3 МУШКИЛИ 1 ХОНАНДА

Солҳост, ки бо сабабҳои номаълум дар баъзе мактабҳо, хосса деҳот системаи гармидиҳанда – котелниҳо валангор гардида, дар ҷояшон баъзе ашхоси пулдор манзилҳои шахсӣ бунёд кардаанд. Ин аст, ки дар баъзе мактабҳо хонандагон ба ҷойи дафтару китоб барои дар ҳолати гармӣ нигоҳ доштани синфхонаи худ губкаҳои хушкшуда ва ё тапак мебаранд. Касеро аз масъулин парвои ин вазъ нест.

Маълум, ки падару модар новобаста дар кадом ҳолати иқтисодӣ қарор доштан, баҳри он мекӯшанд, ки фарзанд накӯному донишманд ба воя расад. Аз ин хотир, фарзандони худро ба муассисаҳои таълимии ноҳиявӣ ва ё шаҳрӣ мефиристанд. Аммо ҷойи таассуф дар он аст, ки чиптачиёни маршруткаҳои мусофирбар нисбати онҳо беэътиноӣ карда, баробари мусофироне, ки аз саристгоҳ то истгоҳи охирин равонанд, роҳпулиро бо дағалӣ меситонанд. Чаро ин масъала то ба ҳол ҳалли пурраи худро наёфтааст?

Чаро китобҳои дарсие, ки охири сол ҳар яке аз хонандагон ба китобхонаҳои таълимгоҳҳои худ месупоранд, баробари оғози мавсими нави таҳсил боз дубора ба хонандагони синфҳои дигар ба иҷора дода мешаванд? Иҷораи 1 китоби дарсӣ чанд сомонӣ аст ва харҷаш пас аз чанд сол бароварда мешавад?

Исломиддин Гардиев,

узви ИЖТ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube