фАЙЗИ ВАТАН…

25.10.2024. сОАТ БА ВАқТИ дУШАНБЕ 16:01 ДАқИқА. Саъдии Маҳдӣ журналисти саршинос, директори Академияи ВАО занг задаву гуфт, чанд шоҳбайти устод Файзалӣ Ҳасановро барояш равон кунам. Ба суоли «тинҷист?», бо шӯру шавқе, ки зотан дорад, устоди журналистикаи Тоҷик гуфт:

– Паҳ, а, бача хабар надорӣ? Ӯро ба номзадии профессори Консерваторияи миллӣ пешбарӣ карданиянд. Мехоҳам матлабе дар борааш нависам…

Ростӣ, инро намедонистам, вале фикр кардам, чаро ман неву Саъдӣ менавиштааст? Боз дар мавриде, ки дар ҳамин шабу рӯз шояд устод Файзалӣ Ҳасанови нозанин ва ягонаро касе чун ман надонад. Зеро тули 10 сол шуд, ки бо устод дӯстии қавӣ ва рафоқати наздик дорем. Менависам! Ва низ рубрикаи нави «Ифтихори Тоҷик»-ро таъсис додаву силсиламатлаб дар бораи чеҳраҳои саршиноси илму фарҳангу санъати дипломатия ва сиёсат хоҳам нигошт. Мо метавонем!

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад гулдаста гардад!!!

Усулан унвони профессор БОЯД кайҳо ба Файзалӣ Ҳасанов дода мешуд. Зеро хеле ангуштшуморанд афроде мисли устод, ки аз худ мактаби бузурге боқӣ гузоранд. Ва боз дар мавриде, ки Файзалӣ Ҳасанов бархоста аз мактаби Одина Ҳошимов асту онро густардаву васеъ карда, мактаби нави «Шаҳдсароӣ» таъсис додааст.

Шаҳдсароӣ, яъне беҳтарину бузургтарин дубайтиҳои шуарои клоссикро ба оҳанг гунҷонидаву ба мардум пешкаш месозад. Тавре худаш мехонад, воқеан ҳам азиз, камчин, ягона ва ангуштшумор аст дар ин шабу рӯзҳои каҷдорумарезу фарҳангситезиву санъатгурезиҳо:

Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,

Лаънат ба он диёр, ки доно азиз шуд!!!

  • ҳарф, 1 вожа, 1 калима, 1 маънӣ абёти сароидаи ӯро дигар мекунанд. Ва ба ҳадде, ки ақли миёнамукаррар бар дарки ин маънӣ ҳаргиз намерасад. Дар ҳамин байт «азизи №1» ва «азизи №2» фарқ дорад:
  1. баландмартаба, олиқадр; муҳтарам, сазовори ҳурмат, киромӣ, арҷманд.
  2. камёб; нодир, ноёб. Азизи Миср, тахаллуси ҳазрати Юсуф низ аз ҳамин ҷост. Ва инро Файзалӣ Ҳасан нек медонад, ки боз месарояд:

Дилбари моро агар оранд дар бозори Миср,

Чашми Юсуф баҳри савдояш тарозу мешавад!!!

Яъне бо ҳама зебоӣ, ки Худо насибаи пайғамбараш Юсуф карда буд, ёри Файзалӣ Ҳасан ба ҳадде зебост, ки чашми Азизи Миср тарозуе мешавад, ки дар он дурру гавҳари ақд ё нархи ӯро метавон баркашид.

Вақте Файзалӣ Ҳасан роҷеъ ба ҷамоли ёр мехонад, ҳамеша аз образҳои бузург ва каснадид кор мегирад. Месарояд:

Ту паричеҳра чунонӣ, ки ба ҳангоми видоъ,

Рашкам ояд, ки туро ман ба …Худо биспорам!!!

Ман ҳам медонам варианти дигари байт ҳаст, ки:

Ишқи ман бо ту чунон аст, ки ҳангоми видоъ,

Рашкам ояд, ки туро ман ба Худо биспорам!

Аммо ба таҳқиқ варианти ёфтаву баргузидаву сароидаи Файзалӣ Ҳасан хубтараку дилчасптарак аст.

Муҳимтарин нукоти мактаби Шаҳдсароӣ ин аст, ки усулан дар доираи Фалаки Даштӣ ва Фалаки Роғӣ суруда мешаванд. Яъне устод ҳини барчидану пешкаши мухлисин кардани шоҳбайтҳо аз доираи талаботи мусиқаи суннатии миллӣ-Фалак, ки бо талоши Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳунармандони аршаде чун Давлатманди Холу Файзалӣ Ҳасан бар курсии шинохташудаи мероси моддиву фарҳангии Тоҷик дар сандуқи фарҳанги СММ-ЮНЕСКО такя задааст, берун намеравад. Ва ин Шаҳдсароӣ хушбахтона аз сӯи Файзалӣ Ҳасанов адворбандӣ низ шудаанд. Намунаи шоҳкориҳояш дар маҷмуаи “Шукрона” (“Аржанг”, 2010), китоби нотаҳои 50 суруду тарона, “Меҳри Ватан” (“Аржанг”, 2011), «40 оҳангу суруд дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон» нотабандӣ шуда, ба хазинаи тиллоии санъати мусиқаи миллӣ ворид гаштаанд, ки ҳалолаш бод!

Хок бо ман гуфт: аввал пок шав,

Баъд аз он наздам биову хок шав!!!

Устод Файзалӣ Ҳасанов дар тули умри фарҳангии хеш, ки 65-солро дар бар мегирад (аз синни 13 – солагӣ ба санъати бузург кашида шуд), беш аз 200 оҳанг бастааст! Ва чӣ оҳангҳое!!! Ҳар оҳанги офаридаи Файзалӣ Ҳасан 1 падидаи нав, 1 шуълаи афрохтаи ҷадид, 1 гоми муассир дар санъати муосири миллист. Ин аст, ки дар ҷодаи хеш устоди воқеист. Худаш месарояд:

Саги устодро сайдаш ҳалол аст,

Зи ҷоҳил куштани ҳайвон убол аст!

Ва ё:

Агар душман ба по афтад, ба таъзимаш машав мағрур,

Ки хам-хам рафтани сайёд баҳри қасди мурғон аст.

Ва ин байтро тақвият мебахшад:

Душмани дӯстнаморо натавон зуд шинохт,
Шохаро мурғ чӣ донад, ки қафас мегардад!

Каҷдормумарезҳои замонаро устод ба ҳар шунавандааш муаррифӣ мекунад:

Хатар бисёр дорад дар камин ҳамвории душман,
Зи саг ғофил машав зинҳор, чун хомӯш мегардад!

Ба забони авом ва масали имрӯза, саги хафгир хап, ки кард, эҳтиёт бош!!!

Бедил дар ин ситамгоҳ, аз дасти ноумедӣ,

Бисёр гиря кардем, акнун биё, бихандем!!!

Роҷеъ ба дилсапедии устод Файзалӣ Ҳасанов, ки мисли шоири номовари клоссики мо Мавлоно Абдураҳмони Мушфиқӣ (1525, Бухоро — 1588, Бухоро), машҳур ба Мулло Мушфиқӣ, қаҳрамони латоифи халқӣ шудаву аллакай дар қалби миллат маскан ёфтааст, бояд алоҳид гуфту шунуфту хандиду гузашт.

Латоифи барзиёде дар бораи устод ҳаст, ки ба таъбире агар нисф “аникдот” бошанд, пас бахши аъзам, ба таъбири газетаи СССР “Аниқ…дот”-анд, яъне латоифи воқеӣ. Зеро устод худ хеле малеҳгуфтору ширинсуҳбатанд, ки боре бо ишон нишастӣ, умре фаромӯш нахоҳӣ кард. Бо истифода аз фурсат, анде аз ин нақлу қиссаҳоро ин ҷо мекорем (аз хотироти Умари Шерхон), ки аз зиракии ирфонӣ ва бардошти педагогии Файзалӣ Ҳасанов гувоҳанд: чизе, ки барои 1 профессор ҳатмист. Мо Метавонем!

 

«Таъзия»

Рӯзе Файзалӣ Ҳасанро мегӯянд, ки модари муаллимаи русе даргузаштаст. Устод, ки ру­сиро хуб намедонист, мепурсад, ки бо русӣ таъзияро чигуна расонад? Муаллимае мегӯяд, бояд дасташро фишуриву би­гӯӣ: «Соболезную…».

Устод Файзалӣ ин суханро такрор карда, то дари мотамхона мео­яд, ки тифоқо чанд мухлис гир­дашро гирифтаву аҳволпурсӣ мекунанду ибораи азбаршуда фаромӯш мешавад. Ва чун духтари муаллимаи фавтида мебарояд, дасташро фишурда мегӯяд:

– Поздравляюююю!…

 

Суол

Рӯзе Файзалиро дӯсти паҳлавонҷуссааш Сайидбу­хорӣ Маҷидовро (равонаш шод бод) дида, аксеро бо фахр ни­шон медиҳаду мегӯяд, ки «дар набудани ту акоят ба Африқо рафт. Бовар накунӣ, марҳа­мат, нигар ман бо бегемот сурат гирифтаам». Файзалӣ бо диққат суратро нигариста, мепурсад:

– Кадомаш туӣ, Сайидбу­хорӣ?

 

 

Ноилоҷӣ

Файзалӣ Ҳасан дар порки миллӣ ба курсӣ мешинаду ва­рақаеро бардошта мехонад, ки навиштаанд: «Нашинед! Ранг шудааст!!!». Дигар илоҷи гурез нест, фикр мекунад, ки бо ин костюми рах-рах равам, мар­дум механдад, зимнан то шаб мешинаму дар торикӣ хона меравам. Ин ҳангом шогирдаш Афзалшо Шодиев гузаштаву мепурсад:

– Устод, дар ин гармои 45-градуса чӣ дар ин офто­брӯя шиштаед?

Файзалӣ, ки танҳо зиқу малӯл буд, филфавр мегӯяд:

-Моҷароро аз аввалаш гӯям, Афзалшо?

– Бале! -мегӯяд Шодиев.

– Ин хел, ки бошад, дар ба­рам шин писарам…ва гӯш кун!!!

 

Зиндагиномаи Шаҳдсарой

Файзалӣ Ҳасан дар деҳаи Сангонели Дашти Ҷами вилояти Кӯлоб 19.06.1948 ба дунё омадаву дар 10 – солагӣ ба ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ҳиҷрат намуд. Дар 12 солагӣ садояш ба зиндаёд Одина Ҳошим писанд уфтод ва ӯро шогирд баргузид. Сипас  соли 1964 донишҷӯи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳозира Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов) шуда, онро соли 1968 бо ихтисоси ғижак хатм ва ҳамон сол ба факултаи санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуд. Таи ин солҳо аз устодони ҳунар Авнер Муллоқандов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Карим Ҳалим, Шоиста Муллоҷонова, Аҳмад Бобоқулов, Фаттоҳ Одинаев, Миратулло Атоев, Маҳрам Файзов ва Амрохон Муборакшоев назокати ҳунар омӯхт.

Файзалӣ Ҳасан соли 1972 ба ноҳияи Москва баргашта, 30 сол дар ин кохи ҳунар меҳнат кард. Соли 1978, дар 30 – солагӣ Ҳукумати шуравӣ хидмати шоёни Файзалӣ Ҳасанро бо унвони Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон қадр намуд.

Соли 2004 роҳбари дастаи ҳунарии “Дарё” таъин гашт. Аз соли 2005 Файзалӣ Ҳасан то замони ба нафақа баромадан бо дастаи ҳунарии “Фалак” буд. Сипас ба ҳайси устод дар Консерваторияи миллӣ ба кор пардохт. Шогирдонаш дар ҳама озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат кардаву борҳо пирӯз шудаанд. Ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ Маҳмадбек Ғаниев, Озодамоҳ Муҳтарамова, Абдусалом Раҳимов, Шокирҷон Қодиров, Хӯҷамурод Кабиров, Олимҷон Азимов, Шарифамоҳ Холова, Сафар Раҳмонов ва даҳҳои дигар аз ҷумлаи шогирдони мактаби Фалаку Шаҳдсароии устод маҳсуб меёбанд.

Моҳи августи соли 2012 Файзалӣ Ҳасан барои силсилаи сурудҳои ватандӯстӣ таҳти унвони “Домани имон, Ватанам!” сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ гардид…

 

Лев Лешенкои Тоҷик

Имрӯз мӯд шудааст, ки ҳама таронаҳои ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва давлатсозӣ сароянд, ки ба пиндори ин ҷониб саҳви маҳз аст. Таронаҳои патриотиро бояд афроде хонанд, ки аз оғоз то охир миёни мардум бо сурудани ғазалу шеъру абёти пурмаънӣ номовар будаанд. Фарзи мисол, Филип Киркорову Алла Пугачева дар Россия ба ин кор ҳаргиз даст намезананд. Зеро ин ҷо мавзеъи фаъолияти Лев Лешенкои нозанин аст. Ба пиндори мо низ чунин таронаҳоро дар Тоҷикистон нафароне бояд хонанд, ки мисли Файзалӣ Ҳасанов нам камтар аз 30-40-50 сол дар хизмати ватану миллатанд ва ҳаргиз ба номи санъаткор иснод наовардаанд.

Соли 2023 Пири кор, устоди Шаҳдсарой ва гӯяндаи хуби фалаку сурудҳои ватанпарастӣ дар Душанбе ва Кӯлоб 2 консерти бузург баргузор кард, ки дар толор ҷойи нишаст чӣ, ки ҷои рост истодан наёфтем. Аншлаг баъд аз 33 сол ба саҳнаи ҳунари Тоҷик баргашт.

Брависсимо, профессор!!!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube