Дар давраҳои гуногуни таърих, дар ҷангу ҷидол, пархошҳои байниқавмӣ, гурӯҳӣ, давлатӣ ё хайр дар қӯшунҳо ва тарафҳо мерганҳо, нишонзанҳо, ба фаҳми имрӯзиён снайперҳо мақоми воло доштанд. Номи мерганҳо, тирандозҳои моҳир вирди забони лашкариён ва мардумон буд. Ва онон дар лашкаргоҳ аз бологузарон – наздикони фармондеҳон, нафарони боэътимод маҳсуб меёфтанд.
Ҷамъияти шикорчиён
Замонҳои пеш мерганҳо, шикорчиёни мумтоз дар кӯҳистони тоҷик бешумор буданд. Дар давраи советӣ, сарфи назар аз мушкилоти солҳои 20-40-уми садаи бист шикорчиёни номвар пинҳону ошкоро шуғл меварзиданд…
Дар замони осоишта, дар гӯшаҳои гуногуни мамлакати паҳновари советӣ Ҷамъияти шикорчиён рӯи кор омад. Шикорчиён ба ин ташкилоти ҷамъиятӣ аъзо гашта, соҳиби шаҳодатнома ва дар доираи қонун ба шикор мебаромаданд. Онҳо ҳатто аъзоҳақӣ месупурданд.
Дар шаҳрҳои калон мағозаҳои махсуси шикорчиён таъсис ёфтанд, ки дар он тиру ҷиҳози шикорӣ савдо мешуд. Чунин як мағозаро дар хиёбони В.И.Ленини шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи бинои боҳашамати КМ ПК Тоҷикистон – Чойхонаи “Роҳат” калонсолон ёд доранд…
Мерганҳои кӯҳистонӣ
Қабл аз он ки ба мавзуи мергани сталинградӣ Василий Зайтсев рӯ биёрам, аз боби мерганҳои тоҷики замони осоиштаи як гӯшаи диёр ёдрас шуданием. Боз нагӯянд, ки ин шуғл барои тоҷикон бегона буд…
Ҳавлии хонаводаи мо дар рустои Алиҷони ноҳияи Данғара аз бари болои деҳ, дар подомани кӯҳ воқеъ аст. Ҳаштод дар сади пайвандони ин хонадон дар баландиҳои ин деҳ сукунат ихтиёр кардаанд. Аз наврасӣ борҳо наззора бурдаам, ки камон сари китф, қаторвазна дар камар шикорчиёни номвар – чаҳор тан аз ҷавонмардони мумтоз: муаллими Ҳалим, муаллими Сафар, акаи Файзулло, акаи Намозқул бо омад-омади “кабки рав” қарор аз даст медоданд. Ағлаб бо милтиқ (камон)-и “миликалибр”, “милкашка” (калибр – андозаи диаметри мили камон…) ба шикор мебаромаданд.
Солҳо пас аз пушти онҳо дигар шикорчиён – Шодмон, Нурулло, Қузратулло, Сулаймон, Давлатшоҳ ва дигар завқмандон сафи шикорчиёнро пур карданд…
Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар солҳои 90-ум ҳукумат камонҳои шикориро мусодира кард, ки он замон чунин рафтор қобили қабул буд. Кормандони мақомоти дохилӣ ҳатто тапончаи худсохти Қузратулло (кару гунг) – ро аз дасташ гирифтанд.(пораи (пархас) чӯб, резини тофтабанд, қубурчаи оҳанин…)…
Мурод аз ин гуфтаҳо ба он маънист, ки дар ҳар давру замон мерганҳои моҳир дар кӯҳистони тоҷик кам набуданд. Як зумраи онҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зиди душманони истилогар диловарона размидаанд. Алҳол зикри номи онҳоро чанде мавқуф мегузаронем. Мавриди муносиб аз онҳо албатта ёд хоҳем кард. Ин маротиб аз Василий Зайтсев аз хонаводаи шикорчиёни моҳири оренбургӣ мегӯем.
Мерган Василий
Григоревич Зайтсев дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар деҳаи Еленинка, станитса (деҳаи казакҳо) -и Полотск, уезди Верхнеуралски губернияи Оренбург (ҳозира ноҳияи Карталинск, вилояти Челябинск), империяи Россия, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Афсари советӣ, снайпер, иштирокчии муҳорибаи Сталинград, автобиограф, хизматчии ҳарбӣ.
Падари ӯ Григорий Дмитриевич Зайтсев ветерани Ҷанги якуми ҷаҳон буд. Дар муҳориба- рахнаи Брусилов иштирок кардааст.
Бобои Василий – Андрей Алексеевич Зайтсев аз айёми кӯдакӣ набераҳояшро ба шикор ҷалб намуда, ба онҳо нозукиҳои ин маслакро меомӯхт. Дар 12- солагӣ Василий аз бобояш милтиқи Бердан, бо тирдон ва патронҳои пурраи ҳарбӣ гирифта буд…
Заҳмати Аскарӣ
Василий Зайтсев аз 16-солагӣ дар комбинати металлургии Магнитогорск ба кор даромад. Дар комбинат мактаби шабонаи 7-соларо хатм кард. Соли 1930 Техникуми сохтмони Магнитогорскро тамом карда, соҳиби ихтисоси арматурчӣ шуд. Пас аз он курсҳои бухгалтериро низ хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи муҳосибӣ гардид.
Соли 1937 Василиёро ба аскарӣ даъват карданд. Ӯ ҳамчун котиб (мирзо)-и шуъбаи артиллерии флоти уқёнуси Ором ба хизмат пардохт. Баъди таҳсил дар шуъбаи молияи курсҳои ҳарбии флоти дар ҷазираи Русский ҷойгирбуда, ӯро сардори шуъбаи иқтисодӣ – молиявии штаби қисми ҳарбии флот таъин карданд. Василий Григоревич Зайтсевро дар ҳамин вазифа Ҷанги Бузурги Ватанӣ дарёб кард.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ
То тобистони соли 1942 старшинаи дараҷаи 1 Василий Зайтсев панҷ рапорт навишт. Ниҳоят камандир хоҳиши ӯро қонеъ гардонд ва ӯро ба армияи амалкунанда сафарбар карданд. Ӯро дар двизияи 284-уми тирандоз хуш пазируфтанд.
Моҳи сентябри соли 1942 Василий бо ҳамроҳии маллоҳони уқёнуси Ором, пас аз омодагии ҷангӣ, барои ширкат дар ҳарбу зарби шароити шаҳрӣ, дарёи Волгаро гузаштанд. Дар корзори Сталинград суханони ӯ дар саҳифаи таърихи ин ҷанг ҳаккокӣ шудааст: “Для нас бойцов и командиров 62-й армии, за Волгой земли нет. Мы стояли, и будем стоять насмерть!».
“Барои мо ҷанговарон ва командирони армияи 62-юм дар он сӯи Волга замин нест. Мо дар мудофиа ҳастем ва то дами марг сина сипар кард!”
Снайпер Зайтсев
Сар аз муҳорибаҳои нахустин Василий Зайтсев истеъдоди барҷастаи тирандозии худро нишон дод. Ӯ аз масофаи 80-метр, аз тирезаи бино бо милтиқи маъмулии панҷтира се аскари душманро нест кард. Барои ин диловарӣ бо мукофоти пулӣ, милтиқи снайперии хосаи инъомӣ бо нишонгираки оптикӣ ва медали “Барои шуҷоат” сазовор гардид. То ба он маврид В. Г. Зайтсев аз камони одии панҷтира (трёхлинейка) 80 сарбози немисро маҳв намуда буд.
(давом дорад)
