар каҷкули гадоӣ гиранд, ҳама ҷӯгӣ гуфта, ба турбаашон чизе мепартоянд.

Куҷо шуд либоси чакани пур аз гулу атласу адраси рангобаранги тоҷикӣ, ки рамзи ид, фараҳ, шодӣ, баҳор, шукуфоӣ буд? Ҳама харҷи ба ном сатри арабии сиёҳу кабуд гардид…

 

Мубаллиғонро бояд ҷазо дод!!!

Иддае аз бонувон чунин андешаи хомро дар ақлҳои авомуннос гардиш медиҳанд, ки гӯё зани бе сатрро саволу ҷавобаш дар қиёмат бештар аст. Ва ана ҳамин андешаҳои бархе аз бонувони ҳангомаҷӯ, ки усулан мубаллиғони салафияву ваҳҳобия мебошанд, ба дигарон таъсир расонда, дар зери оташи деги нофаҳмиҳо ҳезум мегузорад.

Ин дар ҳолест, ки Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадашон таъкидан иброз медоранд, ки мо набояд урфу одати худро пешипо занему ба бегонапарастӣ руй биёрем. Бегонапарастӣ миллатро ба нестӣ мебарад!!! Зеро бадхоҳон, агар миллатеву давлатеро аз байн бурданӣ шаванд, аввал забону баъдан фарҳангу сипас худи давлатро аз миён мебаранд.

Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат бештар ба насли ҷавони кишвар ироа мегардад, ки оянда соҳибони давлати мустақили мо ҳастанд.

Бояд дар навбати аввал таблиғгарони ҳамин идеяи хоми сатру пӯшиши арабӣ бозёфт, кашф ва муҷозот шаванд! Даҳони инҳоро бандем, мушкил ҳаллу фасл мешавад.

 

Чаро онҳо неву мо???

Ман низ бар насли ҷавон гуфтание дорам. Боре андеша кардаед, ки чаро мо либосу одати онҳоро истифода мекунему онҳо аз моро неъ?  Кадом хориҷиеро дидаед, ки дар рӯзгори ҳаррӯзааш аз атласу адрас ва чакану докаву гардӣ ва гулбастии тоҷикӣ истифода кунад? На дидаед ва на дар хоби шабатон мебинед!

Ба худатон савол диҳед, модоме, 1 араби бадавӣ, 1 паштуни бефарҳанг, 1 турки аз маданияти ориёии тоҷикӣ 6000 сол ақибмонда,

1 ҷузъи фарҳанги либосаи моро дар рӯзгораш корбаст намекунад, пас чаро мо бояд либоси онҳоро пӯшему ташвиқу таблиғ кунем?

Тасаввур кунед, арабе либоси атласу чакан пӯшад, чӣ қадар ӯро хоҳанд хандид?! Пас чаро мо худро хандахариши мардуми олам мекунем?

 

Мардони фарҳангбезор

Ин гуфтаҳо на танҳо ба бонувон дахл дораду маломат сари онҳост.  Мардон ҳам ба оҳистагӣ сӯи дигар фарҳангҳо равонаанд. Шими тангу куртаҳои бо навиштаҷоти англо-итолиёӣ, нигоштаҳои барангезандаи ҷавонони сармаст ҳам рахна ба либоси миллист. Набояд фаромӯш кард, ки мардони тоҷик тули таърих дар баробари занон соҳиби либоси худ буданд. Вале имрӯз бидуни намоишномаву чорабиниҳои театрикунонидашуда дар тани кадом ҷавон либоси мардонаи миллӣ дидае(м)д?

Боз ҳам рӯ орем ба ҳамин арабҳо, ки аслан маданияти либоспӯшӣ надоранду куртаву ҷелаки дароз мепӯшанду бо ифтихори беш аз пиндор рӯмолҳои бобоиро бо дархости таърихи фарҳангияшон болои сар мепартоянду бо 1 шлангча маҳкам мекунанд. Қанд зананд! Мо бошем чӣ?

Зану мард думболаи мӯди қавмҳои степнишин, биёбонгард, шутурбону бутпарастон шуда, фикр дорем, мусулмонӣ дар либоси инҳост, на дар қалбҳои мо…

То кай ин ҳолу аҳвол давом меёфта бошад? То кай дар хориҷа пайи орзуҳои барбодрафтаи гузаштагону бузургон қадам мезанему теша бар решаи миллат?

Вақти он расидааст, ки масъулони дахлдор – вакилони парлумон рӯзу моҳу ҳафтаи либосҳои миллиро қонунӣ ва ба хотири тарғиби ҳарчи бештари урфу анъанаҳои миллати қадимаи худ, роҳандозӣ намоянду сари ояндаи либоси миллӣ жарфтар андеша кунанд. Инро ҳамчун 1 музофотӣ мегӯям:

-Пагоҳ аллакай дер мешавад. Агар аллакай дер накарда бошеДДД!!!

Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР

ш. Бохтар,

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube