НОМПАРАСТОН

(Ё ин ки чаро Июн, Июл, Август… неву Зулҳиҷҷа, Зулқаъда…ва ҳатман Сафармо…?)

15.04.2024. Соат ба вақти СССР 15:47 дақиқа. Бо Идибеки веросторамон шӯхиомез гуфтам:

– Дар фалон ноҳия нафаре, ки номаш Январ аст, писарашро Март ва набераашро Апрел ном гузоштааст…

1 соат ба ҳоли он бефарҳанг хандид. Сидқан хандид…

Вале чун гуфтамаш:

– Бобои Сафар писарашро Рамазону набераашро Шаъбон ном гузоштааст…

Табрикашон кард…

Эй мардум. Савганд ба номи Худо чизе «против» арабу аъробу маданияту фарҳанги ин қавм надорам. Маро танҳо содагиву бехирадиву камандешиву бефикрии тому хоми ҳаммилатон азият медиҳад. О, шуморо гуфтам, номи духтаратонро Роҳила намонед, ки маънии Хар, Маркабрро дорад гиребонамро гирифтед. Имрӯз Рамазону Сафару Шаъбон, Зулқаъдаву Зулҳиҷҷаву Сафармову Сафарбӣ, Муҳарраму Раҷаб… чаро ном мегузоред, фарзандонро?

О, ақаллан фикр кунед, ки моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ИСЛОМ ягон дахлу рабте надоранд! Зеро ин моҳҳо ва ин солшуморӣ то ислом ҳам буданд!!! Танҳо баъди ҳиҷрати Пайғамбари ислом (с.), ки ҷонам фидояш, сар аз 16 июли соли 622 мусалмонон ин рӯзро оғози солшумории арабии ҳамакнун исломигардида, қабул карданду бас.

Солшумории қамарӣ (баъдан ҳиҷрӣ), ҳанӯз 1000 сол пеш аз милод дар қораи Араб пайдо шудаву маҳз дар аввали асри 5, яъне ҳудудан 200 сол пеш аз Ислом тамомии давлатҳои арабӣ ба ин тақвим гузаштаанд. Ин таърихчаест, ки ҳама медонад ва онро ман набофтаам. Зимнан дар ягон маъхаз, ягон амр, ягон ваҳй наомадааст, ки 1 тоҷики мусалмон дар асри 21 фарзандашро то Раҷабу Сафар, Зулқаъдаву Зулҳиҷҷа, Муҳарраму Шаъбон… ном нагузорад, биҳишт намеравад.

  Фарзи мисол, Муҳаррам маънои «манъ, мамнуъ» дораду Сафар- «зард», Раҷаб бошад «тарс». Яъне мешавад фарзандро Зардаки Тарсончаки Манъшуда ном гузошт?

Ё ин ки Шаъбон ба маънии «парокандашавӣ» (разойтись) меояду Зулқаъда-«Шин, дар як ҷо нишастан» (сидеть)-ро мефаҳмонад. Ва арабе номи моро шунавад ҳайрон мемонад, зеро дар тарҷума ингуна садо медиҳад (боз ҳам барои мисол):

– Ҷоятба Шин, Пароканда!!!

Ва акнун бинед, ки ба русӣ онро таҷума мекунанд, ки;

– Вот её зовут Сидеть – Разойтись…

Гузоред, бало ба пасатон, арабӣ мегузоред, ҳиндӣ, русӣ, анлгисӣ… номи фарзандонатонро, вале ақаллан Луғат, Словарь, Фарҳангро варақ занед охир?! Зеро, дуруст аст, ки ин бачаи шумост, вале дар ҷамъ ин фарзандон Миллати Маро низ таъсис медиҳанд ва хоҳед-нахоҳед мо, ворастагони ин халқ, аз ин Миллат ва имиҷу обрӯву нуфузу нуфуси Тоҷик ҳамеша пуштигир боқӣ мемонем.

Зеро Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube