Ман гунги хобдидаю олам тамом кар,
Ман оҷизам зи гуфтану халқ аз шуниданаш…
Фикр мекунам, ягона касбу касабае, ки на пуштигир дораду на пуштибон ва на сарвару на сару на камару на калла…ҷамъияти журналистони имрӯзист, ба масале маъруф а ля «ҳукумати №4»: ҳукумати ятиммонда, ҳукумати сағераҳо, ҳукумати «бродягаҳо»…
Имрӯз касби ман мутаассуф, рӯзу рӯзгорони ҳамон нафареро мемонад, ки бо ин масал хеле дуруст ироа шудааст:
– Калам заду кӯрам зад,
Пасмонда кулӯхам зад!!!
Журналистика касбест, ки шарофати хешро гум мекунад. Зеро гуфти Бобои Ғулом «кому не лень» моро санги маломат мезанаду меқападу мепакаду мешканад. Журналист нафаре гаштан дорад, ки тақрибан аз ҳама муттаҳам шудааст. Забони дарозу сурхе, ки замоне ин касб дошт, аз беху бун гунг гардидааст. Зеро танқидро дар долонҳои болоии ҳамин касаба ғайрикасбиён буғӣ кардаанд. Ва ин дар ҳолест, ки борҳову борҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сареҳатан ба мо-журналистон муроҷеъ гаштаву гуфтаанд:
– Танқид кунед! Вале хиёнат накунед!!!
Дар мо, мутаассуф танқидро хиёнат мефаҳманд. Ҳол он ки журналист танқид мекунаду тамом. Ҳукумат меқаппад, суд мекунад, ҷарима мебандад, аз кор мегирад. Ва барои ин ниҳодҳои барзиёд рӯи даст дорад: сар аз ВКД, КДАМ, Генпрокуратура то Агентии мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Тоҷикстандарт…
Ҳамин дирӯз буд, журналисти ҷавоне мегуфт, “1 соҳибкорро танқид кардам! Сардабир решаву патакашро кофта, ёфт, ки кадом хешаш дар фалон ҷо кор мекардааст ва матлабамро ист фармуд!”. Сардабирон бояд донанд, ки танқид, дар собиқ, меваи коммунизм буд ва ҳоло меваи истиқлол аст. Агар мо танқиди созанда накунем, ким, кто, Who мекунад? Бояд танқиди созанда кард, то бар душман танқиди сӯзанда нарасад. Ана ҳамингуна сардабиронанд, ки журналистика на танҳо обрӯяшро мерезад, ки миссияашро гум кардааст!
Медонам, ки ҳамин ҳоло анде дӯстони бе ин ҳам ангуштшумор мондаам, душманам мегарданд, вале агар ин ҳақиқати кӯчакро ман нагӯям, пас кӣ мегӯяд, ки дар ҷамъияти имрӯзаи журналистикаи тоҷик, ҳатто иттифоқамон легетимӣ нест. Зеро мо чанд сол шуд, маҷлиси интихоботии раиси ИЖТ-ро нагузаронидаем!!! Дар Украина ҷанг асту интихобот намегузаронанд ва пайваста аз сӯи иттифоқчиёнашон ҳатто танқиди шадид мешаванд, вале дар мо чӣ? Мо амнтарин кишвари оламем-ку? Усулан кӣ, ким ва ҳамон Who ёд дорад, ки дар иттифоқу иттиҳодияҳои ҷамъиятии мо интихоби раису саис гузаштааст? Ман дар хотир надорам. Касе ёд дорад, нависад, мо нашр мекунем. Мо Метавонем!
ИЖТ, ҳатто дар даврони Акбари Саттори раҳматӣ, ки аз фаъолтарин ниҳод буду замоне коҳил гардид, банда онро танқид кардам. Акбар наранҷид. Зеро медонист, ки танқидҳои ман созандаанд ва ман ҳаргиз даъвии мудирияти ин ниҳодро надоштаму ҳоло ҳам надорам. Ҳамкасбон шоҳиданд, ки вақте маро ба раёсати ин ниҳод пешбарӣ карданд, гуфтам:
- Ҷойи Акбарро ҳаргиз намегирам!!!
«Дӯстон»-и онрӯзаи Акбар, ки имрӯз ҳатто намедонанд, гӯраш дар куҷост ва мактаби деҳааш, бо заҳмату даводави КӢ номи Акбари Сатторро гирифт, он шабу рӯз ба ман ҷанги иттилоотӣ эълон карданд. Вале Акбар бо табассуми малеҳе онҳоро дар ҷояшон шинонду гуфт:
– Даъвии демократия дореду наметавонед танқиди 1 ҳамкасбро қабул кунед? – Пас чигуна журналистед? “Грош вам цена!”, – афзуд Акбар…
Ҳолу аҳволи мо имрӯз хеле бад аст, ҳамтоҳои гиром. Имрӯз журналистикаи Тоҷик шояд охирон рӯзҳои худро аз сар мегузаронад. Зеро ин касабаро мо ба раванди бекасабагӣ табдил кардаем. Дипломи журналистӣ, ки ҳамасола шояд 100-300 дона дар тамомии донишгоҳҳои кишвар тақсим мешавад, дигар ба кор намеравад. Зеро бо диплом касеро ба кор намегиранд. Ин раванд, таъсири психологӣ дорад. Ҳатто дар сатҳи давлат фикр мекунанд, касе шеъру тарона навишту китоб чоп карду дар 3-4 кино нақш бозид, журналист аст…
Соли чандум аст, ки дар номинаи Журналистика низ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ ҷудо шудааст, вале касе онро намегирад. Зеро ҳатто дастандаркорон намедонанд талаботи ин ҷоиза бояд чӣ бошаду ба кӣ онро бубояд супурд. Соли пор ҳатто овозае буд, ки 1 санъаткори хубу сарояндаи беҳамто… даъвии ин ҷоиза доштааст. Хайрият, кадом мефаҳмидагӣ ёфт шуду ба он санъаткори воқеан ҳам хуб, вале на журналист (!!!) ин номинаро надоданд. Вагарна шармсори оламиён мешудем. Зеро онҳо, оламиён, ба фарқ аз мо, медонанд журналист кисту журналистика чист?!
Жанр аз байн рафтааст. Шумо тасаввур мекунед, шоире бе вазни арӯз ва риояти вазну қофия иншо кунад? Вале дар мо мекунанд! Аз барои Худо, дар кадом газета (бо шумули СССР, албатта), Радио, Телевизион, Расонаҳои расмиву тахассусӣ, касбият, жанр, матолиби таҳлиливу аналитикӣ ва профессионалӣ боқӣ мондааст? Ман ҳама расонаҳоро варақ мезанам ва ҷое очерку лавҳа, гузоришу чашмандози сиёсӣ, репортажу хабар… намебинам. Ҳама ҷо пур аз мақолаааа!
«Хоҷам чӣ дорӣ? Мақола!». Дар кадом жанр? Дар жанри мақола!!!
Ҳатто интервю, фоторепортаж, мусоҳибаҳои тамомии расонаҳои миллӣ ғайрикасбӣ шудаст. Зеро репортёр, журналист, аккос, мусоҳиб касбӣ нест! Боварнокарданист, вале барои матлабҳои расмӣ, мо суратҳоро аз сайти дигар давлатҳо мегирем, ки ҳайати расмияшон меҳмони Тоҷикистон мешаванд. Ҳукумату вазоратҳо марокизи матбуотияшонро бо дастгоҳҳои навини техникӣ таъмин мекунанд, вале навиштану дидан, лаҳзаро дарк кардан (ловить момент), акс гирифтан маҳорати журналистиро талаб мекунад. 1 мисол: Ҳафтаи пор дастаи футболи Равшани Кӯлоб бозии хонагияшро бар Хуҷанд бохт. Чун аз мураббии эронтабори Равшан сабаб пурсидем, аҷаб сухане гуфт:
– То дами дарвозаи ҳариф бурдани тӯб бо бозигузориву партоб кори тренер аст. Вале гол задан маҳорати фардӣ мехоҳад!!!
Ин ба журналистикаи мо ҳам дахл дорад! Чаро курсҳои омодагӣ ба журналистика дигар вуҷуд надоранд? Чаро семинару дарсҳои журналистӣ барҳам хӯрдаанд? Грант нест? Ё чизи дигар? Ун семинарҳое, ки бо гранти хориҷӣ мегузаранд, магар дархӯрди дарди журналистикаи Тоҷик ҳаст-буд? Агар ҳа, пас натиҷааш ку? Чаро дар даврони Акбари Саттор журналистон фавҷ-фавҷ барои коромӯзӣ ва шиносоӣ бо равандҳои навтарини журналисткаи муосир ба ину он кишвар сафар мекарданду ҳоло не?
Ҳоло мӯд шудааст, гузаронидани семинар-дарсҳои «бисёррасонаӣ». Буродарон, ин самти журналистика аст, на моҳияти он. Гавҳари журнализм жанрҳои калидӣ ва профессионалии ин касаба аст, ки онро ҳама фаромӯш кардаем. Дар телевизиону радио, надонам барои чӣ, аммо ҷавонони овозашон ғафсро ба кор мегиранд. Даврони Левитанизм кайҳо гузаштааст. Шумо бошед фикр мекунед, садо баланду ғафс бошад, дигар маҳорати касбии ровигӣ ва дарку фаҳми жанрӣ ба журналист лозим нест. Ман бисёр мехоҳам, Ҳукумат худаш, алоҳида, мисле, ки дигар ниҳодҳоро соле 2 бор тафтиш мекунад, рейтинги расонаҳои электронияшро биозмояд, назарсанҷӣ гузаронад. Бовар кунед, бисёр чизҳо равшан мешаванд.
Ҳамин аст, ки равандҳои нави ба масале «блогеризм», «тик-токизм», «видеориллизм» ва …измҳои дигар журналистикаро маҳв месозанд. Ва хуб ҳам мекунанд. Зеро мо тӯли солҳои ахир тамомии журналистони профӣ ва соҳибдараҷотро аз даст додем. Аз ТВТ, мутаассуф, ҳамаи онҳоро ба баҳонаи «ҷавонсозӣ» рӯфта партофтем. Аз газетаҳо ба нафақа гусел кардем. Ҳой мардумони мард! Журналисти хуб пахта нест, ки 1 бор чинед, пагоҳ, аз кӯраи дигар, боз пунбаи сафедтаракаш рӯяд.
Ман танҳо дасти сардабири Ҷумҳурият Қурбоналӣ Раҳмонзодаро мефишорам, ки ба масале «пирони кор»-ро ҳифз мекунад. Ку, боз дасте ҳаст, ки фишорам??? Гӯед, мисол оваред ва ман рафта, дасти якояки шуморо мефишорам ва узр мепурсам, ки надидаам…
Журналистика синну сол надорад! Ин аксиомаро танҳо нафаре намефаҳмад, ки худаш журналисти касбӣ нест. Фарзи мисол, Владимир Познери 90-сола агар дар мо кор мекард, медонед ӯро куҷо мефиристодем? Нафақа? На, унтарафтар. Вл. Соловёвро ҳам бо ченаки имрӯзиён мо ба нафақа бояд ронем…
Чанде пеш, дар бемористон устоди устодони журналистикаи ҳирфаӣ Искандар Мирзоевро хабаргирӣ рафтам. Ӯ аҷаб қиссае кард, ки хандида гиристем. Искандар Мирзоевич гуфт:
– Ба 1 қадрдон занг задам. Гуфт чанд-ба даромадед, устод? Гуфтам, ба 92…, ки гуфт: Ничего себе?!…
– Ман аз ҳисоби он беодоби бефарҳанг зиндагонӣ надорам-ку?! Фиғон кашид устод…
03.09.2024. Дар Рӯзи авиатсияи гражданӣ, раҳбарияти ин ниҳод ҳудуди 200 тан аз «пирони кор»-ро дар толори «Хаят Реҷенсии Душанбе» ҷамъ карда, ба якояки онҳо медали 100-солагии авиатсияи Тоҷик дод. Лочинҳо мегуфтанд, ки ҳамеша аз ҳоли ишон шогирдону дастандаркорон хабар мегиранд. Вале мо чӣ? Ҷамъияти журналистон пирони хирадро боре сари 1 пиёла чой ҷамъ кардааст? Ҳама редаксияҳоро дар назар дорам, на танҳо ИЖТ-ро. Дар ҷамъ чандин ниҳодҳои журналистӣ дорем, ки бо грант амал мекунанд. Гиред, хӯред, ош шавад. Ба номи Худо, ҳасад намебарам. Вале дар ин миён ақаллан соле 1 бор «пирони кор»-ро сарҷамъ кунед. Дилашонро шод ва хотирашонро осуда созед. Мисли Искандар накунед, яъне Александри мақдунӣ, ки пиронро ба ҷарӣ меафганд. Зеро худатон низ пир мешавед замоне ва дарк мекунед, чӣ дарди бедавост, Пири рондашуда бо дасти ҷавонон…
Бо 1 ҳарф ҳамаи мо нисбат ба касбамон ғиромӣ мекунем: на шогирде тарбият дорему на парвои касаба дорем. Мо Ғиромпараст гаштаем ва тасаввур ҳам намекунем, ки чанд сол ба баъд, ҳатто дар ҳадди пояи ҳамин журналистони имрӯза, ҳукумат ҷойгузине намеёбад. Ва ин дар мавридест, ки журналистика аллакай пӯсташро иваз кардаву 1 воҳиди миллатсоз гаштааст. Таккер Карлсони амрикоӣ, Дмитрий Гордони укроинӣ, Владимир Соловёви рус ва ғ. миллатсозанд, вале дар мо ҳаст журналисте, ки Миллат Созад? Ман намебинам!!!
Ҳоло ман перомуни ҳабсу боздошти журналистон, ки замони ахир қариб ба ҳукми анъана даромадааст, чизе намеафзоям. Танҳо мегӯям, ки ҳамин тавр рафтан гирад, замоне навбати мову шумо ҳам мерасад ва дигарон, мисли мо-имрӯзиён, вонамуд мекунанд, ки чизе нашудааст…
Ва он соат дур нест, агар вазъ тағйири ҷидд нахӯрад ва аз боло фармони STOP барои афроди “резултатсоз” садо надиҳад…
Мо Метавонем!
