Редаксия супориш дод: ҳандалак хӯр!

Ҳафтаи пор ба ноҳияи Дӯстӣ бо хоҳиши хешону наздикон меҳмон шудем. Болои дастархон ҳандалакҳои бомаззаву обдори “Голландия” – ро дида, хостем ба сарчашмаи ин полезиҳои аввали тобистон рафта, ба хонандаи ҳамешагии рӯзномаи мардумии СССР гузориши хубе омода кунем. То каме ҳам бошад ҳамватанонамон аз он маҳсулоти воридоти ва ё ба гуфтаи мардуми таҳҷоӣ «химикатҳо» – е ки аз хориҷ дохил мешаванду гоҳо ба саломатӣ фоида надоранд бо маҳсулоти дасти деҳқони ватанӣ ҷояшро иваз намоянд.

Дар полез аз дур бӯи ҳандалак меомад. Дар байни қаторҳои дарози полезӣ деҳқонон машғули кор буданд. Касе бехҳоро об медод, дигаре алафҳои бегонаро тоза мекард ва гурӯҳи дигар барои ҷамъоварии ҳосили навбатӣ омодагӣ медиданд. Ана дар чунин лаҳзаҳо кас дарк мекунад, ки ҳар дона ҳандалаке, ки рӯи дастархони мардум қарор мегирад, чӣ қадар меҳнат, умед ва заҳматро дар худ ҷо кардааст. Имрӯз ноҳияи Дӯстӣ яке аз минтақаҳои пешқадами парвариши маҳсулоти полезӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ҳандалаки ин ноҳия бо таъми нотакрор, ширинии хос ва бӯи форамаш на танҳо дар бозорҳои Тоҷикистон, балки берун аз марзҳои кишвар низ харидори худро пайдо кардааст.

Замине, ки баракат меорад

Деҳқонони ноҳияи Дӯстӣ хуб медонанд, ки замин ганҷи бебаҳост. Агар дар он меҳнат кунӣ, чандин баробар ҳосил ҷавоб медиҳад.

Маҳз ҳамин муносибат аст, ки имрӯз дар заминҳои ноҳияи Дӯстӣ аз як қитъаи замин баъзан 3-4 ҳосил ба даст меояд. Дар ин ҷо кишоварзон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Нури Вахш Аслонбек Сатторзода зимни суҳбат гуфт, ки дар ҳудуди ҷамоат зиёда аз 1600 гектар заминҳои обиву корам мавҷуд аст. Чуноне худи барзгар мегӯяд: «Ҳар сол дар ҳудуди ҷамоат тақрибан 40 гектар заминҳои полезӣ кишт карда мешаванд. Барои таъмини деҳқонон бо об тамоми чораҳо андешида шудааст. Ҳандалак беоб намешавад. Ин зироат ба об эҳтиёҷи зиёд дорад. Хушбахтона, мо аз об танқисӣ намекашем ва кишоварзон имкони хуби обёрии заминҳоро доранд».

Ба гуфтаи раиси ҷамоат, аксари хоҷагидорон имрӯз аз усулҳои муосири кишоварзӣ истифода мебаранд. Кишти зери клёнка (обёрии қатрагӣ) имкон медиҳад, ки ҳам об сарфа шавад ва ҳам ҳосилнокӣ афзоиш ёбад.

Ҳандалаки тоҷикие, ки ба Русия меравад

Вақте мавсими ҷамъоварии ҳосил оғоз меёбад, полезҳои Дӯстӣ ба як коргоҳи бузурги истеҳсолӣ табдил меёбанд. Ҳандалакҳо бодиққат ҷамъоварӣ шуда, аз рӯйи андоза ва сифат ҷудо карда мешаванд. Сипас онҳо дар қуттиҳои махсус ҷойгир гардида, ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ фиристода мешаванд. Имрӯз маҳсулоти деҳқонони Дӯстӣ ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот мешавад. Ин на танҳо манбаи даромади деҳқонон, балки саҳми арзанда дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди миллӣ низ мебошад. Ҳар як мошине, ки аз ин ҷо пур аз ҳандалак ба роҳ мебарояд, дар асл заҳмати садҳо деҳқонро ба бозорҳои хориҷӣ мебарад.

«Красное мясо» — подшоҳи полезӣ

Дар ҳудуди ҷамоат чанд навъи ҳандалак парвариш карда мешавад. Аммо миёни онҳо навъи «Красное мясо» ва «Голландӣ» мавқеи махсус доранд. Ба гуфтаи деҳқонон, ин навъҳо аз ҳама серҳосил мебошанд.

«1 ниҳол то 7 дона ҳандалак мебандад. Махсусан навъи “Красное мясо” бисёр ҳосил медиҳад. Бартарии дигараш дар он аст, ки муддати зиёд нигоҳ дошта мешавад ва ҳангоми интиқол зуд вайрон намегардад», мегӯянд, кишоварзон. Дар шароити бозор маҳз ҳамин хусусиятҳо аҳамияти калон доранд. Харидор маҳсулоти босифат мехоҳад ва деҳқони Дӯстӣ кӯшиш мекунанд то ҳамин талабот иҷро карда шавад.

Аз 1 гектар то 50 ҳазор сомонӣ фоида

Кишоварзӣ меҳнати осон нест. Инро баъди супоришҳои пайдарпайи редаксионӣ фаҳмида будам. Барои парвариши як гектар ҳандалак аз 30 то 40 ҳазор сомонӣ маблағ сарф мешавад. Хароҷот барои тухмӣ, нуриҳо, сӯзишворӣ, обёрӣ ва қувваи корӣ равона мегардад. Аммо вақте ҳосил фаровон мешавад, меҳнат самараи худро медиҳад. Ба гуфтаи деҳқонон, аз 1 гектар замин то 4 ҳазор дона ҳандалак ҷамъоварӣ мешавад ва дар баъзе мавридҳо фоидаи соф ба 40-50 ҳазор сомонӣ мерасад. Ин нишондиҳанда собит месозад, ки истифодаи дурусти замин метавонад ба манбаи устувори даромад табдил ёбад.

Деҳқоне, ки 1 сол 4 ҳосил мегирад…

Дар Дӯстӣ бисёр хоҷагидорон имрӯз ба гирифтани 1 ҳосил қаноат намекунанд. Чун онҳо медонанд, ки барои гирифтани ҳосили баъдӣ кай киштукорро оғоз намоянду кай ҳосили аввалиро ҷамъоварӣ намоянд. Пас аз ҷамъоварии ҳандалак дар ҳамон заминҳо карам, картошка, боимҷон ва дигар сабзавот кишт карда мешаванд.

Аслонбек Сатторзода мегӯяд, ки дар баробари кишти ҳандалак, дар ҳудуди ҷамоат даҳҳо гектар боимҷон ва дигар намуди сабзавот низ парвариш карда мешавад, зеро талаботи бозор ба ин маҳсулот зиёд аст. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки деҳқони тоҷик имрӯз на танҳо истеҳсолкунанда, балки иқтисоддони воқеӣ низ шудааст. Ӯ талаботи бозорро меомӯзад ва маҳсулоте кишт мекунад, ки харидор дорад. Деҳқонӣ меҳнат дорад, агар меҳнат мекунӣ пас роҳат хоҳӣ ёфт. 

Ҳандалак — рамзи баракат

Ҳангоми сайругашт дар байни полезорҳои Дӯстӣ ба назар чунин мерасид, ки ҳар бехи ҳандалак достони худро дорад. Достони меҳнати деҳқоне, ки субҳи барвақт ба саҳро мебарояд. Достони оби ҷӯйборҳое, ки ниҳолони дар ҳамин буда, ҳаёт мебахшанд. Достони офтоби тафсони Вахш, ки шириниро дар вуҷуди ҳосил мепазонад. Ва достони замине, ки ба меҳнат посухи муносиб медиҳад.

Имрӯз ҳандалаки ноҳияи Дӯстӣ ба як бренди воқеии кишоварзии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Он на танҳо маҳсулоти бозоргир, балки рамзи меҳнатдӯстӣ, фаровонӣ ва баракати деҳқони тоҷик мебошад. Вақте ҳандалаки Дӯстӣ роҳи бозорҳои хориҷиро пеш мегирад, дар асл номи Тоҷикистон, номи деҳқони тоҷик ва обрӯи маҳсулоти ватаниро низ ҳамроҳи худ мебарад. Ва то даме ки дар полезҳои Дӯстӣ садои заҳмати деҳқон танинандоз аст, бӯи ширини ҳандалак ҳамоно аз ин сарзамини офтобӣ ба машшом хоҳад расид. Меҳмонӣ ба анҷом расиду маззаи ҳандалак то дербоз дар комҳо боқӣ хоҳад монд!

Нуриддин Қосимзода,

СССР,

Бохтар – Дӯстӣ – Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube