СОЛОИ ОХИРИНИ ДАВЛАТМАНД ХОЛОВ

19.02.2024. Соат ба вақти Душанбе 07:09 дақиқа. Паёмакам садо дод ва бархеста ин навиштаи Ҷамилабону Ҳусейноваро хондам:

– Давлатманд ҳам рафт…

Ҳуш аз сарам парид. Ростӣ, 2 ҳафтаи ахир сахт банд будам: Ҷоми СССР оид ба футбол дар Кӯлоб баргузор кардему Ҷоми СССР оид ба волейбол дар н. Восеъ (воқеан ҳам репортажи ахирӣ, ки ба чоп омода буд, дар шумораи дигар дастрасат мегардад, хонанда. Мо Метавонем!).

Рӯзи ҷумъа Файзалӣ Ҳасанов занг зада гуфтанд, ки «маззаи Давлатманд сахт гурехтааст, хабаргирӣ намеравем?». Гуфтам, «устод ман дар хидматӣ, Шумо равед, омадам ҳатман меравам!».

Шаби шанбе баргаштем. Вале тақдирро бинед, ки дар ш.Сарбанд, оилаи Эшони Қилич, бузургтарин пуштигири мазҳаби Ҳанафия, хоҳарзодаи Эшони Балаи Балҷувонӣ, дар синни 91 – солагӣ фавт ёфту он ҷо шитофтем. Эшони Қилич, ки ба банда хешутабории наздик дошт, 3 сол пеш фавтида буд. Хулласи калом, рӯзи якшанбе Сарбанд рафтему азбас барфрезии бузург буду роҳҳо куллан вайрону валангор, шаб дер расидем. Гуфтам, насиб, пагоҳ аввалан аз дидорбинии устод Давлатманди Хол шуруъ мекунам. Вале ба ҷанозааш рафтам…

Акбари Саттору Давлатманду Файзалӣ

25.04.2006. Дар ин рӯз, ки бар зодрӯзи банда рост меомад, Акбари Саттори Бузург газетаи номии худ «Чархи Гардун»-ро кушода гуфт:

– Ҳадафи ман зинда кардани фарҳангу фарҳангиён ва ба саҳнаи бузург баргардонидани онҳост. Газета барои пулкоркунӣ бахшҳо мекушояд, вале саҳифаҳои 8-9, «разворот» танҳо аз фарҳангиён асту аз ту. Онҳоро ёб ва бозпас ба зиндагонӣ ва саҳна дилашонро гарм соз.

Дар ин 2 саҳифа, дар он шабу рӯзе, ки аз осмон марг мешорид, бо бисёриҳо суҳбатҳо оростем, ки дастандаркорони соҳа баъдан аз рӯи онҳо рисолоти илмӣ низ хоҳанд навишт. Вале 4 нобиғаро маҳз ЧГ ба саҳни дилҳо бозгардонид:

– Лоиқ Шералӣ, Тоҷиддин Муҳиддинов, Сурайё Қосимова ва Давлатманд Холови нобиғаро, ки ҳар 4 дилмондаву дилсард барои абад саҳнаи ҳунарро тарк карда буданд. Ва сабаб ҳам доштанд.

Дар бораи 3 тани аввал шояд баъдан суҳбат кунем. Шояд… Вале дар бораи дилсардии Давлатманд имрӯз мегӯям. Зеро дар он шабу рӯзи соли 1996 инро аслан навиштан имкон надошт…

Қурбонӣ барои Давлатманд…

Ҳоло чизе мехонӣ хонанда, барои маҳкум кардани касеву чизе нест. Дар ин чанд сутур мехоҳам даҳшати пирӯзи ҷанги гражданиро барчинам. Фаромӯш накун, ки чӣ рӯзу рӯзгореро паси сар кардем ва барои тинҷиву оромиши имрӯза бори дигар санову сипос ба Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фирист. Мо Метавонем!

Арафаи соли нави 1993. Файзалӣ Саидов-қумандони номии даврон, ки баъди қатли бераҳмонаи падараш аз ҷониби наҳзатиён (мӯсафедро зинда пӯст карданду, дар ҳузури писараш чанд рӯз ҷон дод!!!), аз ақл бегонаву сахт бераҳм шуда буд, чанде аз ҳофизони номиро даъват мекунад. Байни онҳо Давлатманди Хол ҳам буд. Қумандони хунмаст, «қурбонӣ» мефармояд ва нафареро дар ҳузури инҳо ба қатл мерасонад…

…Пас аз ин даҳшати пирӯз, устод Давлатманди Хол, мисли Борбади Марвазӣ, дасту панҷаашро бурида, тамоман аз ҳунару фарҳанг дур гардид ва комилан тарки санъат кард. Ӯ ба Доғистонаш бармегардад ва чанд га заминро гирифта, ба деҳқонӣ машғул мешавад. Онгуна дилмонда шуд, ки ба саҳна баргардонаш номумкин буд. Он замон, бо дархости редаксия ба Кӯлоб рафта, бо ӯ суҳбат ороста, ба устод гуфтам, ки агар ману шумо ба фарҳанг, ба санъат, ба саҳна барнагардем, ҳоли ин миллат чӣ мешавад? Оё медонед, ки дар ин замони қаҳтӣ 1 консерти солои Шумо миллионҳо нафарро нони фарҳангӣ хоҳад доду муждаи васлат бар сулҳу ваҳдат?!

Зиёд фикр кард. Усулан устод Давлатманди Хол аз зумраи нафароне буданд, ки зуд тасмим намегирифт. Баъди нашри суҳбатамон дар ЧГ занг задаву гуфтанд:

– Ман бармегардам!!!

Падари фалак

Давлатманди Хол падари Фалак аст! Бе ягон шакку шубҳаву тардид. Зеро ӯ ба фалак дар давроне майл карду пурра худро ба он бахшид, ки Фалак унсури санъати миллӣ маҳсуб намерафт. Касе наранҷад! Вале ҳокимони давру замон Фалакро чун фолклор ва ё худ 1 ҷузъи санъати даҳонӣ муаррифӣ кардаву ба ягон саҳнаи расмӣ ва консертҳои бузург роҳ намедоданд. Ин ки 1-2 бор садои фалак аз ҷо-ҷое, усулан дар «Бӯстон»-ҳо ба гӯш мерасид, лутфи бойбобое сӯи гадое буду бас! Бузургони фалаксарои мо зиёд буданд. Вале Фалакро дар саҳнаҳои бузург намехонданд. Дар тӯю маъракаҳо мехонданд, вале замонасозӣ кардаву аз саҳнаҳои калон таронаҳои усулии санъати миллӣ месароиданд. Корашон хуб буд ё бад? Инро касе баҳогузор буда метавонад, ки он замон зиндагонӣ мекард: зиндагии фарҳангӣ. Зеро агар чунин намекарданд, мо на Зафар доштему на Одинаву на Ака шарифу на дигару дигар.

Вале Давлатманд маҳз бо Фалак ба саҳна омад! Ӯ ҳатто ашъори Лоиқи бузургро дар жанри Фалак месароид ва ин аст, ки Фалак оламфарогир гардид. Давлатманди Хол ягона нафарест, ки 1 қадам аз Фалак канор нарафт. Зеро тору пудаш Фалак буд. Ӯ на танҳо устоди фалак, ки метавон гуфт, Падари Фалаки имрӯзаи Тоҷик аст!

Нахустин консерти соло, ки дар байни солҳои 1990 бо дастгирии хориҷиён ташкил кард, дар Хонаи Иттифоқҳои Касаба, бо аншлаг ва ҳузури даҳҳо фалаксароёни Кӯлобу Хатлону Бадахшону Зарафшону Раштон хатм гардид.

Давлатманд ҳамон соат дар интервю бо ман гуфта буд, ки Фалак дар ин водиҳо низ ҳаст, вале ба шаклу усули муғаййир. Ва маҳз ӯ сабаб шуд, ки фалаки зарафшонӣ, бадахшонӣ, ғармӣ низ таваллуд гардад. Ҳарчанд бо путки идеологии 70-сола ин водиҳоро, ҳатто дар самти санъати миллӣ-халқӣ, аз ҳам ҷудо карда буданд.

Ӯ Фалакро муттаҳид кард!!!

Ӯ Фалакро ба Ваҳдат расонд!

Ӯ Фалакро ба оламиён муаррифӣ намуд…

Саропо мусиқа…

Давлатманди Хол сар то пову пой то ба сар мусиқа буд! Лоиқ, писараш, рӯзи ҷаноза ба ман гуфт:

– Вақте нафасҳои охирини падари бузургворам мебаромаданд, ба нохост оҳанг шуданд!!!

Ӯ бо оҳанг ҷон ба Ҳаққ тақдим намуд. Ва мутмаин бошед, Лоиқи соҳибистеъдод ва умеди Падари бузургвор, рӯзе ин нафасҳои охирини Давлатмандро адворбандӣ кардаву дар шакли Фалак пешкашамон хоҳад кард. Мо Бовар дорем. Мо Метавонем!!!

…Соли 2006 буд, агар хато накунам. Бо Давлатманди Хол дар студияи радиои Озодӣ, ки масъули фарҳангӣ будам, суҳбате оростам. Устод гуфт, ман бо тамомии аъзои баданам, ҳатто бо сутунмуҳраам мусиқа менавозам. Бовараш кардам. Вале гуфтам,

– Устод! Агар мо далел наорем, шунавандагон бовар намекунанд!

Бо пешниҳоди устод дар студия 5 микрофон васл кардем. Яке дар пеши оринҷи дастон, дигарӣ дар бехи гӯш, савумӣ дар гардан, 4-5-умӣ дар пушт, рӯи сутунмуҳра. Ва устод нафаси чуқуре гирифта, даҳонашро баст, рангаш сурх гардид, ки хеле зӯр мезад ва… во аҷабо!!! Аъзояш ба навохтани мусиқаи маҳин шуруъ карданд! Боварнокарданист, вале ба номи Худое, ки ману туро ҳаст кардааст хонанда, сутунмуҳраи Давлатманди Хол, ҳар муҳрае алоҳида, садо мебаровард!!!

Воқеан ҳам, Давлатманди Хол вақте дар озмуни нобиғаҳо дар Фаронса ширкат карда буд, маҳз бо навозиши сутунмӯҳрааш ҷои аввал ва унвони «Нобиғаи Санъат-Виртуоз»-ро соҳиб шуд!

Тору пуд 1 сӯ, ҳар зарра, ҳар устухонпора, ҳар банду баст, ҳар буғум, ҳар муҳраи сутунмуҳрааш оҳангу тарона буд!!!

Садои Давлатманд

Боре дар сӯҳбат бо ман Фурқати Саид-роҳбари ансамбли Шашмақом, оне, ки умрашро мисли устод Давлатманд харҷи мусиқаи касбӣ кардааст, гуфт:

– Садоҳо 3 хел мешаванд: аз гулӯ, аз шуш ва аз ноф! Садо чӣ қадар аз поинтар барояд ҳамон қадар баланду нишонрас мешавад. Вале садои Давлатмандро танҳо дар йогаи ҳиндӣ метавон дарёфт кард. Маъзарат, вале садои Давлатманди Хол аз хичак поин, аз дохили тухмдони нарина сар мешавад ва чунин садо дар олам вуҷуд надорад!!!

Воқеан ҳам садои ӯро аз миёни 1001 садо, дар дилхоҳ хор, дар дилхоҳ соло, дар дилхоҳ маърака метавон дарк ва ҷудо шунид. Садоест, ки аз миёни 100 садо алоҳида ба гӯш мерасад ва садоҳои дигарро пахш мекунад. Садои ӯ Садои Худо буд! Садои ӯ садои Малак буд. Садои ӯ Садои халқ буд, халқе, ки 7000 сол пешу беш садои Фалак дармедод.

Ҷавонмардии Давлатманд

Ҳар чизе менависам, аз хотироти фардиям менависам. Ва зимнан факту далели онро аз дигар маъхаз наҷӯед. Маъхазаш манам, ки ифтихороти дӯстии вежа бо устод насибам гашта будӣ.

Соли 2003 ба тӯйи суннатӣ, хатнасӯри 1 ятимбачае ба Анзоби Айнӣ рафтем. Писарбача бо номи Суннатуллоҳ, бо модари танҳояш, апаи Зебо, дар ҳамсоягии мо, дар маҳаллаи 1-ум Совет мезист. Додари ана ҳамин Зебо, ки дар Россия мардикор будӣ, омаду гуфт:

Ҳамсоя! Ҷои нанг омадааст. Суннатуллоро хатна мекунем. Падари беномусаш (иддаои ӯ) ханда задааст, ки то ман накунам, инҳо Суннатуллоро тӯй кардан набитвонанд. Мо камари номус бастем. Шумо паҳлуи мо бошед ва устод Давлатманди Холро ба деҳа оред…

Хотиррас мешавам, он солҳо устод баъди садамае сахт мариз буду миёнашон захмӣ ва тақрибан ҳаракат карда наметавонистанд. Чун гуфтам, бояд водии Зарафшон равем, ҳуш аз сараш париду гуфт: «Сайёф, ҳоли маро бин? Магар ман зинда ба он ҷо мерасам?».

Он даврон мошинҳои комфорт набуданд ва роҳ аз ағбае мегузашт, ки 10-12 соат бо он вайрона бояд ҳаракат мекардем (мутаассуф имрӯз кӯрнамаконе пайдо шудаву сари ҳукумат ва масъули имрӯзаи ин шоҳроҳ – IRS санги маломат мезананд. Гӯиё он ситами роҳу маргу миру азияташро фаромӯш карда бошанд!). Вале чун гуфтам, ин бача ятим асту тағоҳояш камари ҳиммати ҷавонмардӣ барбастаанд, бархесту роҳӣ шуд…

 

Зарафшон пешвози Давлатманд мебарояд!!!

Он замон телефони мобиливу интернету дигар васоити маъмулии имрӯзӣ қариб вуҷуд надошт. Дар ноҳияи Айнӣ аслан ин чизҳо набуданд. Вале сар аз пости 1-уми ноҳия мо дидем, ки мардуми даравгар сари роҳу болои кӯҳ баромада, ба мо даст меафшонанд. Илҳом Шанкиеви корманди Тоҷикстандарт, ки ронандаамон будӣ, ҳайрон шуд, ки ин мардум чаро чунин шодиву нишот доранд?

Роҳбалади айнигии мо гуфт:

– Овоза аллакай расидааст, ки Давлатманди Хол имшаб меҳмони мост ва мардум аз устод истиқбол мекунанд!

Ва воқеан ҳам, ҳар ҷое ист мефармудем, халқ давида омада, устодро оғӯш мегирифту нишот мекард. Хизмататон арз кунам, Давлатманди Хол, ки худ деҳқонбачча аст, хоксорона, бо ҳар даравгару деҳқону харсавору пиёдагард хуш суҳбатҳо мекард. То ҳадде, ки мо асабӣ шудему гуфтем:

– Устод дер мекунем ва роҳ ба Шумо маълум.

Хандиду гуфт:

– Тӯй намегурезад. Ин мардум боз кай Давлатманди зиндаро аз пеш мебинад???

Шаби тӯй устод доди ҳунар доданд. Танҳо 1 эпизодро ин ҷо мекорам. Соате Давлатманди Хол маъракаи маъруфи «Сартарошон»-ро шуруъ карданду Суннатуллоҳи ятимро ба сари тахт шинониданд, касе барқи баландгӯяки сарояндаро канд (ба таҳқиқ барои мулзам кардани сароянда, ки фонограмма мехонад ё на?). Устод 1 сония ҳам таъхир накарданд ва бо садои буррову гиро маъракаро 30 дақиқа бе танаффус давом доданд. Ва вақте танаффус шуд, барқ баргашт, дар навбати сонӣ, устод бо ишорат ба мардуме, ки сарсари кӯҳҳо нишаставу ҳаловат мебурданд, гуфтанд:

– Барқро набуред! Ман ҳофизи симӣ нестам! Ман бе баландгӯяк ҳам мехонам. Вале мутаассуф дар қаторҳои баланди сари кӯҳ садои ман мерасаду садои асбоби мусиқа на, ки кайфийяти мардум хатчадор мешавад!

Воқеан ҳам дар он 30 дақиқае, ки барқ набуд, садои устодро мешнидему овози мусиқаро на…

 

Қавли Давлатманд

Дар бозгашт, писарчаам Муҳаммад, ки ҳамагӣ 5 сол дошту ҷӯраи Суннатулло буду моро ҳамсафар, нохост суол кард:

– Амаки Давлатманд! Дар тӯйи ман ҳам Шумо сартарошонро мехонед?

Хуб хандидем ва устод гуфтанд:

– Муҳаммадҷон қавл медиҳам, ки сартарошонатро худам хоҳам хонд!

Аз байн 1 сол гузашту дар Кӯлобшаҳри бостонӣ, дар синни 6-солагӣ тӯйи суннатии Муҳаммадҷонро роҳандозӣ кардем. Аксарияти фарҳангиён буданд. Зафар Мирзоён, Соҷидаи Мирзо, Сурайё Қосимова, Файзи Ашӯр, Бунафшаи Муқим, Фарзонаи Хуршед, бародарон Чоловҳои номдори даврон ва ғ. ва ҳ.

Базм то нимашаб давом кард. Ҳамин ҳангом, 1 мошини Жигулии сабз ист фармуду аз он… Давлатманд бо додараш Нурулло Холов поин шуданд. Ҳайрону мот мондам. Устод омада, бо ҳама салом кардаву микрофонро гирифтаву гуфтанд:

– Муҳаммадҷон! Ёд дорӣ, ки соле пеш гуфта будӣ, «сартарошони маро мегузаронӣ, амак?». Ман ваъда карда будам, ки мегузаронам. Сайёф фаромӯш кардааст. Ман не. Дар ёди ту Муҳаммадҷон ин маърака, ин сартарошон ва ин амакат абадан боқӣ хоҳад монд!

Ва базме орост, ки гӯши фалак кару даҳони малак во монд…

Баъди сартарошон бо ҳамон таъҷиле, ки омада буданд, ба мошинаш нишаставу гуфтанд, «пагоҳ маъракаи ҳукуматӣ дорем, бояд равам» ва дар дили шаб Жигулии сабз нопадид гардид…

Баъди хайрбод акнун ба хотирам расид, ки ман дар тараддуди тӯй устодро ҳатто хабар накардаам. Худаш аз куҷо шунидаву аз Душанбе ба Кӯлоб ташриф оварда буданд.

Ку дигар чунин марди ба қавл вафодоре???

 

Эйфели Давлатманд

Дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикон дар Фаронса аҷаб воқеае рух медиҳад. Жак Ширак-президенти Фаронса рӯйхати санъаткоронро дида, эрод мегирад, ки:

– Чаро номи Давлатманд дар феҳрист нест???

Баъдан маълум гардид, ки дар даврони мири Париж будани Ширак (1977-1995), Давлатманди Хол дар пойтахти Фаронса консерт додаву маҳбуби Жак шуда будааст. Пасон ӯ аз дасти президенти Фаронса орден гирифт, ки ҳалолаш бод!

Дар сафари ахирин, вақте Давлатманди Хол, баъди триумфи навбатӣ дар Париж, болои Эйфел-рамзи Фаросна мешавад, аз чашмонаш ашк мерезад. Ҳамсафарон бо ҳайрат мепурсанд, ки чи шуда, ки мегӯяд, «шамол вазиду ба чашмам халид». Вале дар асл чӣ? Дар асл бошад, тавре худи хунёгар баъдан иқрор шуданд:

– Аз баландии Эйфел ба поин нигариста, тамомии заҳмату меҳнату талошҳоям барои эҳёи Фалак пеши назар гузашт, ки нахустин Фалакро аз баландии кӯҳи Доғистони Шуроободи Кӯлоб хонда, имрӯз то баландии Эйфели Париж овардаам…

Вусъати андешаи Давлатмандро бин, хонанда, аз куҷо то бар куҷост! Ӯ аз кӯдакӣ 1 ният дошт, Фалакро ҷаҳонгир кардан ва баъд аз 60 соли азму ҷазму разму талошҳо ба орзуш расид. Ва ин ки имрӯз Фалак дар мероси фарҳангии ЮНЕСКО мақом ёфт, хизмати ӯст, ки зиндагонӣ ҳалолаш бод!!!

 

Хоҳиши охирини Давлатманд

Чанде қабл аз марг Давлатманд Холов ба шоир ва журналист Абдуқодири Раҳим паёмаки овозӣ мефиристад ба ин мазмун (сабт дар дасти мост):

– Алло, салому алайкем Абдуқодирҷон! Абдуқодирҷон, ман Давлатманд. Ҳамин чанд ғазалҳои клоссикӣ барои Наврӯз, баҳор, ҳамин чизҳо ҳастанд, 2-3 то барои ман омода кун, ман бемор дар хона хобам, аз Ҳофиз, Мавлоно ва дигар клоссикон парто, оҳанг баста омода мекунам. Маъзарат, ки бисёр калонгарӣ кардем, бахшиш, агар имкон бошад…

Посухи шоир суханест, ки миллат бояд дар зиндагонӣ ба устод ба такрор мегуфт:

– Хизмат кардан ба Шумо барои ман шараф аст!!!

…Узр устоди устодони санъати миллӣ, ки дар зиндагониатон мо-10 млн тоҷики тоҷикистонӣ, 16 миллион тоҷики ӯзбекистонӣ, 20 миллион тоҷики афғонистонӣ ва 60 миллион эронии ориёӣ ин ҳарфро ба забон наовардем:

– Хизмат бар Шумо шарафи мост!!!

 

Консерти охирини Давлатманд

19.02.2024. Ман зиёд гуфтаам, ки нобиғаҳои даврони мо маҳз дар овони истиқлолият камарзиш шуданд. Даҳҳо, садҳо нафарро бидуни 1 ҳарф, бидуни сухане сари турбаташон бурдему ба дасти муллоҳо додему ба хок супоридем. Консертҳо, юбилейҳо, бенефисҳои ҳунармандон дигар баргузор намегарданд.

Танзим? Ё Тарс? Вале танзими чӣ ва тарс аз кӣ? О, мо дар зиндагонӣ ба қадрашон нарасему пас аз марг 2 даҳан гап дар ҳаққашон нагӯем, чигуна дили мардумро ба дунявияту ватанпарастӣ гарм мекунем? Муъмин Қаноатро бидуни ҳарфе гӯрондем! Бозор Собирро аз Амрико овардаву хапу дам гӯр кардем. Даҳҳо нобиға – Убайдулло Раҷабов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Ҷамшед Исмоилов, Ҷӯрабек Назриев, Сафармуҳаммад Айюбзода, Фотима Ғуломова, Ҳабибулло Абдуразоқов … дар Пандемия мурданду бидуни Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзодаи нозанин 1 кас дар ҳаққашон 1 ҳарф назад. Ва ахиран Давлатмандро низ хомӯшона роҳӣ карданӣ будем, ки шогирдону фарзандон шӯриданд ва ҷои нолаи талхи маъмулӣ чанд соат ФАЛАК заданд. Ин ҳин фалаки Роғ ҳам дар садо буду фалаки Зарафшону Бадахшону Кӯлобу Раштон низ.

Офарин бар Устод, ки соати маргаш низ тамомии фалаксароёнро аз акноф ҷамъ кардаву консерти охирини СОЛО дод ва зери садои Фалак бар олами улв бупайваст, то бар ҷаннатиён фалаксарой гардад…

Ҳарчанд БОЯД маросими видоъ бо чунин нобиға дар Толори Театри Опера ва Балет баргузор мегардиду маросими видоъ пахши зинда тавассути тамомии Радиову Телевизионҳои кишвар роҳандозӣ мешуд…

Ҷоят ҷаннат ва макони ахиратат фирдавси барин бод, Давлатманди Хол, нобиғаи 2 асри ахир, истеъдоде, ки Модари Санъат ҳаргиз дигар обастанаш нахоҳад шуд!

Мо Метавонем!!!

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube