ГУСЕЙНОВ МИРЗО ДОВУД БОҒИР УҒЛИ (ЯКУМИН) КОТИБИ ЯКУМИ ВКП (Б) ТОҶИКИСТОН

Чун шумораи гузашта, аз 08.02.2024, №6 дар бораи Бройдо Г.И. (дуюмин) котиби якуми ВКП (б) Тоҷикистон сатре чанд болои ҳам чидем, суоле пеш омад, ки чаро дар бораи котиби якум Гусейнов М.Д.Б… ва дигар котибони якуми ПК Тоҷикистон нагӯем. Ин суол аз раҳи мантиқ буд ва ба зудӣ аз пушти кор шудем. Чун пешорӯи мо санаи мубораки таърихӣ – 100-солагии Тоҷикистони советӣ қарор дорад зикри рӯзгори шахсиятҳои радаи аввали мамлакат, ки дар гузоштани санги асоси давлатдории тоҷикон дар садаи XX саҳми шоёни хешро гузоштаанд, амрест воҷиб ва аз оини ҷавонмардӣ…

 

Котиби якуми №1

Нахустин котиби якуми ВКП (б) Тоҷикистонро ному насаб Гусейнов Мирзо Довуд Боғир уғли аст. Ӯ дар моҳи марти соли 1894, 130 сол қабл дар шаҳри Боку ба дунё омадааст. Миллаташ озарбойҷон.

Соли 1906 мактабро тамом карда, ба омӯзишгоҳи реалии Боку (дар Россияи тоинқилобӣ мактаби миёна, ки дар он бештар математика ва фанҳои доир ба табиатро меомӯхтанд) дохил мешавад. Чаҳор сол (1913-1917) дар Институти тиҷорати Москва таҳсил намуд (хатм накарда) …

 

Гуммет

Тирамоҳи соли 1918 дар Боку ҳукумати эсер – меншевикӣ – дашнакиҳои Диктатураи Каспийи Марказӣ вожгун шуд. Ба шаҳр армияи туркӣ-озарбойҷонӣ даромад. Пас аз он ба ин ҷо Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон гузашт. Он замон Мирзо Довуд Гусейнов (минбаъд Гусейнов) ба ҳизби «Мусавват» ҳусни таваҷҷуҳ дошт, аммо бо дидани бераҳмии армияи туркҳо боварии ӯро ба ин ҳизб барбод дод.

Моҳи ноябри соли 1918 вай ба ташкилоти «Гуммет» пайваст (ӯро Г. Қараев, Султонов ва С.М. Эфендиев моил карданд). Ҳарчанд ҳини таҳсил дар Институти тиҷорати Москва Гусейнов аз сотсиализм фаҳме надошт. Баъдҳо Нариманов дар бораи Гусейнов навишта буд, ки ӯ «собиқ котиби партияи мусаватиҳо» ба ӯ ҳамчун миллатгаро маълум буд, дар соли 1918 «бар зидди мо» баромад мекард…

11-12 –уми феврали соли 1920 дар Боку пинҳонӣ съезди якуми ташкилоти коммунистии Озарбойҷон баргузор гардид, ки дар он «Гуммет», «Адолат» ва комитети Бокугии РКП (б) дар Партияи коммунистии (болшевикони) Озарбойҷон муттаҳид гаштанд. Гусейновро аъзои Президиум интихоб карданд. Съезд Комитети Марказиро интихоб намуд, ки ӯ яке аз аъзоён шуд. Дар пленуми нахустин Гусейнов Раиси Президиуми Комитети Марказӣ интихоб гардид.

 

Ширкат дар табаддулоти апрелӣ

Аз охири соли 1919 коммунистҳои озарӣ ба шӯриши яроқнок, барои сарнагун кардани ҳокимияти ҳукмрон омодагӣ мегирифтанд. Гусейнов раиси штаби марказии ташкилоти ҷангии ноҳияи Боку, ки то 1-уми феврали соли 1920 амал дошт, буд.

Омодагӣ ба табаддулот бо мутобиқати зич бо Армияи Сурхи XI мерафт. Дар ҷаласаи таъҷилии КМ ПКО (б) ва бюрои Кавкрайкоми Боку, ки пагоҳии рӯзи 26-уми апрел доир шуд, Гусейнов ба ҳайати роҳбарияти шӯриши мусаллаҳона дохил шуд.

Шаби 27 ба 28-уми апрел болшевикон дар Боку шӯриш бардоштанд. Дар як вақт сарҳадро бронепоездҳои Россияи Советӣ убур намуданд. Аз пайи онҳо қисмҳои Армияи Сурхи XI ҳаракат мекард.

Дар ҷаласаи таъҷилии парламенти даъватшуда, вакилон бо аксари овозҳо ҳукуматро ба ПКО (б) овоз доданд. Баъди ин парлумон пароканда шуд. 29-уми апрел КМ ПКО (б) Комитети Муваққатии Инқилобии Озарбойҷонро дар ҳудуди кишвар органи олии ҳокимияти давлатӣ эълон кард. Гусейнов ҳамон рӯз дар яке аз ҷаласаҳо Комиссари халқии молия тасдиқ шуд.

Раиси Азревком ва Комиссариати Халқии РСС Озарбойҷон (ҳукумат) Н. Нариманов интихоб гашт…

 

Фаъолият дар соли 1920 – ум

Моҳи сентябри соли 1920 Боку макони баргузории Съезди якуми халқии Шарқ шуд. Сеъзд мақомоти иҷроияи доимоамалкунанда – Совети тарғибот ва амалро интихоб намуд, ки Гусейнов ба он шомил шуд.

16-23-юми октябр дар Боку съезди II ПКО (б) доир шуд, ки дар он КМ ҳизб интихоб гардид. Пленуми КМ рӯзи 24-уми ноябр Бюрои Сиёсӣ ва Бюрои Ташкилии КМ ПКО (б)-ро интихоб кард, ки Гусейнов яке аз онҳо буд.

28-уми апрели соли 1920 дар ҷаласаи сессияи якуми пленуми Комитети Марказии иҷроияи Озарбойҷон Гусейнов Комиссари халқии молия ва Раиси Совети Олии иқтисодӣ интихоб гардид. Аз июли ҳамон сол муовини Раиси Аз РевКом буд…

Соли 1920 дар Озарбойҷон байни гуммистҳо ва коммунистони рус пархоши зиёд рух дод… ниҳоят аввали моҳи декабр бо қарори Политбюро Гусейновро аз Боку ба Москва бозхонданд…

Сар аз соли 1922 то январи соли 1923 Гусейнов муовини Комиссари халқӣ оид ба миллатҳои РСФСР (муовини Сталин) буд…

 

Тоҷикистон

Моҳи октябри соли 1929 дар рафти ҳудудмуайянкунии миллӣ-ҳудудӣ Тоҷикистони автономӣ, ки дар ҳайати РСС Ӯзбекистон буд, ба Ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ табдил дода шуд.

Баъди як моҳ, 25-уми ноябр қарори Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б) қабул гардид, ки дар он омада, Ташкилоти партиявии вилоятии Тоҷики ПК Ӯзбекистонро ба Компартияи миллии Тоҷикистон, бо итоати бевосита ба КМ ВКП(б), дар асоси умумӣ бо компартияҳои миллии дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва комитети вилоятии Тоҷик – ба КМ ПК Тоҷикистон табдил дода шавад.

Чанд муддат Шириншо Шотемур котиби масъули ПК(б) Тоҷикистон буд. Соли 1930, пленуми февралии КМ ПК(б) Тоҷикистон Гусейнов Мирзо Довуд Боғир уғлиро котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон интихоб кард. Шотемур котиби дуюм шуд…

Ҳангоми суханронӣ аз номи ҳайати тоҷикон дар съезди XVI ВКП(б), ки аз 26 июн то 13 июл дар Москва доир шуд, Гусейнов съездро бовар кунонд, ки бо дастгирии пролетариати иттифоқ ташкилоти партиявии Тоҷикистон директиваҳои КМ-ро иҷро карда, Тоҷикистонро ба ҷумҳурии пешрафта ва гулгулшукуфон табдил медиҳад.

 

Воқеаҳои номатлуб

Дар давраи роҳбарии Гусейнов ба КМ ПК(б) Тоҷикистон Раиси Совети Комиссарони Халқи ҷумҳурӣ (ҳукумат) А.Ҳ. Ҳоҷибоев, Раиси КИМ РСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум буданд.

28-уми сентябри соли 1933 котиби КМ ВКП(б), дар асл муовини Сталин дар ҳизб, котиби якуми Комитети шаҳри Москвагии ВКП(б) Л.М. Каганович ба «доҳии халқҳо» чунин навишта буд (дар асл):

«Из Средней Азии (Бауман и Гусейнов) бомбардируют нас о необходимости снятия Максума и Ходжибаева. Мы им послали телеграмму, чтобы они сейчас не снимали их, а весь материал прислали нам. Аресты работников там всё расширяются. Как быть? Не создать ли небольшую комиссию из 3-х, которая бы ознакомилась подробно со всеми материалами. Прошу ваших указаний».

30-юми сентябр Сталин ба Каганович посух медиҳад, ки бо иштироки Шумо комиссияе созмон дода шавад. Хубаш ҳабси онҳо манъ ё маҳдуд гардад. Махсум ва Ҳоҷибоевро ба Москва даъват кунед. Баъд онҳоро иваз кардан даркор аст.

Пас аз чанде, дар асоси «маърузаи котиби бюрои ОсиёиМиёнагии КМ ВКП (б) рафиқ Бауман, котиби КМ ПК Тоҷикистон рафиқ Гусейнов, ваколатдори мухтори ОГПУ дар Осиёи Миёна Р. Пиляр ва баёноти рафиқон Махсум ва Ҳоҷибоев» гӯш дода, КМ ВКП(б) бо қарори худ аз 1-уми декабр Махсум ва Ҳоҷибоевро аз вазифаҳои ишғолкарда озод намуд. Ҳамчунин қарор қабул шуд, ки «Рафиқ Гусейнов аз вазифаи котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон озод карда шавад».

Бо қарори пленуми якҷояи КМ ва КМН Тоҷикистон, 23-25-уми декабри соли 1933 Гусейнов аз вазифаи котиби якуми КМ ВКП (б) аз вазифа сабукдӯш гардид.

 

Ба баъд

Соли 1933 Гусейновро ба Комиссариати халқии маорифи РСФСР гузаронданд. Солҳои 1934-1937 ҳамчун мудири шуъбаи мактабҳои ғайрирусии ҳамин комиссариат адои вазифа кард.

Солҳои 1937 – 1939 дар давраи репрессия Гусейновро аз тамоми вазифаҳо озод, аз партия хориҷ ва ҳабс мекунанд. Бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олии РСС Озарбойҷон 7-уми декабри соли 1937 Гусейновро аз рӯи категорияи I, парондан ҳукм карданд.

Гусейновро 21-уми апрели соли 1938 парронданд.

Соли 1958 (пас аз марг) сафед карда шуд.

 

Хонавода

Оиладор (ҳамсараш духтари сарвазири Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон Фатҳали Хон Хойский) Тамара Хойский буд. Аз рӯи нақли ҷиянаш издивоҷ ба духтари Ф. Хойский низ боис ба айбдоркунии Гусейнов гардид.

Тамараро низ ҳабс ва ба Осиёи Миёна бадарға ва соли 1956 ӯро сафед карданд. Соли 1990 дар Боку аз дунё гузашт…

 

Умари ШЕРХОН

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube