Шаби 31.10.2024, соати 20:00 дақиқа Гулчеҳра Фозилова аз олами сифлӣ бибридаву пешини 01.11.2024, пешнамози ҷумъа гаштаву бар олами улвиён бупайваст. Ҷош биҳишти барин. Ин матлаб охирсухане дар фаъолияти нимасраи ӯ дар арсаи матбуоти кишвар аст..
*******

40-СОЛИ ИНТИЗОРӢ
(румони кутоҳтарин)
(Ба 70-солагии Гулчеҳра Фозилова бахшида шуд)
ЭПИГРАФ
Меравам!
Меравам, ҳамчун азизи бовафоят,
Душманатро дӯст медорам ба ҷоят!!!
(Гулрухсор)
Ҳушдор
Факту арқом, ному насабҳо, гузоришу қисматҳо бофташудаанд. Мутобиқати ҳодисаву воқеот ба фантазияву тахайюли ҳар хонанда бастагӣ дорад. Мо Метавонем!!!
Пролог: корҳавас
Ӯ хеле зебо буд! Ин зебоӣ сабаб шуд, ки ӯро бидуни такудав ба кор гирифтанд. Дар редаксия гулеро мемонд, ки атрофаш 10 ҷавони муҷаррад ва навқалами «Комсомоли Тоҷикистон» булбулнамо мепариданд. Вале Ӯ бо ҳама яке буд. Чун бо бародарони худ. Ва зуд, чу диданд, моли ҳич кадоме намешавад, журналистон ӯро хоҳар хонданд.
Вале Ӯ вайро диду бо 1 назар ошиқ шуд. Чун даврон овони гашту гузору мулоқот ва «свидание» набуд, солҳои нангу номусдории мардони тоҷик буд, вай ба хонаи Ӯ оқсақол – хостгор фиристод.
Хостгоронро модараш пазируфта, ризоияти Ӯро пурсид. Ашки чашмон, нигоҳи гурезон ва остини зери дандон гувоҳӣ дод бар модар, ки духтар розист. Тӯй шуд…
Боби 1. Интизории аввал
Вай ба Афғонистон рафт. Ӯ бошад, тули 2 сол бо ашки 6 қатор ва қалби пуризтироб роҳи вайро мепоист. Омад. Пул кор карда буд. Мошини ГАЗ-24, пештарин автои даврони советиро харид. Ғурураш дар ҷӯш буду фукаш дар осмон, буруташро табар намебурид ва бо ин салобат бар ишқи Ӯ 1 бар 100 меафзуд. Вале 1 чиз ба ин оилаи хушбахту намунавӣ намерасид: фарзанд…
Боби 2. Интизории дуввум
5 соли дигар интизорӣ кашид. Ҳомила нашуд, ки нашуд. Шояд ин стресси интизории қаблӣ буд? Номаълум. Вале вай фарзанд мехост, писар мехост, меросбари ин давлату савлат, мошину кату кӯт мехост. Чизе, ки Ӯ дода наметавонист. Ҷои оне, ки Ӯро табобат кунад, дигар шарт гузошт. Бо ризоияти Ӯ вай зан гирифт. Зани 2. Барои зоиш…
Боби 3. Интизории сонӣ
Зани № 2 зоид! Хурсандии Ӯро канора набуд, ки дӯстдораш соҳиби писар шуд. Бигзор аз зани дигар, вале падари ин тифл вай аст, ишқи Ӯст охир. Аммо хурсандияш дер напоист. Боғчон, ки фарзанддор шуд, мавқеаш боло рафт ва талаб кард, ки вай аз Ӯ тамоман бибурад. Омад ва гуфт, бе писарам наметавонам:..талоқ…
Боби 4. Интизории тӯлонӣ
30 сол дошт! Барвақти бад бева монд. Ваҳ, кӣ гуфт хушдорҳош набуданд? Буданд! Ва хеле фаровон. Вале Ӯ бовар дошт, ки вай пешаш бармегардад. Ва сабр кард. 40 сол интизори вай нишаст.
Баргашт. Баъди 4 даҳсола. Зани №2 мурд, фарзандон парвояш надоштанд ва вай тавба бар лабу ресмони пушаймонӣ бар гардан, пешаш омад. Гуфт, ин ҳама сол ҳамин рӯзро интизор буд. Бо ёди Ӯ ба сар мебурд…
Эпилог: Интиқом
Дурӯғ мегуфт. Пеши Ӯ 1 мӯсафеди дардманди бознишастае меистоду дурӯғ мегуфт. Зеро агар дӯст медошт, дар тули 40 сол, ақаллан 1 боракак занг мезад, меомад, медид. Охир Ӯ мунтазири ҳар шарфаи пойи вай 14600 шаби баҳисоб роҳ поист.
Не, ин сарсапеди дурӯғгуй вай набуд, ишқи Ӯ набуд. Ин каси дигар буд. Ё шояд вай умре чунин буду Ӯ инро аз сари муҳаббати қавие, ки дошт, намедид? Дилаш баякборагӣ сард шуд. Гуфт, «не, ман барнамегардам!!!».
Мӯсафеди пири кӯзала бо ҳасрат баромада рафт…
Дилаш хурсанд шуд. Шод гашт, ки то таки 70 – солагӣ мунтазир нишасту Худо вайро пушаймон пешаш овард. «Неъ!»-и Ӯ интиқомаш аз ин марди пире буд, ки ҳаёташро сӯхт, ҷавонияшро ба бод дод, дар айни авҷи шубоб хиёнат карду дар чорроҳаи зиндагонӣ, 1 бевазани нозанини ҷавонро тани танҳо гузошт.
– Очаҷон, чӣ ба фикр фуру рафтӣ?
Садои 3 шербачааш, ки баъди 30-соли танҳоиву раҳпоӣ, ахиран аз сағирахона гирифтаву тарбият кардааст, ӯро ба худ оварданд. Писаронаш 14, 12 ва 10 солаанд. Ашки чашмашро пок ва қоматашро рост намуд.
Нахустин бор бар оина дида дӯхта, дарк кард, ки ҳоло ҳам зебову Гулчеҳраву гулпайкар аст. Ҳатто қоматаш аз будаш баландтар менамуд!
Баъди 40 сол, бо шубҳаву ҳаваси синасӯз на, ки бо бовари том бар ояндаи нек, сӯи берун гом бардошт, ба кор, ба газетаи СССР, ба ҷое, ки Ӯро ҳама дӯст медоранду сар аз сардабир то Идибеку Ҷамилаву Алии Беҳудуду Саймуроди муҳосибу Умари Шерхону Нуриддину А. Собир ҳамеша чун модар, хоҳарбузург ва Апаи қиёматӣ интизоранд. Дар кӯча Баҳор медамид ва муғчаҳо сӯяш табассум мекарданд…
Сайёфи Мизроб,
Махсус барои даҳҳо ҳазор журналисти Тоҷик, ки аз мактаби «Комсомоли Тоҷикистон» ва қурутобхонаи Апаи Гулчеҳра гузаштаанд.
PS: Дар замоне, ки мардум камхону ахбор зудрас шудааст, румону повесту ҳикоя низ шакли кутаҳу ихчам бояд бигиранд. Ин кутоҳтарин румони кутоҳу ихчами даврони истиқлол шуд. Мо Метавонем!
******

01.11.2024. Ин матлаб соли 2010 дар китоби «Ойинаи Ҷавонон», ба муносибати 80-солагии рӯзнома ва 60-солагии Апа нашр гардид. Дар он порае аз рӯзҳои талху ширин, ки якҷо бо Апаи Гулчеҳра кору пайкор доштем, инъикос гардидааст. Бузургии Апа дар хоксорию одамшиносии ӯ буд, ки нафарони зиёд нону намакашро чашида, Апаро аз ҷон дӯстар медоштанд ва ҳама худро фарзанди ӯ мехондем. Имрӯз фарзандон–рӯзноманигорони дирӯза, ки ҳоло ҳама худ сарсафеданд, Апаро ба роҳи охират гусел намуда, гаштаю баргашта мегуфтем:
– Равони Апа шод ва ҷояшон ҷаннат бод!
АПАИ ҶАВОНИ “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
(Чанд андеша оид ба корупайкори Гулчеҳра Фозилова, ки 42 соли умри хешро ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бахшидааст)
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки кишвар дар миёни обу оташ буд, чанд нафар дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” кор мекардем. Нон, қариб ки ёфт намешуд. Пагоҳӣ ҳама дар идора (ошёнаи 8-уми Нашриёти “Шарқи озод”) мунтазири омадани Апа будем. Шояд, ки хӯрдание биёрад. Ҳамин тавр ҳам мешуд. Ӯ гоҳе наск меоварду гоҳе 1 мушт шолӣ.
” Ҳа, гушна мондед? – гуфта, онро ба даруни дег мепартофт.
Хабарнигори шӯхи мо Сулаймони Сулаймон доимо мегуфт:
– Агар ҳамин Апа набошад, ҳамаамон аз гушнагӣ мемурем!
Бегоҳӣ бошад, ҳама дари хонаи ӯро иҷора мегирифтем (Апа баъди кор дар бозорчаи маҳаллаи Маяковский ба тоҷирӣ машғул буд). Чун омадани ӯро аз хамгашти кӯча бо халтаи пури бор медидем, дар лабонамон табассум пайдо мешуд.
– Валлоҳ, ки Апа чизе овардааст, – мегуфт Сайёфи Мизроб.
Ҳамин тариқ, дар ҳамон даври шум мо рӯз кӯр мекардем ва бо қувваи Апа шикамҳоямон сер мешуд.
… Имрӯз мо ҳама паррончак шудем, бархе пайи кору бори дигар рафтанд, чанде аз дунё гузаштанд (Хушбахт Ҳайдаршо, Абдуқодир, Мавлон Раҷаб… рӯҳашон шод бод!) ва иддае фаъолияти худро дар рӯзномаҳои дигар давом медиҳанд. Танҳо Апаи ҷавони “Ҷавонон…” дар ин даргоҳ монд.
Гоҳе хумори солҳои ҷавонӣ мегирад ва ба дидорбинии Апа меоем. Ҳарчанд пичаҳои ӯ сафед шуда бошанд ҳам, мо боз ба дунёи ҷавонии худ дода мешавем. Апа чун пештара пеши мо дастархони худро мекушояд ва саховати доштааш пешкаш мегардад, бо ёди он солҳову он рафиқони ҷонӣ.
Боре бо Сулаймон ҳодисаи аҷоиб рух дод. Ӯ ба худ маъшуқае пайдо кард, ки дар ошёнаи чорум зиндагӣ мекард. Сулаймонро гоҳ-гоҳ шабҳо хумори маъшуқааш мегирифт ва шабона аз паси хона гузашта, ба даҳлези хонаи маъшуқааш мебаромад, то падару модари духтар ӯро набинанд. 1 пагоҳӣ Апа хабар овард, ки Сулаймон бо дасти шикаста дар касалхонаи Қарияи Боло хоб аст. Ҳама ба таш виш афтодем, ки дар ин солҳои мудҳиш дасти ӯро кӣ шикаста бошад? Аммо Апа хандида ҷавоб гардонд:
– Ҳангоми амалиёти навбатии баромадан ба пеши маъшуқа Маҷнуни мо аз ошёнаи чорум афтида, дасташро шикастааст.
Хабаргири асосии ӯ мо будему хӯроковар Апа.
… Умри Апа, қариб ки сарфи ин даргоҳ шуд. Ӯ то омадани мо (соли 1987) ба ин рӯзнома бо нафарони зиёде кор карда буд. Рӯзи нахустини кор ӯ фармони ба кор қабул намудани моро (ману Мустафои Муҳаммад) ба утоқи корӣ овард, нахустин табрикотро гуфт (Он солҳо барои рӯзноманигорони ҷавон ҷои кор пайдо кардан басо мушкил буд. Бояд дар навбат меистодем).
Баъди ин оҳиста-оҳиста симои Апа ба мо намоён мешуд. Ҳамон вақт ҳам Апа ба сифати ҳуруфчин кор мекард. Зане буд, ки ба доди ҳама мерасид. Агар пули касе тамом мешуд, пеши Апа медавид, агар меҳмони касе ҷои хоб намеёфт, пеши Апа медавид, агар сармуҳаррир касеро ҷанҷол мекард, Апа дилбардораш будӣ, агар касе аз кормандон зан мегирифт ё шавҳар мекард, Апа пешдаро буд, Апа Апаи ҳама буд.
Боре дар идора сари нигоштае ҷанҷол шуд. Бо супориши сармуҳаррир Талъат Нигорӣ ману Мустафои Муҳаммад аз намоишгоҳи Донишкадаи техникӣ бояд матлабе омода мекардем. Матлаб тайёр шуд ва онро ба дасти Апа барои чоп додем. Дар шумора бошад, матлаби дигаре аз ҳамон намоишгоҳ чоп шуд.
Сармуҳаррир дар ҷаласаи пагоҳӣ сари мо ҷанҷол бардошт, ки чаро гуфтаи ӯро иҷро накардем. Апа аввалин шуда хест ва гуфт, ки мақолаи ин 2 нафар пештар омада буд, вале аз чӣ бошад, чоп нашуд. Дар ҳамон лаҳза ҳам Апа дастгири мо шуд. Ин ягона хизмати Апа нест.

Шуруъи кор дар Комсомол
… Вақте Апа ба Комсомоли Тоҷикистон, ҳоло Ҷавонон… ба кор омад, соли 1969 буд. Ҷавондухтари либоси миллӣ пӯшида пеши дари сармуҳаррир рост шуд. Ҳамон вақт сармуҳаррир Абдулло Зокиров дар сафари хизматӣ, дар Амрико буд. Ӯро ҷонишини сармуҳаррир Муқимҷон Абдураҳмонов қабул намуд. Баъди сӯҳбат Апа ариза навишта, ҳамчун хаткашони идора фармон гирифт. Баъди чанд рӯз Абдулло Зокиров аз Амрико баргашт. Чун фаҳмид, ки идора соҳиби коргари нав шудааст, Гулчеҳраро наздаш даъват кард.
– Духтарам, аз ҳамин рӯз сар карда, ходими шуъбаи мактубҳо мешавӣ. Ба вазифаи хаткашонӣ каси дигарро таъйин мекунем. Ба кор муносибати ҷиддӣ кун, иншоаллоҳ қадр меёбӣ, – гуфт ӯ.
Баъдтар, Апа бо сармуҳаррирони зиёде кору фаъолият намуд, ки Муқимҷон Абдураҳмонов, Мавҷуда Ҳакимова, Оқилхӯҷа Фахриев, Талъат Нигорӣ, Абдуфаттоҳ Воҳидов, Давлат Назрӣ, Раҳим Сайдалиев, Самариддин Асозода аз ҷумлаи онҳоянд. Ва ягона шахсест, ки аз ҳама давру замони “Ҷавонони Тоҷикистон” хабардор аст ва ҳар саҳифаи зиндагии кормандони собиқи он гӯё порае аз хуни дили ӯст.
Апаи хотирбони Комсомол
… Апа 2 лаҳзаи кор бо сармуҳарриронро фаромӯш намекунад. Ӯ мегӯяд:
-Соли 1983 сармуҳаррир Ато Ҳамдам маро муддати 1 моҳ ба сафари хизматӣ ба шаҳри Маскав фиристод. Ҳамон вақт дар Шӯрои вазирони ИҶШС маҷаллае бо номи “Ведомости” арзи вуҷуд дошт ва ба тамоми забонҳо чоп мешуд.
– Кори ман аз он иборат буд, ки матолиби ҳамин маҷалларо бо забони тоҷикӣ чоп мекардам, – мегӯяд Апа. – Дар он вақт дар ин маҷалла Аҳрор Ғафуров кор мекард ва бисёр шахси фозилу кордон буд. Бо дастгирии ӯ ман оромгоҳи шоири шаҳир Абулқосим Лоҳутиро дар қабристони Новодемичово зиёрат кардам.
Лаҳзаи дигар сафари Апа ба Ҷумҳурии Исломии Эрон буд. Рӯзнома ба хотири шинохти Эрон озмун эълон кард, ки 10 нафар ғолиб бояд ба ин кишвар сафар мекарданд. Баъди ҷамъбасти озмун сармуҳаррир Абдуфаттоҳи Воҳид Апаро ба наздаш хонда, гуфт, ки барои сафари Эрон тайёр шавад.
– Ростӣ, аз ин даъват саргаранг гаштам, – мегӯяд Апа. – Зеро пеш аз ҳама маблағи роҳ надоштам. Ба ин хотир хостам аз сафар даст кашам. Ҳамон шаб ба хоби Апа нафаре медарояд ва ба дасти ӯ лифофаеро медиҳад. Пагоҳӣ бошад, айнан ҳамин корро Абдуфаттоҳи Воҳид мекунад. Пеши Апа лифофаеро мегузорад, ки даруни он маблағи роҳ мехобид.
Баъди чанд вақти кор дар рӯзнома ману Мирзо Содиқ азм кардем, ки барои пораи ноне ёфтан ба сафари Русия бароем. Валвалаи сафар қариб 1 ҳафта тӯл кашид, худӣ ҳам хабар ёфту бегона ҳам. Касе аз пеш мебаромад, ҳайрон мешуд, ки то ба ҳол чаро нарафтаем. Хуллас, ҳама чиз тахт шуд ва танҳо маблағи роҳ набуд. Дар он замон қарз пурсидан баробари ба шиками касе корд халондан буд. Куҷое сар нахалондем, ҷавоби рад мегирифтем. Апаро ташвиши мо ба ханда овард:
– О, чаро аз ман боре напурсидед? Мана калид (калиди хонаашро ба мо дод), аз рафи кӯрпаҳо рафта пулро гиред. Шояд ман ҳам ба наздикӣ наздатон оям, телефон кунед.
Апаи дардошнои Комсомол
… Солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ рӯзномаро бастанд. Ин таваққуф аз соли 1995 то соли 1998 давом кард. Апа дар ин давра ба кори савдо баргашт. Дар наздики “Автовокзал” бозоре бо номи “Аҷинабозор” машҳур буд. Апа аз дигарҳо мол гирифта, қади роҳ менишаст. Оҳиста- оҳиста тиҷораташ равнақ ёфт…
Рӯзе Камоли Қурбониён (ҳоло сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”) ва Сайёфи Мизроб (ҳоло сармуҳаррири рӯзномаи “СССР”) аз ин роҳ мегузаштанд ва бо Апа вохӯрданд.
– Ин ҷои ту нест, – гуфт Сайёфи Мизроб, – хез дар идораи мо кор мекунӣ. Ҳамон вақт Сайёф рӯзномаи “Самар”–ро кушода буд.
Ва Апа боз ба кори дӯстошта баргашт.
– Ман ҳамон вақт ҳис кардам, ки фарзандонам маро дар кӯча намепартоянд, – мегӯяд Апа бо лаби рӯймол ашки ниҳониро пок карда.
Рӯзномаи “Самар” тайи чанд муддати фаъолият ба фишори сахт рӯ ба рӯ шуд. Ахиран, маҷбур шуданд онро банданд…
Сулаймон ҷавони муҷаррад буд ва ин ба Апа намефорид. Ҳар рӯз ба ӯ мегуфт, рафта дар Панҷакент зан гир, пир шудӣ (Он вақт ӯ 32 сол дошт). Ахиран, ӯро ба Панҷакент гусел кардем. Бо ҳамин сафари Сулаймон дуру дароз шуд. Зан гирифт, Русия рафт, соҳиби пул шуд ва ҳозир дар шаҳри Хуҷанд соҳиби хона ва фарзанд мебошад. Лек ин сафар Сулаймонро аз матбуот дур кард.
– Ин кори хубе шуд, – мегӯяд Апа–Ба ҳар ҳол дар зиндагӣ ҷои худро ёфт. То ба кай дар кӯчаҳои Душанбе гушнаю ташна мегашт?
Апаи абадии Комсомол
… Соли 1998 Давлат Назрӣ боз кормандони пештараро аз Душанбе ва навоҳии кишвар ҷамъ намуд. Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дубора ба фаъолият оғоз кард. Апа яке аз аввалин даъватшавандаҳо буд ва боз сари мошинкаи чопии худ нишаст. То ба имрӯз Апа дар ин рӯзнома бо мошинкаи дастии худ кор мекунад.
– Ин сирри махсус дорад, – мегӯяд Апа. – То ба ҳол баъзе аз қарору фармонҳо дар идораи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мошинка чоп мешаванд, ҳарчанд компютер низ доранд.
Шояд ин ба хотири Апа ва бузургии ӯ дар назди идора бошад?
Рӯзе, ки ба Апа унвони «Ветерани меҳнат»-ро доданд, хурсандии моро ҳадду канор набуд. Рӯзи қайдкунӣ ба якшанбе монда шуд. Аз ин кор Апа хабар надошт.
Саҳар ҳама кормандон назди хонаи Апа ҷамъ шудем. Ҳамсоягон ин манзараро дида ҳайрон шуданд. Гумон карданд, ки Апа тӯй дорад… Онҳо низ бо мо шарик шуданд. Апа намедонист чи гӯяд. Танҳо сар меҷунбонду халос. То 1 поси шаб аз хонаи Апа садои хандаю овози рубоб мебаромад…
Апа имрӯз низ дар ин даргоҳ кор мекунад. Ҳар нафаре, ки дари даромадгоҳи идораро мекушояд, аввалин пешвозгиранда Апа аст, ки дар мошинкаи худ чизе менависад. Мо собиқадорони ин даргоҳ ба он хаёлем, ки Апа сари ин мошинка таърихи 1 рӯзномаи маҳбубтаринро менависад, ки то ба имрӯз бисёриҳо заҳмати онро кашидаю пораи нони худро ёфтаанд.
– Бо ҳама буду набудаш.
– Бо хаёли он рӯзҳои рафта ва роҳи тайкарда, ки қариб чилу ду солро ташкил медиҳад. Чилу ду сол ӯ ба ин даргоҳ равуо дорад.
– Ба ёди он нафароне, ки дар ин даргоҳ кор карданду ҳам чун рӯзноманигорони “Ҷавонони Тоҷикистон сафари охират намуданд. Онҳо то ба имрӯз дар диди Апа ҷавонанд.
– Ба хотири он рӯзҳои пурдаҳшат, ки Апа моро сари як дастурхон бо як пораи нон ва косаи наскоба ҷамъ меовард. Беҳтарин маза ва лаззат дошт ин дастурхон.
– Ба шукри он ки мо-фарзандони ӯ то ба имрӯз расидем ва бархе соҳиби ному соҳиби вазифаи баланданду Апаро бо тамоми ҷонашон ҳурмат мекунанд.
– Бо ёди кормандони имрӯза, ки дар хулқу рафтор аз дирӯзаҳо фарқе надоранд ва онҳо низ ӯро Апа мегӯянд.
… Ин шаб Апаро хоб набурд. Бори дигар рӯзҳои рафта чун лентаи навор аз назар мегузаштанд. Шаст соли умр тай шуд. Хуб буд ё не? Ин суолест, ки одамизод дар қиёси дигарон ба худ медиҳад, бо роҳи рафта, бо кори карда.
Апа низ айнан ҳамин ҷавобро мехост пайдо кунад.
– Ба ҳар ҳол ба касе бадӣ накардам-гуфту пинакаш бурд…
…Вале Апа намедонист, ки ҷавобдиҳандаҳои ин савол нафарони зиёдеанд, ки нони ӯро хӯрдаву насиҳат, кӯмак ва дастгириашро дидаанд ва Апаро аз ҷон дӯсттар медоранд…
Шодмони КАРИМ,
«Ҷавонони Тоҷикистон»,
соли 2010
*******
«ХОЛАШКА»-И ЖУРНАЛИСТИКАИ ТОҶИК

Чанд дақиқа пеш барои суроғаи маросими видоъи Гулчеҳра-апаро фаҳмидан ба идораи “Ҷавонони Тоҷикистон” омадам. Ҳама ҷавонон ба ҷаноза рафтаанд… Чӣ дидам: мизу курсии чанд вақт боз интизори апаи Гулчеҳра ба қавле “ҳайрони зор”… Дипломҳо…Сипосномаҳо…аксҳо…паси шишаҳои портретҳо чеҳраи хандони Гулчеҳра -апа.
Чанд соли охир бо Гулчеҳра – апа ҳамкорӣ доштам…зани содиқ ба кори худ буданд. Баъзан шабҳо аз роҳи ГЖК, ки сермошин буд мегузаронидам ӯро, то истгоҳи Сирк сӯҳбат карда мерафтем…гоҳ аз корҳои гузашта мегуфту гоҳ аз рӯзгори имрӯзааш…хело ғамхор буд…ба шумо чӣ лозим мегуфтам, ки дар ғами ину ғами он ҳастед…э…бачам мегуфту оҳ мекашид…яқин дард дошт, худаш медонисту Худо…
Худо раҳмат кунад холаи журналистони тоҷикро…
Абдураҳмон Раҳмонов,
01.11.2024
