МЕЪЁРИ ЭЪТИРОФ

(Рисолаи доктории БОЙМУРОД ШАРИФЗОДА беҳтарин рисола дар 10 соли ахир эътироф шуд)

Шояд дар ягон марҳалаи зиндагии Тоҷикистон ин қадар баҳсу баррасиҳо перомуни чӣ навъ ва аз рӯйи кудом меъёр эътироф кардани ин ё он олим нашудааст, магар дар 2 даҳсолаи ахир. Зоҳиран гӯё ҳама хуб аст: шумори уламо меафзояд, рисолаҳо пайиҳам ҳимоят мешаванд, шуроҳои дифоъ хеле фаъоланд. Аммо…

ин ки сифати корҳои илмӣ ва пажӯҳишот номуносиб ва миёни олим ва донишу илми ӯ фосилаҳо аён аст, сухан бисёр аст, бисёр…

Хушбахтона, Боймурод Шарифзода на танҳо олим, балки фаъоли ҷомеаи маданӣ, тарғибгари доимии арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллист. 1 пояш дар донишгоҳ асту пойи дигараш дар телевизион, гоҳ дар сари минбари ҷамъомадҳои фарҳангист ва гоҳе дар шаҳру навоҳӣ ҷиҳати ба мардум расонидани нуктаҳои муҳимми ин ё он масъалаи иҷтимоӣ, хоҳ паём бошад, хоҳ маърифати ин ё он санади давлатӣ. Ӯ 30 сол қабл рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ҳимоят кард ва нақди Хоқонии Шервониро дар маркази таҳқиқ қарор дод. Баъди ин метавонист дар 3-5 сол рисолаи дуктуриашро низ ҳимоят кунад, аммо накард ва сабаби накарданашро банда хуб медонам.

Соли 2001 баъди баргашт аз Эрон, 300 саҳифа рисола навишт, ки барои ба расмият даровардани кори илмии докторӣ 100% басанда буд. Аммо ӯ ин корро накард. Чаро?

– Бояд кори илмии марбут ба Хоқонӣ хеле густардатар аз ин бошад, ки ман ҳоло кардаам. Инро метавон муқаддимаи умумӣ ҳисоб кардчунин буд посухаш ба онҳое, ки аз сарнавишти кораш пурсон мешуданд

Солҳо сипарӣ шуданд, Боймурод ба Донишгоҳи омӯзгорӣ рафт, маъмурияти донишкадаи забону адабиёти ин таълимгоҳро уҳда кард, баъдан дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ раис шуд. Аммо тӯли ин солҳо мудом дар андешаи такмили мулоҳизаҳо ва дарёфтҳояш дар мавзуи Хоқонӣ ва вежагии ин шоир дар қасидаву ғазалсароӣ буд. Ва ниҳоят, соли гузашта рисолаи пурра анҷомшударо ба кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ пешниҳод кард.

 

Хоқонишиноси №1

Ҳамин тавр, дар соли 2023, бори нахуст дар Тоҷикистон пажӯҳиши ҷомеъ роҷеъ ба аҳволу осор ва афкори Хоқонӣ аз ҷониби донишманди адабиёт Боймурод Шарифзода дар шакли рисолаи дуктурӣ анҷом дода шуд. Устоди равоншод Худойназар Асозода, ки солҳои сол дар донишкадаи забону адабиёти Донишгоҳи миллӣ ҳам раис ва ҳам мудири кафедра буданд, мудом ба Боймурод таваҷҷуҳ мекарданд: “То он даме ки Боймурод рисолаи докторӣ нанависад, худро дар гӯр ҳам бошад, ором эҳсос нахоҳам кард”. Ин сухани устоди зиндаёдро қариб ҳама алоқамандони риштаи забону адабиёти Донишгоҳи миллӣ хуб медонанд.

…Хоқонӣ сермаҳсултарин шоири даври хеш аст, ҷамъи ашъори ӯ ба 17000 байт мерасад, ки аз 106 қасидаи бузург, 110 қасидаи хурд, 290 қитъа, 330 ғазал, ҳудуди 300 рубоӣ ва 450 байти арабӣ иборат аст:

Нест иқлими суханро беҳтар аз ман подшо,

Дар ҷаҳон мулки сухан рондан мусаллам шуд маро.

Ахиран дар масъалаи Боймурод Шарифзода ва рисолаи илмии ӯ ҳақиқати илмӣ боло гирифт ва санаи 25-уми октябри соли 2024, дар рӯзи таҷлили 10-солагии таъсиси Комисиюни олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳдои нишон ва сипосномаи “Диссертатсияи беҳтарин” расмияти умумӣ пайдо кард. Дар Комисиюн ба чунин хулоса омаданд, ки дар илми адабиётшиносӣ (тӯли 10 соли ахир) беҳтарин рисолаи докторӣ ҳамин рисолаест, ки Боймурод Шарифзода анҷом додааст. Чӣ сарнавишти зебое…

ҲАФИЗ РАҲМОН,

28.10.2024.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube