Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки роҳбарии онро Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон бар уҳда дорад, имсол низ беҳтарин Ассотсиатсияи минтақавӣ дар Осиё дониста шуд.
Аз 1-уми декабри соли2024, дар фурудгоҳҳои ш. Маскав ба таври санҷишӣ гирифтани изи ангушт ва акси хориҷиҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон барои вайрон кардани қонуни танзим сокинони кишвар наздики 8 миллион сомонӣ (739 ҳазор доллари ИМА) ҷарима шудаанд.
Бонки Осиёии Рушд барои навсозии роҳи Данғара-Гулистони Восеъ ба Тоҷикистон 87 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ҷудо кард: роҳи мазкур 49 километр буда, аз 2 хат иборат аст ва баъди навсозӣ паҳноии роҳ то 4 қаторхат васеъ мешавад.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе аз соҳибони марказҳои компютерӣ ва бозиҳои видеоӣ талаб кардааст, ки паҳн кардани бозиҳои дорои зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ ба монанди «COUNTER STRIKE» ва «GTA»-ро қатъ намоянд.
