ХОДИМИ МАРДУМ

Бахшида ба 100-солагии Мирзо Бекматов

 Аз зиндагиномаи нафароне чун Мирзо Бекматов мешавад хулоса кард, ки киро ба ин унвони самимӣ сазовор донистан мумкин аст…

Рӯзгор ва фаъолиятҳои Мирзо Бекматов ва шахсиятҳои мисли ӯ 1 аксиомаи оддиро рӯ ба рӯ доранд: барои хидмати одамонро ҳадаф қарор додан, чизи зиёд даркор нест! Ҳатто мансабу вазифаи давлатӣ низ. Барои ходими мардум будан, боигарии моддӣ, молу сарвати бешумор баъзан халал мерасонанд. Пас чӣ лозим аст?

Сифоти инсонӣ, меъёрҳои роҳбарии Мирзо Бекматовро таҳлил кардаинҷониб 3 хулосаи асосӣ ҳосил кардам:

  1. ХОҲИШ доштан.
  2. Соҳиб шудан ба БОВАРии мардум.
  3. СОҲИБИ ИРОДА будан.

 

 Боби 1. Хоҳиш доштан

Барои ХОҲИШ пайдо кардан пеш аз ҳама фаросати шахсӣ лозим, ки аз таҳлили рухдодҳои атроф бармеоянд. Ҳамчуноне 92 сол қабл, вақте Мирзо Бекматов ҳамагӣ 8 сол дошт, ки падару модараш дар 1 рӯз фатиданд ва тобути якеро аз дар ва дигариро аз тиреза бароварданд. Ӯ намедонист аз қафои кадомаш бидавад ва барои кӣ бештар домони гиря сар диҳад. 1 хоҳар дошт, ки ӯ ҳамагӣ чорсола буду ҳайрону шояд ба умед сӯи акаи худ нигоҳ мекард. Нигоҳе, ки шояд дар дили кӯчаки Мирзо аввалин нишонаҳои масъулиятро бедор кард: Ӯ бояд хоҳари ягонаашро пару бол бошад!

Баъдтар, ки ӯро ба мактаб – интернат доданд, мисли худ даҳҳо ятимеро шоҳид шуд, ки ҳукумат онҳоро ба тарбияи худ гирифтааст. Ин ҳама наметавонист ба ҷаҳонбинии 1 “сағираи курт” беасар монад: онҳоро давлат бо умед ва ҳадафмандона тарбия мекунад!

Ҳоло бояд ба мантиқи меъёрҳои замони шуравӣ амиқтар фурӯ рафт, ки чаро ба кадрҳои интернат бештар таваҷҷӯҳ мешуд, хоса онҳое, ки на падар доранд ва на модар. Таваҷҷӯҳ намоед, хеле аз шахсиятҳои давлатӣ – онҳое, ки тамоми зиндагии худро барои пешрафти давлату мардум бахшидаанд, маҳз парвардаҳои интернатанд, хоса онҳое, ки мисли Мирзо Бекматов “сағираи курт” буданд. Ин гунаҳо аввалан, ҷаҳонбиниву бардоштҳои дигар хоҳанд дошт, баъдан, фаъолияту имконоти худро асири нафсу хешу табори фаровон намекунанд. Муҳимтар аз ҳама, дар ҳеҷ ҳолат ба адлу инсоф пушт намегардонанд.

 Ин барои давлатсозӣ меъёри бисёр муҳим аст вақте одамон мебинанд ва шоҳид мешаванд, ки иқтидору зарфиятҳои кишвар ба манфиати ҳама истифода мешаванд, на 1 гурӯҳи кӯчак. Дар ин сурат хоҳиши мардум барои хидмат ба давлат ва мардум меафзояд, қавӣ мешавад!

Албатта ин гуфтаҳо ба маъное нест, ки бояд танҳо ба сағираҳо ва парвардаҳои интернат такя кард. Мақсад, бояд самти давлатдорӣ ба он равона шавад, ки танҳо одамони дасту дилашон пок масъулият бигиранду барои ҳар соҳибватан кор кунанд ва ҳамин тавр эҳсоси ватандорӣ қавӣ шавад, ҳамагонӣ гардад…

 

Боби 2. Бовари мардум

Соҳиб шудани БОВАРИВУ ЭЪТИМОДи мардум ҳам мушкил аст ва ҳам осон. Мушкилиаш аз ҳамин бармеояд, ки мардум аз ваъдаҳои зиёди мансабдорон хаста шудаанд. Онҳо омаданду рафтанд, аммо мушкили одамон осон нашуд, ё на он тавре шуд, ки бояд мешуд. Нобоварӣ ба мансабдорону сиёсатмардон аз ҳамин ҷост.

Осон аст, вақте одамон бубинанд, ки мансабдорон фақат гап намезананд, амал ҳам мекунанд. Имкон намедиҳанд, ки касе ба онҳо пораву ришва пешниҳод кунад. Ҳамчуноне дар бораи Ҷаббор Расулов аз хотираи одамон хондаем, ки бо дасти ронандааш кадом 1 раиси колхоз чанд миқдор меваву сабзавот ва тарбузу харбуза мефиристад, аммо ӯ бо вуҷуди роҳи дароз, ронандаашро маҷбур мекунад он меваву сабзавотро ба соҳибаш пас гардонад.

Айнан ҳамин корро Мирзо Бекматов ҳам кардааст, вақте кадом раиси колхоз барояш 1 мошин алаф фиристод, ё кадоми дигар маҳсулоти камёфт. Ронандаашро барои ин “савғотиро” оварданаш аз кор ронд, то ба дигарон дарси ибрат шавад.

Дар натиҷа, Мирзо Бекматов хонаи “воҳима” насохт, молу сарват ҷамъ наовард. Сарвати асосиаш фарзандону наберагони донишманду соҳибкасбу хушрафторашон аст, ки касе аз онҳо бадномӣ наовард. Аз ҳама асосаш ба БОВАРии мардум сазовор шуд, мардум эътимод кард, ки нафаре ба онҳо раҳбарӣ дошт, ки ҳадафаш танҳо мардум буд. Мисли онҳо зист, мисли онҳо рафт.

Албатта инро набояд ба он маъно фаҳмид, ки роҳбар бояд ҳатман дар ҳоли гуруснагиву нодорӣ зиндагӣ кунад. Чаро, масалан агар фарзандонаш, ки хуб таҳсил кардаанду ҷои кори муносиб доранд, барои волидон зиндагии хубро таъмин накунанд? Яъне муҳим ин аст, ки ӯ ҳаққи касеро нахӯрда бошад, аз мансабаш суистифода накардааст. Ҳарчӣ кард барои мардум кард ва албатта дар оянда аз ӯ ёд хоҳанд кард. Ҳамчуноне аз Мирзо Бекматов дар шаҳри Кӯлоб ёд мекунанд…

 

Боби 3. СОҲИБИ ИРОДА

Воқеан, Мирзо Бекматовро барои чӣ ба хубӣ ба ёд меоранд?

Барои заҳматҳояш, аз ҷумла:

– ҳангоми сохтмони хати обгузари «Ҷангалбошӣ – Кӯлоб»,

– сохтмони пули сойи Тебалай,

– газификатсионӣ ва таҷдиди роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб,

– сохтмони бинои сеошёнаи меҳмонхона дар шаҳри Кӯлоб,

– бинои дуошёнаи ҳаммоми шаҳр,

– роҳи автомобилгарди «Кӯлоб — Даҳана», «Хонаобод — Давлатобод»,

– ташкил намудани муассисаи нақлиётии Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ,

– таҷдиди корхонаҳои пахта ва равғани шаҳр,

– сохтмони 4 бинои сеошёнаи мактаб — интернат барои 400 нафар,

– варзишгоҳи марказии шаҳр ба номи Томин,

– ташкили дастаи футболи машҳури «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб,

– созмон додани хоҷагии токпарварии ба номи Мичурин дар ҳудуди заминҳои ноҳияи Муъминобод …

Тавре шоҳидон менависанд, ин танҳо 1 рӯйхати нопурраи он иншооту коргоҳҳоест, ки замони дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият доштани Мирзо Бекматов қомат афрохта, шаҳри Кӯлобро ба маънои томаш мувофиқ ба мақоми шаҳр сохтаанд. Ин ҳам дар замони шуравӣ, ки “гапи худро гузаронидан” осон набуд. Ҳар пешниҳод масъулияти бисёр ҷиддӣ ҳисоб мешуд, ҷавобгарӣ дошт.  Зимнан, ба Бекматов ҳам ин хатар таҳдид дошт ва барои баъзе пешниҳодҳояш қариб ҷазо мегирифт. Аз ҷумла барои сохтмони фурудгоҳи Кӯлоб (ҳозира Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб) ба Мирзо Бекматов аз даст додани билети ҳизбӣ таҳдид мекард. Зеро сохтмони ин фурудгоҳ майдони калонеро талаб мекард, ки аз рӯи пешниҳоди Мирзо Бекматов он бояд дар майдони васеи пахтазори ҷамоати Зиракии колхози “Ленинград”-и ноҳияи Кӯлоб сохта мешуд. Ӯ роҳбарияти Тоҷикистони шуравиро мутмаин кард, ки сохтмони фурудгоҳ истеҳсоли пахтаро коҳиш намедиҳад. Ӯ ваъда мекард, ки нишондодҳоро аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии пахта афзун мекунанд ва ахиран онҳоро мутмаин намуд…

Оё чунин роҳбаронро мо зиёд дорем, ки омодаанд новобаста аз хатарҳои эҳтимолӣ корҳои муҳим анҷом диҳанд?

…Хулоса, эътибору эътимоди 1 роҳбар, 1 раиси шаҳру ноҳия, вақте ҳосил мешавад, ки мардум бубинанд: гапу амали ӯ ба ҳам мувофиқ меоянд. Яке барои “публика” ва дигарӣ барои амал нест…

Чунин роҳбар номи кӯтоҳ, вале хеле самимӣ дорад:

ХОДИМИ МАРДУМ!

 

Раҷаби Мирзо,

журналист

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube