ДОҒИ СУДӢ – ПРОБЛЕМАИ №1 БАРОИ ШАҲРВАНДОН

Доғи судӣ ва доштани он солҳои ахир ба проблемаи №1-и шаҳрвандон мубаддал гаштааст. Агар 10 сол қабл ба доштану надоштани доғи судӣ таваҷҷуҳ зиёд намекарданд, ҳоло бошад зимни ба кор қабул намудан, сар аз Дастгоҳи иҷроияву вазорату кумита ва ҳатто то ронандаву фаррош дар одитарин идора аз шаҳрвандон маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ талаб мекунанд. Алалхусус, ин амал пас аз одамрабоӣ ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини якуми Раиси Раёсати «Ориёнбонк» ҷиддитар гашта, ҳар 6 моҳ 1 маротиба аз тамомии кормандони сохторҳои давлатӣ ва қудратӣ талаб менамоянд, ки дар бораи доштану надоштани доғи судӣ маълумотнома пешниҳод намоянд. Гӯиё дар ним сол одам метавонад ҷиноят содир кунаду «шинад»-у «барояд». Абсурд, аммо факт! Яъне тибқи ҳамон масали маъруфи Тоҷикӣ, «ҷои салла калла овардан» шуруъ шудааст.

Кор то ҷоест, ки ҳатто кӯдакон барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаву коллеҷҳо БОЯД справкаи Доғи Судӣ оранд. Аҷаб, агар кӯдаке доғи судӣ дошта бошад, пас ӯ бояд дигар нахонад? Таҳсил накунад? Кор накунад? Пас роҳаш куҷо ҳамвор мешавад? Оре, аккурат ба гурӯҳу ҳизбҳои тундраву экстремистиву террористӣ. Сари ин муаммо кӣ меандешад, номаълум…

Дар бораи ба пролемаи №1 мубаддал гаштани доғи судӣ хонандагони газетаи мардумӣ ҳам борҳо навиштаву ба Ҳукумату Парлумони мамлакат якчанд пешниҳод ҳам карда буданд. Мо тасмим гирифтем дар ин шумора дар бораи доғи судӣ, мафҳуми он, бекорсозӣ ва шарту шурути он матлабе омода намоем. Бо мо бош, хонанда, ки Мо метавонем!

 

Доғи судӣ чист?

Доғи судӣ — ҳолати махсуси ҳуқуқии шахсӣ аз тарафи суд барои содир намудани ҷиноят гунаҳгор донисташуда ва ба ҷазо маҳкумшуда мебошад, ки дар моддаи 84 Кодекси Ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудааст.

Шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудааст, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ то рӯзи барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судӣ маҳкумшуда дониста мешавад.

Доғи судӣ мутобиқи Кодекси Ҷиноятии ҶТ дар ҳолати ретсидив ва ҳангоми таъйини ҷазо ба назар гирифта мешавад (қ. 1 м. 84 КҶ ҶТ). Шахсе, ки аз ҷазо озод карда шудааст, доғи судӣ надорад (қ. 2 м. 84 КҶ ҶТ).

 

Доғи судӣ дар кадом муҳлат барҳам дода мешавад?

Доғи судӣ дар муҳлатҳои зерин барҳам дода мешавад:

– нисбат ба ашхоси шартан маҳкумшуда баъди тамом шудани муҳлати санҷиш;

– нисбат ба ашхосе, ки аз маҳдуд кардани озодӣ дида ба ҷазои сабуктар маҳкум шудаанд, бо гузаштани 1 сол пас аз тамом шудани муҳлати таъйиншудаи ҷазо;

– нисбат ба ашхосе, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бо гузаштани 3 сол пас аз адои ҷазо;

– нисбат ба ашхосе, ки барои ҷиноятҳои вазнин бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бо гузаштани 5 сол пас аз адои ҷазо (қ.З м. 84 КҶ ҶТ).

Агар суд муқаррар намояд, ки маҳкумшуда ислоҳ шудааст ва барои доғи судӣ доштани ӯ зарурат нест, суд метавонад баъди гузаштани 8 сол пас аз адои ҷазо доғи судии шахси барои ҷинояти махсусан вазнин бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшударо бардорад (қ. 4 м. 84 КҶ ҶТ).

Агар шахс мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пеш аз муҳлат аз ҷазо озод шуда ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда бошад, муҳлати барҳам додани доғи судӣ аз лаҳзаи аз адои ҷазои асосӣ ва иловагӣ озод карда шуданаш ҳисоб карда мешавад (қ. 5 м. 84 КҶ ҶТ).

 

Доғи судӣ кай идома меёбад?

Агар шахс то тамом шудани мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ ҷинояти нав содир кунад, ҷараёни муҳлати барҳам додани доғи судӣ қатъ мегардад. Мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти аввал пас аз адои воқеии ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) барои ҷинояти охирин аз нав ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат то тамом шудани муҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти нисбатан вазнинтар шахс дорои доғи судӣ барои 2 ҷиноят ҳисоб карда мешавад (қ. 6 м. 84 КҶ ҶТ).

Агар маҳкумшуда пас аз адои ҷазо рафтори бенуқсон нишон диҳад, суд дар асоси илтимосномаи ӯ метавонад доғи судиашро то тамом шудани муҳлати барҳамдиҳии доғи судӣ, вале баъди гузаштани нисфи ин муҳлат бекор кунад (қ.7 м. 84 КҶ ҶТ). Барҳам додан ё бардоштани доғи судӣ тамоми оқибатҳои марбут ба доғи судиро беэътибор мегардонад (қ.8 м. 84 КҶ ҶТ).

 

Бардоштани доғи судӣ – танҳо ба воситаи суд

Бардоштани доғи судӣ — лағв кардани айбдоркунӣ, ки бо он ҷазо таъйин карда шудааст, баъд аз адои ҷазо ва ё дар муҳлате, ки тибқи қонун муқаррар шудааст, дар мавриди бардоштани доғи судӣ, шахс доғи судӣ надошта ҳисобида мешавад. Бардоштани доғи судӣ оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад.

Шахс доғи судӣ надошта ҳисоб мешавад, агар:

а) дар сурати қабули санадҳои авф ё бахшиши ҷазо, агар дар ин санадҳо бардоштани доғи судӣ пешбинӣ шуда бошад – аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин санадҳо;

б) дар сурати қабули санади авф, ба шарте, ки он барои кирдори содиркардашуда татбиқ намудани ҷазоро бекор кунад ва ин ҳолат дар рафти мурофиаи судӣ ошкор шавад – аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ;

в) дар сурати қабул намудани кодекси нави ҷиноятӣ, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад – аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин кодекс;

г) дар сурати аз ҷазо озод кардани ноболиғон мувофиқи кодекс – аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи аз ҷазо озод кардани ноболиғ;

д) дар сурати иҷро накардани ҳукми айбдоркунӣ – аз рӯзи гузаштани муҳлатҳои иҷрои ҳукми айбдоркунӣ.

 

Маълумотнома чанд пул аст?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамомии итиллоот дар бораи доштану надоштани доғи судии шаҳрвандон дар Сармаркази иттилоотӣ – таҳлилии ВКД ҶТ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Дар сурати лозима шаҳрвандон метавонанд аз ин марказ маълумотнома бигиранд.

Нархномаи хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.07.2022 тасдиқ карда шуда, аз 1 августи соли 2022 мавриди амал қарор дода шудааст.

Номгӯи хизматрасонӣ Маблағ (бо сомонӣ)
Барои шаҳрвандон
1      – дар давоми 10 рӯзи корӣ 30,00
– дар давоми 3 рӯзи корӣ 50,00
Барои муассисаву ташкилотҳо
2      – дар давоми 10 рӯзи корӣ 55,00
– дар давоми 3 рӯзи корӣ 70,00

Бояд гуфт, иштирокчиёни ҶБВ, бартарафсозии оқибатҳои садамаи НБА ”Чернобил”, ҷанговарони” Интернатсионалист”, нафақахӯрон, аъзои оилаҳои камбизоат, маъюбон, кормандон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағи хизматрасонии мазкур озод мебошанд.

Пардохти хизматрасонии мазкур барои шаҳрвандони ноболиғ 50% аз маблағи муайянгардида муқаррар карда мешавад.

 

Доғ барои 1 умр?

Мутаассуф, чанд соли ахир 1 раванди дигаре, хосса дар идораву ниҳодҳои давлатӣ мӯд шудааст ва ин ҳам бошад аз кор рондану ба кор қабул накардани ашхосе, ки худ ва ё наздиконашон доғи судӣ доранд. Баъзан барои доштани доғи судӣ, ки шояд 20-30 сол пеш барои ҷинояти хурде амсоли авбошӣ ё қаллобӣ, ки ҷазояш ҷарима пешбинӣ шудааст ва ё танҳо баёноте дода шудааст, мутахассисони хубу кордонро бо таҷрибаи ҳирфаӣ аз кор меронанд. Ё ҷавононеро, ки донишу савод ва ташнаи коранд, барои хусуру хушдоман, ки шояд замони ҷавонӣ бо навиштани баёноте дар парвандаи ҷиноӣ шоҳидӣ додаанд ё ба ҳайси гумонбар гузаштаанд, ба кор қабул намекунанд. Чунин мисолҳо хеле зиёданд ва тавре шудааст, ки ҳар касе ё худ, ё волидайн, ё хусуру хушдоманаш… доғи судӣ дорад, дигар узви комилҳуқуқи ҷомеа нест, ки ин албатта нодуруст аст.

Ҳафтаи оянда нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва идораҳо оғоз мешаванд ва бо пайгирии ин мавзуъ аз ВКД, Вазорати адлия ва Агентии хизмати давлатӣ ҳатман хоҳем пурсид, ки доштани доғи судӣ то кадом андоза ба ояндаи кадри ҳирфаӣ дар ин ё он ниҳод таъсиргузор аст? Гӯшбақимор бошед, ки Мо метавонем!

 

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube