Шарифҷон Раҳимзода, собиқадори соҳаи кишоварзӣ, сокини н. Ҷайҳун бо идора тамос гирифта (тел: 2385556), гуфт, ки 1 хушхабар дорад.
– Бубинед, имсол дар вилояти Хатлон тарбузи зард чи қадар ҳосили хуб доду деҳқонон ба парвариши меваҳои субтропикӣ сар кардаанд. Дар гузашта кӣ фикр мекард, ки дар Тоҷикистон тарбузи зард, киви, банан ё папайа парвариш мекунанд? Ҳеҷ кас! Аммо имрӯз ба парвариши меваҳои субтропикӣ сар кардаанд. Вилояти Хатлон гармтарин минтақаи Тоҷикистон аст ва мешавад дар ин минтақа меваҳои субтропикӣ парвариш кард.