ҚУТАЙБАПАРАСТОН…

21.01.2024. Соат ба вақти Душанбе 07:31 дақиқа. Дӯсти бисёр фарҳангӣ ва зиёд тоҷикпарастам, Ғаффор Сафаров, раиси бахши фарҳангии “Рӯдакӣ” дар Ҳолланд, ки бо ҳам собиқаи дӯстию ҳамсинфию ҳамхизмативу ҳатто ҳамсабақӣ дар УДТ ба номи В.И.Ленин дорем, 1 навор ё худ ба забони имрӯза “Видео Reel” ба ман фиристод. Дар ин навори кӯчак ҳамагӣ чанд ҳарф сари Қутайба ибни Муслим (669715)  мерафт. Гуфта мешуд:

– Вақте Қутайба Хоразмро фатҳ намуд (соли 712), фармон дод, ки 4000 олиму фозилро дар майдони марказӣ гирд оварданд ва сари ҳамаашонро аз тан ҷудо кард. Сипас амр кард, минбаъд ҳар нафаре бо тоҷикии форсии дарӣ сухан мекунад, забонашро бибуранд ва дар дасташ гузоранд. Мардум, ки арабӣ намедонист, аз тарси шамшери Қутайба хомӯш мегашт ва қутайбиён ҷадди моро аҳли АҶАМ, яъне гунг унвон карданд…

Даҳшати пирӯз? Оре. Факт дар дастамон. Бо ин далел метавон имрӯз куллияи кишварҳои арабро ба Суди Гаага дод, мисле, ки Африқои Ҷанубӣ, аввали соли нави 2024 Исроилро барои наслкушӣ ба ин додгоҳ кашидааст. Вале маро вокуниши шадидуллаҳани аҳли фарҳангу аҳли илм, гурӯҳе аз дӯстони ворастаам, ки аз Қутайба пуштибонӣ кардаву мегуфтанд, “ин туҳмат аст!”, маҷбур намуд, ки ин сутурро нависам. Мо Метавонем!

Хонандаи некназар, худ саре зан ба таърих, дур нарав, GOOGLE даро ва исми «Кутейба ибн Муслим»-ро барчин, ки чӣ меёбӣ? Фарзи мисол ин инфо ун ҷо дар гардиш аст:

“Войска Кутейбы в 708 году захватили Кеш, в 709 году – Бухару, в 712 году – Хорезм и Самарканд, в 713 году – Чач (Ташкент). В 714 году его войска освоили Ферганскую долину…».

Ва ин қотили падару модари ману туро, мо худамон чун қаҳрамон ва фотеҳ ва кишваркушой муаррифӣ кардаем. Қаҳрамонҳои миллати худро, ки бо лашкари ғаддору қаттоли араб панҷа нарм кардаву Ватану Миллаташонро ҳифз мекарданд, билкулл кофир хондаем! Оромгоҳи Қутайба ибни Муслим – қотили Хоразму Самарқанду Бухорову Чочро дар водии Фарғона, пас аз оне, ки болшевикон онро ба замин ҳамвор карданд, имрӯз дубора эҳё кардем. Намегӯям, намебояд мекардем, вале мепурсам, ки чаро 1 гӯри қаҳрамони миллиро наву оромгоҳи 1 ғосибро бунёд намудем?

Хотиррас мешавам, аҳолии Фарғонаву Андиҷон аксаран Тоҷиконанд!!! Ва ана ҳамин тоҷик аст, ки бегонапарастӣ мекунад вагарна дар қаламрави Ӯзбекистону Туркманистону Қирғизу Қазоқистон Шумо бо микроскоп гардед ҳам, 1 оромгоҳи арабро дарнамеёбед. Ва ин дар ҳолест, ки дар худи қораи Араб кайҳо бар ун қаҳрамонҳои ғосиб пушт гардондаанду на мақбараашон мондаасту на гӯрашон…

«Ин ҳам гӯр-ба!», гуфти Ортиқи Қодири нозанин. Чаро мо дар бораи шикасти лашкари ҷаррору қаттоли араб бо сарварии Асад ибни Абдуллоҳ дар соли 725 дар Кӯлоби бостонӣ ҳарфе намезанем???

Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия.
Овор боз омадия,
Ҳашан низор омадия!!!

Танҳо ана ҳамин 4 мисраъ шеъри ҳиҷоӣ, ки халқи ситамдидаи Самарқанди нозанину Бухорои ангубин роҷеъ ба ин моҷаро гуфтаанд, дар таърихи мо боқӣ мондаасту бас. 1 таърихнигоре нест, ин ҷангро, ки ба шикасти араби ғосиб оварда буду кӯлобиҳои нозанини ғурурманд ишонро маҷбур карданд, ки аз забону каллабурии Тоҷикони Мовароуннаҳр худдорӣ кунанду аз мо тарсанд, таҳқиқоте накардааст. Фарзи мисол, кӣ, ким, кто медонад, ки лашкаркаши кӯлобиҳо дар ун ҷанг кӣ буд? Ҳич кас! Номи 1 қаҳрамони он ҷанги хунинро чӣ? Намедонем! Зеро бегонапарстем.

Баракс, чанде пеш 1 фарҳангии кӯлобие (таъкидан ҷойи зисташро мегӯям!) мегуфт, ин шеърро хондан куфр аст, зеро кӯлобиҳои бобоямон аҳли ҷаҳл буданду Асади мусалмонро шикаст доданд. Ба ӯ гуфтам, ба ту ҳам мегӯям, хонанда:

– Агар шахсан ман дар ҳамон даврон мебудам, ин араби ғосибро сар мебуридам ва то степҳои Ҳиҷоз пешандоз мекардам! Зеро ман исломро қабул дорам, на арабро, динро бармегузинам, на ғуломии арабро, ман Тоҷики мусалмонам, на мусалмони арабзада…

Дар ҷамъ, Тоҷик ягона миллатест, ки бар ғосиби худ арҷ мегузорад:

– Александрро Искандар ва пайғамбар кардем. Ҳатто Ҷомиву Низомӣ барин андешмардони бузурги миллиямон ба ин Алекси нимбараҳна достон навиштанд. Достони ҷавонмардӣ! Аз миёни миллион шоиру ҳазорон клоссик танҳо 1 нафар буду ҳасту монд, ки таърихи ҷавонмардии Миллати моро суруд:

– Ҳазрати Фирдавсӣ…

Носиру Низомиву Ҷомиву Камолу Ҳофизу Саъдиву Мавлавиям (т)он ҳама мадҳиясарои араб будему ҳастем. Ва ҳамин ҳоло низ, ки ин сутур мехонӣ, хонанда (оре маҳз туе, ки фикр дорӣ, наход СМ маро дар назар дошта бошад?), ба савганди «Ту дониву Худо!», магар гиребон гирифта, андеша надорӣ, ки муаллиф куфр менависад?

Александр-пайғамбари Худо, Қутайба- шамшери Худо, Асад-мунодии Худо, Чингиз-ғазаби Худо, Темури Ланг-соҳибқирони Худо. Ин ҳама образҳои сари вайроншудаи миллати мостанду бас. Мо ҳатто то имрӯз русҳоро қариб баробар ба Худо медонем! Дуруст аст, ки онҳо ба мо ин республикаро тақдим кардаанд, вале аз барои Худо, мо чӣ қадар Тоҷики сарбадорро барои ҳифзи ин давлат аз даст додем, магар баршумурдаем?

Шукри Худо, имрӯз дар раъси Давлатамон Эмомалӣ Раҳмони нозанин асту чанде аз ишонро қаҳрамон кардаву мо низ маҷбурем ишонро гоҳ-гаҳе (махсусан дар аттестатсияҳо!) ёд кунем. Вале тибқи ҳамон савганди «Ту дониву Худо», хонанда, магар ту, оре, маҳз, именно, аккурат ана ҳамин туе, ки ин сатрро мехонӣ, боре сари гӯри Айниву Бобоҷону Турсунзода рафтаӣ? Гӯри Шириншоҳу Н. Махсумро-ку ягон нафармон намедонем куҷост. 3 тани аввал дар ҳамин Душанбе мадфунанд. Албатта нарафтаӣ, ё ин ки сахт миллӣ бошӣ, шояд 1 бор дар умрат, рафта бошӣ. Вале ба «зиёрат»-и оромгоҳи ифтихорӣ, яъне гӯри набудаи Султон Увайси Қаранӣ дар Ховалингу Бурхи Валӣ дар Тавилдараву оромгоҳи набудаи мавлавию суфиҳои араб чанд бор рафтаву чанд гову гӯсфанд куштаӣ? Ин суол ба вазирону раисон низ дахл дорад. Мардед, мардона посух гӯед, мо нашр мекунем. Мо метавонем!

Боз ҳам намегӯям, наравед. Равед! Вале қаҳрамон-бобоҳои худро низ фаромӯш накунед. Гарав мебандам, ки ағлаби вазирони мо сари гӯри Турсунзодаву Айниву Бобоҷон Ғафуров нарафтаанд! Агар рафтаанд, пас далел пеш оранд. Мо факт дорем. Дар зодрӯзашон чанд бор рафтаву касеро надидаем… Ва ин дар ҳолест, ки ин абармардон асосгузорони Давлати имрӯзаи моянд, ки дар моҳи октябри соли 2027 100-сола мешавад, пас чӣ расад ба мардуме, ки қаҳрамонӣ кардаву то инқилоби Ленин зистаанд? Ку номбар мекунем ишонро? 1, 2, 3… Восеъ. Нафаре, ки русҳо қаҳрамонаш карданду Сотим Улуғзодаро маҷбур сохтанд, роман нависаду Тоҳир Собири беҳамто филм гирадаш. Хайррр, боз кӣ???

 Вақте ман романи таърихии «Эшон-Бала»-ро навиштам, тули 35 сол аз забони мардум, аз фолклор, аз халқ далел ҷустам. Зеро дар ягон сарчашмаи таърихӣ на ба хубӣ ва на ба бадӣ номаш набуд. Ҳол он ки ин нафар, яъне Эшони бала (Ғиёсиддин бини Шоҳ Ҳусайн), харитаи ҷуғрофии Тоҷикистони имрӯзаро дар соли 1920 кашидаву Ҷумҳурии халқӣ-демократии Балҷувонро эълон карда буд (ба номи миллатҳо республика эълон карданҳо идеяи сирф Сталин аст). Гӯри Эшон-Баларо, ки соли 1937 кушта шудааст, низ касе намедонад. Зеро маҳфузаш кардаанд. Вале гӯри садҳо ғосибамонро медонем.

Ҳамин ҷо 1 қиссаи ширини талхтар аз заҳри 1 дӯсти фарҳангӣ ёдам омад. Дар солҳои шуравӣ, масчоҳиёни нозанин ба 1 дараи ноҳияи Айнӣ ба зиёрати гӯри 1 араби «кишваркушой ва авлиё» мераванд. Нафаре нақл кард, то ғоре, ки он ҷо араб хоб аст, расидан, пуштаяке вуҷуд дорад, ки онро гӯри Кофараки Мастчоҳӣ мегуфтаанд. Хуллас, ҳар нафаре ба зиёрати ин араб меравад, бояд сароғоз ба гӯри ин Кофарак, ки гӯиё ун авлиёро ҳамин кас кушта бошад, санг занад. «Мо-гуфт он дӯсти фарҳангӣ-ба гӯри Кофарак санг задему гузаштем, ки 1 деҳқони бесаводи масчоҳӣ (ҳамин тавр гуфт), ба ин гӯр санг назад ва ба маломатҳои мо посух дод, ки «Кофир ҳам бошад, бобоям аст!»…

Ман фикр мекунам, ана ҳамин «деҳқони бесаводи Тоҷик» миллион карат аз мо-фарҳангиёни фозили бегонапараст мусалмонтар асту пеши Худое, ки шахсан мешиносам, мартабаву мавқеъ дорад, ки мо дошта бошем.

Боқӣ ба саломат бош, хонандаи ин сутур ва бовар кун, аз хондани ин сутур на кофир шудӣ на мусалмон, на дӯзах рафтиву на биҳишт. Ва медонӣ, чаро? Аввал ин, ки ун коре дигар аст ва ана баъдаҳу. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube