ШАҲРИНАВ: КРЕМЛЁВ ФАБРИКАИ ЧЕПТУРАРО ЭҲЁ МЕКУНАД?

Умар Кремлёв, раиси Асосиатсияи байналмилалии бокс, ки зодаи ноҳияи Шаҳринав аст, тасмим гирифт, дар эҳё ва барқарорсозии фабрикаи парандапарварии ҷамоати Чептура саҳмгузорӣ намояд.

Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Абдулқодир Вализода, раиси н.Шаҳринав иброз дошт, зимни яке аз сафарҳои худ ба зодгоҳ ва боздид аз ин фабрика, Умар Кремлёв таъкид доштааст, ки онро бояд барқарор сохт, зеро таърихи ноҳия ба ин фабрика марбут ва он дар замони советӣ рамзи н.Шаҳринав буд. Умар Кремлёв қарзҳои дар солҳои гузашта ҷамъшудаи фабрикаро баррасӣ карда, таъкид доштааст, ки ин масъала низ ботадриҷ ҳаллӣ худро хоҳад ёфт.

Фабрикаи парандапарварии Чептура айни замон дар ҳолати хеле табоҳ қарор дошта, бархе аз сехҳои он ба соҳибкорони маҳаллӣ дода шудаанд, ки истифода баранд. Соҳибкорон дар навбати худ истеҳсол мекунанд, вале на пули барқро пурра пардохт мекунанду на дигар хизматҳои коммуналиро. Корхона, ки ҳудуди хеле калон дорад, вайронаву бе кор хобидааст.

Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Умар Кремлёв дар 2 соли ахир наздики 10 км роҳҳои маҳаллӣ таъмиру азнавсозӣ шуда, боғчаи бачагона бунёд шуда истодааст. Ба ғайр аз ин Умар Кремлёв ваъда додааст, мактаберо, ки дар он дар даврони СССР таҳсил мекард, азнавсозӣ намояд.

Офарин ба чунин ҷавонмардони Тоҷик!

Ҷ.Мақсуд, СССР,

Душанбе – Шаҳринав – Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube