ФОТЕҲИ РЕЙХСТАГ

Сокинони Иттиҳоди Шуравӣ, сар аз соли 1946 то ба нимаи солҳои 80- уми  асри 20 дар бораи фотеҳони Рейхстаг, сарбозони диловари советӣ парчамбарафроштагон дар моҳи майи соли 1945 огоҳии хуб доштаанд. Он замон номи ду сержанти разведкачӣ Мелитон Кантария ва Михаил Егоров вирди забонҳо буд. Чун ҳамасола, то солҳои 1975 ду тан аз зафарёрон якҷо назди комсомолон, меҳнаткашон, коргарон аз боби диловариашон қисса мекарданд. Ҳамчунон ин мавзуъ дар арафаи рӯзӣ Зафар– 9 май доманфарох зикр меёфт. Ин мавзӯъи фаромӯшнашудании замони советӣ буд.

Дар хусуси он ки кадом дастаи аскарони советӣ якум шуда дар фарқи боми Рейхстаг байрақи зафарро устувор кардаанд, андешаҳо зиёданд. Ин мавзуъ 80- сол боз мавриди таҳқиқу баррасист. Ин бор аз таҳу рӯ кардани ин қисмати мавзуъ худдорӣ мекунем. Алҳол аз боби танҳо як гуруҳ сухан хоҳем гуфт, ки он дар саҳфаи таърих бебаҳс ҳаккокӣ шудааст ва таҳрифи он сахту сангин аст. Ин зафарёрони номварро унвон Кантария ва Егоров мебошад. Ин дафъа навбати зикри рӯзгор ва диловарии Кантария хоҳад буд.

 

Мелитон Кантария

5 – уми октябри соли 1920 дар деҳаи Ҷаври (алҳол шаҳр), уезди Зугдиди, губернияи Кутайсии Ҷумҳурии Демократии Гурҷистон, дар оилаи марди деҳқон ба дунё омадааст. Миллаташ гурҷӣ, маълумоташ ибтидоӣ (то синфи 4 хондааст), узви ВКП (б) аз соли 1947.

Соли 1938 ба сафи Армияи коргару деҳқони СССР (РККА) даъват мешавад. То замони аскарӣ дар колхоз кор мекард…

 

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Мелитон Кантария Ҷанги Бузурги Ватаниро моҳи декабри соли 1941 дарёб кард. Разведкачии матин он овон дар полки 756 – уми тирандози дивизияи 150 – уми тирандози армияи 1- уми ҳамлавари фронти Белоруссия хизмат ба ҷо меовард.

Дар ҷабҳа Кантария соли 1942 аз дасташ захмдор шуд. Баъди гирифтани табобат ва рухсатӣ ӯ боз ба корзор баргашт. Ӯро ба дастаи разведкачиён раҳнамун сохтанд. Сержанти хурд Мелитон Кантария урдуи фашистонро то ба шаҳри Берлин пешандоз кард…

 

Фатҳи  Рейхстаг

Аз 30- юми апрели соли 1945, дар як вақт, аз қисматҳои гуногун бинои Реёхстаг чандин байрақ бо дастаҳои пешсафи советӣ ба фатҳи он раҳнамун гардидаанд.

Асли рухдоди ин амалиёт бар чунин навъ аст. Дар давраи муҳориба барои Берлин, 30- юми апрели соли 1945, соати 21. 50 ба вақти Берлин (1- уми майи, соати 3- и саҳарӣ ба вақти Москва) разведкачиёни советӣ М. Кантария ва М. Егоров таҳти фармондеҳии лейтинант А.П. Берест дар боми Рейхстаг Байрақи Ғалабаро партавфишон (устувор) карданд.

Ин амалиёти басо вазнин ва хатарнокро командири баталёни  1- ум басо олиҷаноб ташил карда буд. Фашистони ба торумор мувоҷеҳгашта мурданак истодагарӣ нишон медоданд. Дастаи фавқро, роҳ ба боми Рейхстагро гуруҳи автоматчиёни ротаи И. Саянов ҳамвор мекарданд. Шамоли сарди вазнин дар баландии 25 метр, болои боми шишагии шикаставу рехта, пеш – боло рафтанро душвортар мегардонд. Ҳини ба боло хазидан дастони Егоров чок-чок шуда хуншор гаштанд.

Барои устувор намудани Байрақи Ғалаба дар боми Рейхстаг ва нишон додани диловарию матонат бо фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 8 – уми майи соли 1946 сержанти хурд Кантария Мелитон Варламович унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ бо мукофотонии ордени Ленин ва медали Ситораи тилло (№7090) мушарраф гардид.

 

Рӯзгори осоишта

Пас аз ғалабаи СССР дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Мелитон Кантария хоҳони ҳарчӣ тезтари назди аҳли хонаводаро кард. Аммо ӯву Егоровро рухсат надоданд. Қариб ду сол онҳо ба госпиталҳо, қисмҳои ҳарбӣ, хоҷагиҳо, заводу фабрикаҳо рафта, аз боби қаҳрамониҳои хеш қисса мекарданд.

Соли 1964 ба онҳо рухсати ба хона рафтанро доданд. Мелитон Кантария ба зодбум баргашт. Дар колхоз меҷумбид, ба гуфтае дар мағоза ҳам кор мекард. Баъдтарак ба Сухуми кӯчид. Депутати Шурои Олии РАСС Абхозистон интихоб гардид.

Аз рӯи нақли Георгий-набераи Кантария бобояш табиатан одами суботкор ва ғаюр буд. Аммо дар барои қаҳрамонии хеш ҳикоят карданро хуш надошт.

То соли 1965 М.Кантария бригадири дуредгарон буд. Дар шаҳри Очамири Абхозистон мезист. Он ҷо ӯро депутати Шурои Олии РСС Гурҷистон интихоб карданд.

 

Паради Ғалаба

Шояд бисёриҳо пай набаранд, ки дар Пардаи Ғалаба, 24 и-уми юни соли 1945 Байрақи Ғалабаро набароварда буданд. Он рӯзҳои хотирнишин гурӯҳи байрақбардорон дар ҳайати капитан Неустроев, ёрдамчиён ассистентон  Кантария, Егоров ва Берест созмон ёфта буд. Ҳангоми машқҳо маълум шуд, ки дар давраи ҷанги даҳшатафзо сарбозони тирандоз-радведкачиён қадамзаниро гум карданд. Аскарони захмдори олудаи осори ҷанги хонумонсӯз ба таври мутаносиб қадам зада наметавонистанд. Баъдан онҳо афту андоми идона ҳам надоштанд. Барои созмон додани ҳайати дигар вақт намерасид, аллакай дер шуда буд. Аз ин рӯ, маршал Г.К. Жуков қарор кард, ки Байрақи Ғалабаро ба парад набароранд.

Нахустин Паради Ғалаба 24. 06.1945 Кантария ва Егоров ба ҳайати ҳамхизматон аз минбари меҳмонон дар Майдони Сурхи Москва тамошо карданд…

М.Кантария, М. Егоров ва Констатин Самсонов бори якум Байрақи Ғалабаро дар Паради ҳарбӣ соли 1965 аз Майдони Сурхи Москва гузаранд. Бори дигар ҳамин ҳайат Байрақи Ғалабаро дар намоиши меҳнаткашон – 1 –уми майи соли 1970 дар парад гузаронданд.

 

Михаил Егоров

Барои Мелитон Кантария то абад дӯст ва бародари қиёматӣ монд.  Кантария як лаҳзаи мудҳиш дар Рейхстагро тамоми умр пеши назар дошт. Ҳини ҳаракат ба боло як сари мӯ ҷон дар рамақ доштан-ҳангоми рӯ ба рӯ задан ба автоматчии немис ба дил гузарад. “ Ну, всё, мертвец…». Сонияе дигар Михаил Егоров он фашистро сари тир кард.

Кантария то лаҳзаҳои вопасин ҳаёти Егоров, бо дӯсти ҳамядоҳаш дӯстӣ дошт. Ин муносибати на ду ҳамхизмат, балки ду бародари ҷонӣ, ки то поёни ҷанг якҷо дар разведка хизмат мекард. Ба ҷуз ин Кантария дар набард бо фашистони истилогар дар замини Смоленск хун рехта буд, ки ба ин рамз ватани дӯсташ Смоленскро ватани худ ва Михаилро ҳамшаҳрӣ мехонд.

Кантария мунтазам дӯсти хоксору фурӯтанашро ёрдам мекард. Михаил Егоров дар яке аз деҳаҳои дурдасти Смоленск умр ба сар мебурд. Камбағалона мезист ва барои некуаҳволии худ чизе талаб намекард. Мелитон барои дӯсташ чун дар рамзгоҳ, худро ба дилхоҳ оташ меафканд. Кабинети дилхоҳ мансабдоронро фатҳ мекард ва бо суханони пурғурур садо дар медод: “Маро Гитлер манъ карда натавонист, шумо “тем более”. Ман Кантария!”. Ба қавли пирони кӯҳистони тоҷик, қандата зану дархости қаҳрамони Ватанро иҷро накун…

Михаил Алексеевич Егоров солҳои охири ҳаёт дар комбинати гӯшту шири Руднаи вилояти Смоленск кор мекард. Вай 20 –уми июни соли 1975 бар асари садамаи автомобилӣ ҳалок гардид. Дар мошини сабукрави шахсиаш, ки ба муносибати 30 –солагии Ғалаба туҳфа карда буданд. Бо шунидани хабари нохуш Мелитон якумин шуда ба хонаи дӯсташ ҳозир шуд…

 

Пархоши ҷонгудоз

Баъди марги М.Егоров Кантарияро рӯзҳои мудҳиш дар пеш омад. Соли 1991 давлати абарқудрати СССР барҳам хӯрд, ки ин рухдод Мелитон Кантарияи ҷоннисорро сахт андӯҳгин сохт. Ин ҳам бас набуд, ки соли 1992 байни Гурҷистону Абхозистон ҷанги хонумонсӯз сар зад. Хонаводаи Кантария маҷбур гашт зодбумро тарк гуфта, ба Тифлис рӯ биёранд. Дар ин ҷангу пархошҳо набераи 21 солашро куштанд. Тамоми гурҷиҳоро пеш карданд, ҳатто барои қаҳрамони номвар зистан он рӯзҳо дар диёри бобоӣ хатар дошт. Хонаи онҳоро бомбаборон карданд. Бойгониаш сӯхта хокистар шуд…

Аз Гурҷистон ба оилаи сернуфусаш Кантария озими шаҳри Москва шуд. Ӯ гумон дошт, ки ӯро дар пойтахти Россия бо оғӯши боз гарм истиқбол мегиранд. Аммо кайҳот, ки дигар давлати советӣ вуҷуд надошт. Бо кӯмаки Комитети ветеранҳо ба оилаи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Фотеҳи Рейхстаг дар як гӯшаи дурдасти Москва хонаи якҳуҷрадор (барои 11 нафар) ҷудо карданд…

 

Аҳли хонавода

Падари  Мелитон Варлам Кантария (1890-1963) дар Ҷанги якуми ҷаҳон, дар ҳайати Армияи императории рус ҷангида, захмдор ҳам шуд. Барои диловариаш бо ордерҳо сарфароз гашт. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ, дар таъмини озуқаворӣ ба фронт кӯмак мекард.

Бо медалҳои “Барои мудофиаи Қафқоз”, “Барои меҳнати шоён дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945” қадр шудааст.

Модараш Лидия (1896-1985)…

Мелитон Кантария ду бор оиладор шуда буд. Аз ҳамсари гурҷиаш се фарзанд дошт. Солҳои охири ҳаёт бо зани русаш гузашт. Кантария бо ҳамсари якумаш муносибаташро наканда буд. Як чиз боиси зикр аст, ки ҳамсари якумаш намегузошт, ки касе дар ҳаққи ҳамсараш суханҳои ноҷо занад. Вай эҳтироми ҳамсар ва хотирашро пос медошт. Хонуми гурҷии Кантария соли 1984, завҷаи дувумаш соли 1983 ба дори дунё пайваста буданд.

Кантария ду писар дошт: Ризо (1939-2000) ва Шота (1942-2013), духтараш Сиала(1946) аз соли 1996 бо аҳли хонаводааш дар Юнон умр ба сар мебарад.

 

Маршал Жуков

Дар саҳифаи рӯзгори Кантария як рӯдоди наҷибест. Дар давраҳои гуногуни ҳаёташ  Мелитон дар Сухуми ва Очамир зиндагӣ мекард. Аз нақли духтари қаҳрамон Сиала (Циала) дар оғози соли 1960 Маршали Иттифоқи Советӣ сарфармондеҳи оламшумул Г.К.Жуков ба хонаи онҳо ташриф оварда буд.

Омадани чунин як меҳмони олишон ба хонадони мо иди калонеро мемонд, мегӯяд Сиала дар мусоҳибааш ба журналисти “Россиская газета” (соли 2018). Тамоми сокинони деҳ хурсандӣ мекарданд. Маршал Жуков як ҳафта меҳмони хонаводаи Кантария буд. Дар ҳамин дидор Жуков ба Кантария маслиҳат медиҳад, ки ба Академияи ҳарбии Москва дохил шуда, карйераи ҳарбиро идома диҳад, аммо Кантария ин дархостро рад карда мегӯяд, ки давраи хондани ман гузаштааст. Ман деҳа, хонаамро меписандам…

 

Ҳаёту мамот

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ М.В. Кантария 26 –уми декабри соли 1993 дар роҳи сафар ба Москва, барои гирифтани статуси гуреза, дар поезд аз дунё гузашт. Дар шаҳодатномаи вафоти Кантария, ки беморхонаи клиникии шаҳри №64-и шаҳри Москва додааст, навиштаанд, ки қаҳрамон бар асари бемории кафидани рагхуни майнаи сар ҷон додааст.

Дар толори мотам (азодорӣ) аз намояндагони ҳукумати расмӣ касе иштирок накард. Он замон бо сабаби ноамнӣ дар гӯристони авлодӣ, дар Абхозистон имкони гӯрондани Кантария набуд ва ӯро дар Москва дафн карданд.

Танҳо моҳи январи соли 1994 ҷасади М. Кантарияро дар зодгааш, шаҳри Ҷаври ноҳияи Селенҷих аз нав гӯронданд. М. Кантария аз 8 –уми майи соли 1965 то 29 сентябри соли 1992 шаҳрванди фахрии Берлин буд…

 

Эпилог

Хулосаи мо чунин хоҳад буд. Дар интиҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар кохи Рейхстаги Берлин Байрақи Зафарро М. Кантария ва М.Егоров сарбозон-разведкачиёни ҷоннисори Советӣ устувор карданд. Таърихи ин ҷанг ба таври ҳамешагӣ, рамз, нишони ғалабаро бар Фашизми Германия ба номи ду сержанти Армияи Советӣ Смоленскигии хоксору фурӯтан Михаил Алексеевич  Егоров ва кӯҳистонии пурҳарорати гурҷӣ М.В. Кантария қисмат кардааст. Ин ду сарбози матин ҳақиқатан нафарони хушбахти давру замони хешанд. Ба майдони баҳс барангехтани ин мавзуъ фоидае надорад. Дигар ин ҷо баҳси мову ман нест…

У. Алӣ

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube