РЕЗААХБОР

Мақомоти Федератсияи Россия беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун қонуншикан рӯйхат кардаанд, ки ба ҳамаи онҳо ҳукми депорт ва манъи ҳаққи шаҳрвандӣ таҳдид дорад.

Шӯрои уламои Тоҷикистон тасмим гирифт, ҳафтае 1 маротиба дар пахши мустақими ютуб-канали худ ба саволҳо дар масоили дин, ки шаҳрвандон ироа мекунанд, посух диҳад.

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки дар сурати мушоҳидаи фаъол набудани чароғакҳои роҳнамо ва танбашавии воситаҳои нақлиёт ба мақомот муроҷиат кунанд.

 Аз 23 то 27 октябр дар Тоҷикистон ҳарорат то 1 дараҷа паст фаромада, боридани боронҳои пай дар пай дар назар аст.

Дар ш. Душанбе 15 қаннод аз Тоҷикистону Россия ва Қирғизистон торти вазнаш 200 кило ва баландиаш 2,10 метр тайёр карда, дар категорияи “Торти баландтарин дар мавзӯи миллӣ” рекорди ҷаҳонӣ гузоштанд. Муборакамон бод!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube