НИМПАЙКАРАИ АБДУЛЛО РАҲИМБОЕВ ТАХРИБ МЕШАВАД!

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ш.Хуҷанд Фирдавс Шарифзода вобаста ба тахриби нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев аз майдони “Ситораҳои Хуҷанд” ва иваз кардани номи гӯшаи ба номи Абдулло Раҳимбоев дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд пешниҳод равон кардааст.

Насрулло Убайдулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки ин пешниҳод ба номи ҳарду равон карда шудааст ва ҳоло тасмим аз онҳост.

   -Мо дар ҳарду маврид ҳам гуфтем, ки будани нимпайкара ва номгузорӣ шудани 1 гӯшаи Осорхона ба номи Абдулло Раҳимбоев кори номатлуб аст, – гуфт Насрулло Убайдулло.

Бояд гуфт, ки нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд гузошта шудааст ва таърихдонон, олимон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ борҳо пешниҳод кардаанд, ки он нимпайкара бардошта шавад.

Абдулло Раҳимбоев зодаи Хуҷанд ҳам бошад, чун инқилобчии пантуркист шинохта шудааст. Ба қавли муҳаққиқон, “Абдулло Раҳимбоев исбот кардан мехост, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд ва соли 1924 дар тақсимоти милливу марзӣ зидди таъсиси Тоҷикистон буд”.

Ва хеле аҷиб аст, ки ин пешниҳод 2 сол пеш ба унвонии раиси вилояти Суғд ва раиси ш.Хуҷанд ироа шуда бошад ҳам, хабари он танҳо пас аз иваз шудани Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ расонаӣ шуд.

Аҷибтар он аст, ки 2 сол шуд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бар хилофи тамомии талошҳои Сарвари Давлат ва Ҳукумати Марказӣ, ки бар қаҳрамонони миллати тоҷик арҷ мегузоранд, амал намуда, пайкараи ин хоини ватанро ҳифз мекунанд! Ин чист? Магар надидани талошҳои Ҳукумати марказӣ нест?

 Газетаи мардумии СССР 17 сол аст талош дорад, нимпайкараи ин хоини ватану миллати Тоҷик аз Хиёбони “Ситораҳои Хуҷанд” кандаву партофта шавад. Ин “қаҳрамон” ҳамон палидест, ки сареҳатан мегуфт, дар ОМ Миллати Тоҷик вуҷуд надорад ва талошҳо дошт, то РАСС ва РСС Тоҷикистон ташкил нашавад ва замину шаҳрҳои бобоии моро ба туркон тақдим карда буд!!!

 Дар бастагӣ ба мавзуъ мо бо 3 раиси вилояти Суғд ва 4 раиси Хуҷандшаҳр суҳбату баҳсҳо доштем. Ишон аз “авлоди пуртаъсири ин хоин ва қавми калони ин хоин дар Хуҷанд” ҳарос доштанд, то ба ин ҳайкал даст расонанд. Кор то ҷое расид, ки “таъринигорони маҳаллӣ”, шояд зертаъсири ҳамон “авлоди пуртаъсир” ба ҳимояти ин хоини ватану миллат бархеставу ба мо матолиби танқидӣ ироа мекарданд, ки бар Раҳимбоев даст нарасонед. Ва ахиран президенти нави Академияи Миллии Тоҷикистон ба ин даъвои мо расидагӣ карданд, ки ҳалолашон бод!!!

Ҳамакнун мунтазир мешинем, ки боз чанд сол лозим аст, то масъулини вилояти Суғд ва Хуҷанд ин ҳайкалро бардоранд. Ва ё боз ҳам аз Хоини №1 пуштибонӣ мекунанд, аз тарси таъсири авлоди калони ӯ???

Мавзуъро ҳатман пайгир мемонем. Мо Метавонем!!!

 Р.Амин,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube