Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ҷамоати деҳоти Кангурт аз ҷумлаи куҳантарии мактабҳои ноҳия ба ҳисоб меравад. Он соли 1933 ташкил ёфтааст. Соли 1951 мактаби мазкур ба мактаби миёна табдил дода шуд, ки сарварии онро Нурматов ба ӯҳда дошт. Аввалин директораш Олимов, баъдтар Комилов, Давлатов, Салимов, А.Ҳиматов, Р. Мусоқов, Х. Турдиев ва дигарон буданд. Дар он давра мактаби №8 дар байни ноҳияҳои Кангурт, Данғара ва Балҷувон ягона мактаби миёна ба ҳисоб мерафт. Дар байни аввалин хатмкунандагони мактаб шахсиятҳои маъруф Асадулло Қурбонов (раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб), собиқадорони меҳнат Маҳмадшо Давлатов ва Хол Саидов, сокинони ҷамоати Кангурт буданд.
Соли 1936 дар базаи мактаби №8 хонаи бачагони Кангурт ташкил шуд, ки дар он қариб аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ бачаҳои ятиму бепарастор тарбия меёфтанд. Метавон гуфт, ки дар миёни солҳои 1940-1950 мактаби мазкур яке аз базаҳои муҳими тайёр намудани кадрҳои лаёқатманду боистеъдод маҳсуб меёфт.
Умуман, ин таълимгоҳ дар фаъолияти тӯлонии худ бисёр шахсиятҳои машҳур, олимон, ҳунармандон, ҳуқуқшиносону сарварони кордонро тарбия намудааст, ки имрӯз ба нафъи халқу ватан хизмат мекунанд. Аз ҷумла академикҳо ва докторҳои илм Талбак Назаров, Ёқубҷон Юсуфов, Тағай Раҳмонов, Сайфиддин Раҳимов, Бобоқул Қурбоналиев, Абдулло Пиров, Зариф Сафаров, Сафар Мирзоев, Мурод Сабуров, ҳуқуқшинос Шерхон Салимов дастпарварони ин мактаб мебошанд.
Ғанӣ Сафарзода,
раиси Шурои собиқадорони меҳнати н.Темурмалик
Аз редаксия: Газетаи мардумии СССР аз марги нобаҳангоми шоҳписари додситони шинохта ва ходими давлатӣ-Шерхон Салимов сахт андӯҳгин буда, ба аҳли пайвандон сабри ҷамил мехоҳанд:
Куҷо шуд садру бадри ҳар ду олам,
Муҳаммад (с) беҳтарин авлоди Одам,
Ҳама рафтанду мо аз пай равонем,
Ҳамоно аз шумори рафтагонем…
