Имрӯз масъулин олимонро барои тухмии тобовар ба иқлими мо набаровардан гунаҳкор карда истодаанд, ки пахта аз гармӣ шонарез шудааст. Аммо сири кам шудани пахтаро намегӯянд. 2-3 сол пеш хитоиён пахтаро ба қурби бозори “Ливерпул” нигоҳ накарда, 12-13 сомонӣ ба таври хом (натуравӣ) қабул мекарданд. Чаро 2 сол мешавад, ки савдогарони тоҷик пахтаи моро бо нархи 5-6 сомонӣ қабул карда истодаанд?
Барои 1 гектар коркарди пахта мо дар шароити имрӯза 14-16 ҳазор сомонӣ сарф мекунем. Яъне, ҳамагӣ 4 ҳазор сомонӣ даромад мемонад. Имрӯзҳо деҳқон аз пахтакорӣ дилхунук аст ва дар ҷустуҷӯи дигар зироатҳои даромаднок мебошад. Корхонаҳои пахтахар аз ҷумҳурӣ берун нашудани пахтаро баҳона мекунанду меҳнати пахтакорро фаҳмидан намехоҳанд. Гуфтаи мардум дуруст аст, ки мегӯянд “чорво ҳам ҷои алафдор мекобад!”. Бо ин нарх пахтакорӣ дар оянда барҳам хоҳад хӯрд. Ё мо маҷбур мешавем, ки аз баҳри заминдорӣ ва пахтакорӣ бароем. Ҳоло нархи пахта ба панҷум маҳсулоти аз пахта истеҳсолшуда – кунҷора баробар шудааст.
А. Раҷабов,
раиси хоҷагии деҳқони Бурихон-11
тел: 901702012
