Ҷӯраев Ёқуб Ҷӯраевич
Вақте, ки бо ин мард во хурда будам соли 2011 буд ва дар синни мубораки 85 қарор дошт.
Муйсафеди 85-солаи нуронии хушахлоқу хушчақчақ, тозакор, ҳанӯз ҳам ҷавону бақувват Ҷӯраев Ёқуб Ҷӯраевич 15-уми апрели соли 1926 дар колхози ба номи Калинини ноҳияи Кировобод (баъд ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон) дар оилаи колхозчӣ ба дунё омада, айёми кӯдакӣ ва ҷавонии ӯ ба солҳои мушкили 20-30 – юми асри гузашта рост омада буд.
Иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Моҳи декабри соли 1943 дар айни авҷи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баъди хатми синфи 4-ум барои хизмат ба сафи Артиши шуравӣ даъват карда шуд. Хизмат дар ибтидо дар полки 368-уми тирандозии эҳтиётӣ, ки дар шаҳри Самарқанд ҷойгир буд, оғоз шудааст.
Дар ин ҷо ба Ёқуб Ҷӯраеви ҷавон ҳама чизро меомӯзонданд, вале махсусан бештар дар ҷодаи тирандозӣ ӯ тайёр карда мешуд.
Пас аз сарбаландона гузаштани тамоми имтиҳонҳо Ёқуб Ҷӯраев ҳамчун тупчӣ ба ихтиёри полки 279-уми тирандозии дивизияи 91-уми тирандозӣ, ки ба он маршали Артиши Шуравӣ Меретсков фармондеҳӣ мекард, фиристода шуд.
Полке, ки Ёқуб Ҷӯраев дар он хидмат мекард, дар ҳайати Фронти Украина буд ва ҳайати шахсии ин полк дар озодкунии ҳудуди Венгрия, Руминия, Полша, Чехословакия ва Олмон фаъолона иштирок кардааст.
Дар вақти озод кардани ин сарзаминҳо фиристодаи халқи тоҷик ба сифати пулемётчӣ ва миномётчии миномётҳои қутрашон 82 ва 120 миллиметра хизмат карда, баъзан дар ҳайати дастаҳои ҷудогонаи разведкавӣ вазифаи снайпериро низ иҷро мекард.
Полки тирандозии 279-уми дивизияи 91-уми тирандозӣ дар давраи аз 15 – уми март то 9-уми майи соли 1945-ум дар кори аз истилогарони фашистӣ озод кардани Германия бевосита иштирок дошт.
Дар яке аз муҳорибаҳо барои озод кардани шаҳри Кенигсберг Ёқуб Ҷӯраев захмӣ гашта, ҳолати контузияро гирифтааст. Дар беморхонаи шаҳри Кенигсберг тадовӣ намуда, баъд аз шифо ёфтанаш боз ба назди ҳайати полки худ баргаштааст.
Баъдан, дар муборизаҳо барои аз фашистон тоза кардани шаҳри Дрезден фаъолона иштирок мекунад. Ёқуб Ҷӯраев барои нишон додани ҷасорату мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамонӣ зоҳир намудан дар набардҳо бо медалҳои «Барои ғалаба бар Олмон», «Барои ишғоли Кенигсберг», нишони сарисинагии «Разведкачии матин» сарфароз гардонида шудааст.
Дар полке, ки Ёқуб Ҷӯраев хидмат мекард, ду тоҷик буданд, ӯ ва ҳамватанаш аз ноҳияи Панҷ Маҳмадалӣ Ҳайдаров. Онҳо аз рӯзҳои аввали хизмат то охирин муддат дар ин сангар хизмат карда, то ба Берлин рафта, немисҳоро торумор карданд, баъдан, боз барои аз истилогарони японӣ озод кардани Шарқ якҷоя рафтанд ва ҳарду дар ин муддат ярадор шуда бошанд ҳам, вале хушбахтона зинда ба зодгоҳашон баргаштаанд.
Иштирок дар ҷангҳои Порт-Артур
Баъди торумор гардидани Олмони фашистӣ дар давоми се моҳ Берлин аз боқимондаҳои истилогарони фашистӣ тамоман тоза карда шуд.
Ёқуб Ҷӯраев пас аз иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои ҷангии хеш, яъне, таъмини сулҳу субот дар ҳайати полки 312-уми тирандозии дивизияи 109-уми фронти 1-уми Забайкале аз 9-уми август то 3 – юми сентябри соли 1945 дар набардҳо барои озод кардани Муғулистон, Манҷурия, Республикаи Халқии Хитой ва Порт-Артур ба муқобили милитаристони Япония иштирок карда, диловарона меҷангад.
Барои хизматҳои ҳарбӣ Ёқуб Ҷӯраев бо медалҳои «Барои ғалаба бар Ҷопон» ва нишони сарисинагии «Миномётчики аъло» сарфароз гардонида шудааст.
Бо Укази Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз 22-юми феврали соли 1948, соли 1949-ум бо медали «30-солагии Армияи Советӣ ва Флоти Ҳарбии Баҳрӣ» мукофотонида шуда буд.
Полки 312-уми тирандозӣ шаҳри Порт-Артурро озод карда, пас аз анҷоми вазифаҳо дар ихтиёри шаҳр монд ва Ёқуб Ҷӯраев бо фармони вазири мудофиаи ИҶШС муддати тӯлонӣ хидмат кард.
Полк на танҳо амнияти сарҳадҳои шарқии мамлакатро таъмин кард, балки дар кори барқарор намудани хоҷагии халқи мамлакат баъд аз ҷанг низ иштирок намуд.
Танҳо дар асоси қарори Шурои Вазирони ИҶШС аз 28-уми январи соли 1950 Ёқуб Ҷӯраев ба эҳтиёт ҷавоб дода шудааст. Яъне аз декабри соли 1943 то январи соли 1950 дар Артиши шуравӣ хизмат кардааст.
Хизматҳои баъдиҷангӣ
Вай ба ҷои истиқомати доимӣ баргашта, фавран ба сафи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор даромад ва то 3-юми августи соли 1972 дар ин мақомот хизмат карда, аз милитсионери оддӣ то ба дараҷаи капитани милитсия расид ва баъдан ба нафақа рафт.
Дар солҳои душвори баъдиҷангӣ Ёқуб Ҷӯраев солҳои 1950 – 953 дар вазифаи сардори Шуъбаи ҳолати асноди шаҳрвандӣ кор кард.
Сипас, солҳои 1953-1959 ба сифати корманди оперативии нозири минтақавии милитсияи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ фаъолият бурдааст.
Он солҳо Ёқуб Ҷӯраев ба хотир меорад, ки дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ҳамагӣ як воҳиди кории нозири минтақавии милитсия буд ва танҳо худи ӯ тамоми минтақаи ноҳияро идора мекарду, мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва супоришҳои дар наздаш гузошташударо ҳамеша сарбаландона ва боифтихорона ба ҷо меовард.
Хизматҳои софдилонааш буд, ки бо фармони ҷонишини Вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон Федосеев таҳти рақами 22 аз 21-уми марти соли 1957-ум лейтенанти хурди милитсия бо нишони сарисинагии «Аълочии милитсия» мукофотонида шуд.
Дар нимаи якуми солҳои 60-ум давлати Шуравӣ масъалаҳои муборизаи зидди талаву тороҷ ва дуздии моликияти давлатӣ ва ҷамъиятиро ба ҷои махсус гузошт.
Вобаста ба он дар назди дастгоҳҳои Шуъбаҳои милитсия боз ҳам вазифаҳои нав меистоданд. Роҳбарияти Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ аҳамияти соҳаи муборизаро ба назар гирифта, солҳои 1961- 965 ӯро ба ин минтақа ба кор фиристод.
Дар солҳои хизматаш дар сафҳои милитсияи тоҷик, барои меҳнати фидокорона даҳҳо маротиба бо медалҳои ҳукуматӣ ва туҳфаҳои қиматбаҳо қадрдонӣ шудааст.
Аз ҷумла, бо фармонҳои Вазорати корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон аз 11-уми июни соли 1956, таҳти рақами 86 ва таҳти рақами 145 аз 6-уми майи соли 1965 барои муносибати софдилона ба вазифаи хизматиаш миннатдорӣ баён карда шуда, соли 1969 бо ордени «Фахрӣ», медали «50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» мукофотонида шудааст.
Ҷояшон ҷаннату манзили охираташон обод бошад!
Н. НАЗАРЗОДА,
полковники милитсия
