Субҳи қиёмат
Гулғунчаю Гулчеҳра Ҳакимҷони дусолаи додарашонро аз даст дошта, назди муйсафед оварданд ва бо ҳасрат пурсиданд:
-Бобоҷон имрӯз додоҷонам ба хона меомада бошанд? Охир рӯзи таваллуди Ҳакимҷон аст.
Бобои бечора ҳайрону лол монд, ки ба кӯдакон чи ҷавобе диҳад. Ноилоҷ қомати хамидаашро базур боло карда, ба онҳо муроҷиат намуд:
-Биеед ҳамроҳ рафта ӯро ҷустуҷӯ мекунем…
Муйсафед дар даст асо, кӯдакони аз дарду доғи ӯ бехабар ба назди дарвозаи дутабақае рафтанд, ки пештоқи он сабт ёфта буд:
Лаҳзае исто бародар, 1 ба қабристон нигар,
Хуфтаанд аҷдоди мо, хешу табор, модар падар…
Қурбониёни Маҳмуд-командир
Ҳангоме,ки аз дарвоза даромаданд, чашмонашон ба қабрҳои наву кӯхна афтод. Байни онҳо қабри наве буд, ки болояш лавҳаи хотирае ва дар он расми ҷавоне. Бачаҳо расмро шинохтанд ва аз пирамард пурсиданд:
-Чаро сурати додом ин ҷост?
Муйсафед, бо чашмои ашколуд зери лаб чанд мисрае хонд:
Мотамзадае чанд дами муйидан,
Дидам зи бетоқатӣ ба худ ғалтидан,
Гуфтам: Чи бувад субҳи қиёмат? Гуфтанд:
Марги фарзанд вақти пири дидан.
Пирамарди 78-сола, амаки Ҳочитурахоҷа ашконашро бо руймолча пок карда, бо оҳи бадарде гуфт:
-Дигар мову шумо ӯро намебинем ва фақат бо сурати беҷон гап мезанем. Дидор ба қиёмат, қаҳрамони роҳи истиқлолияти ватан!
Бачагон бо фаросат дарёфтанд, ки бобояшон барои чи ашк мерезад. Падари онҳо Ҳикматулло Ҷамолов дар синни 31-солагӣ шаҳиди ҳодисахои фоҷианоки аввали моҳи ноябри соли 1998 дар шимоли кишвар гардида буд.
Ҳикматулло корманди мақомоти дохилаи шаҳри Истаравшан буд ва шаби шабехуни Маҳмуцд Худойбердиев ба вилояти Суғд, сахт муқобили хиёнаткорон истодагарӣ карда, шахсаг бо амри ин қӯумандони наҳс кушта шуд. Ба бадани ӯ 16 тир заданд ва душман бо бераҳмии том ин қаҳрамонписарро, ки гардан нафаровард, кушт. Вале номи ӯ дар дили мардум зиндаю ҷовид аст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и деҳаи Хоҷаҳои нохияи Деваштичро бо номи Ҳикматулло Ҷамолов номгузорӣ кардаанд.
Маҳмуд ва калтасагаш волидайнро низ куштанд
Оре, 1 калтасаги қабису хабис, ки аз Аврупо ҷакида, аз ин хунхор қаҳрамон метарошад ва қотили ҳаммилатонашро васф мекунад, дар марги садҳо падару модари фарзандгумкарда дасти тамом доранд. Зеро қатли писар тири алмос аст ва волидайни маҳрумонро дар сартосари кишвар пайи ҳам бо дарду доғ тири ин хойин мекушту мекушад. Эй, кош писари Маҳмуду ун саги немисиаш низ фавтанду инҳо ба дарди волидайни фарзандгумкарда расанд, агар фарзандони ҳаромияшон аз худашон бошанд!
Расо, пас аз 40 рӯзи марги Ҳикматулло модараш бо касалии сактаи дил вафот кард. Падараш Ҳочитурахоҷа Ҷамолов пас аз марги писар хонанишиниро пеша карда, ба маъракаҳои деҳа намебаромадагӣ шуданду пас аз 3 соли марги писар олами фониро падруд гуфтанд…
Мард намирад ба марг…
Ҳакимҷони 2-сола, маҳрум аз дидори падар ба воя расида, пас аз хатми МТМУ-и рақами 6-и ба номи додояш – Ҳикматулло Ҷамолови дехаи Хоҷаҳои Деваштич ва донишгоҳ, корманди ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ шуда кор мекунад. Айнан нусхаи падари қаҳрамонаш буда, ба бинанда Ҳикматуллоро ба ёд меорад
04.11.1998. Дар хамин рӯзи наҳс банда 2 шахси наздикам, якум писарамакам Ҳикматулло Ҷамолов ва дуюм ҳамсабақ ва ҳамхонаам дар овони донишҷӯӣ, воқеъ дар хобгоҳи Нахимова 64-10, Ниёзбоқӣ Ниезови мастчоҳиро, аз дасти қотилони Маҳмуд Худойбердиев бой додаам. Ҳамчун ман дӯсту хешу пайвандгумкарда дар ин сарзамин кам нестанд, ки хуни ҳамаи онҳо ба гардани Маҳмуд Худойбердиев ва пресс-секретари қоматкалтаяки ин қотил Додоҷонаки Атовулло ва лагандбардораш Санчо Панчо қазоқаш аст…
Аз ҳамаи мардуми бонангу ори тоҷик хоҳиш менамоям, ки ба фантазияхои пучи ифротгароён, хоинон ва ак-аки ин сагчаи немисӣ дода нашаванд ва дар бари Пешвои муаззами миллат истода, баҳри пойдории Ваҳдат ва ободии Давлат кӯшиш ба харҷ диҳанд. Мо набояд дигар ба ҷангу ҷидоли солҳои навадуми асри пор рухдода, ки сабабаш ҳамин палидон буданд, роҳ диҳем. Мо Метавонем!
Мақсадулло Ҷамолов,
Полковники мустаъфӣ, ноҳияи Деваштич
