МО ДАР АФРИҚО ЗИНДАГОНӢ НАМЕКУНЕМ!!!

Муҳтарам раис! Инак ҳафтаи 3-ум аст, ки бе эълони маҳдудияти барқ ва ҷоришавии лимит дар пойтахти кишвари азизамон, ш. Душанбе, идораи зертобеи Шумо ба аҳолии мавзеъи мавсум ба маҳаллаи Балх, собиқ деҳоти Арбобхотун, ки банда дар он ҷо ба сар мебарам, рӯзона куллан барқ намедиҳад!

Барқи ин мавзеъ аз соати 10 қатъ гашта, то соати 16 бебарқӣ давом мекунад. Ва агар Шумо фикр доред, бо ин коратон “барқ сарфа мекунед”, нуқтаи назари комилан хатост ва ба масъули барқи пойтахти 1 кишвар зебанда нест. Зеро ин ҷо пойтахти Тоҷикистон асту дар ин мавзеъ ҳазорон нафар зану кӯдак, пиру барҷомонда, касалманду нафақагир ба сар мебаранд. Кори маҳаллаи мо ба ҳаддест, ки модарон ба кӯдакон ғизои гарм омода карда наметавонанд. Пирону барҷомондагон дар торикӣ ва сардӣ ба сар мебаранд. Ва агар кор дар ин мавсим чунин аст, вой бар ҳоли мардум, ки дар замистону баҳор ба чӣ мушкиле хоҳанд печид.

Аз сӯи дигар ин маҳалла соли 3-ум аст, ки ба ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино ворид шудаст. Дигар ин ҷо ноҳияи дурдасти Рӯдакӣ ё Ҳисор нест, ки бояд лимити шадиди барқ ҷорӣ карда мешуд! Ин мардум, бар умеде буданд, ки баробари мутеъи н. Сино гаштан, аз азияти бебарқӣ ва лимит раҳо мегарданд. Аммо кор баръакс шуд. Мардуми маҳалла пушаймонанд, ки ба ноҳияи Сино ва Шабакаҳои барқи ш. Душанбе гузаштаанд. Ё корро уҳда кунед, муҳтарам раиси Барқи Тоҷики ш. Душанбе, ё моро бозпас ба шабакаҳои барқи н. Рӯдакӣ гузаронед. Зеро масъулини барқи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳар ҳол боинсофтар буданд.

Дар бораи ҷузъиёти ин бебарқӣ дар шумораҳои баъдӣ муфассалтар хоҳем навишт. Мо Метавонем!

С. Достиев,
ш. Душанбе, н. Сино, Арбобхотун,

PS: Воқеан ҳам, раиси ноҳияи Сино бояд сари номгузории ин маҳаллаи бузург, ки номи ким-кадом, ба ривояте ҷӯгӣ ва ба қиссае туркхотунеро дорад, андеша кунад. Зеро миллати Тоҷик фарзандони фарзонаи зиёде дорад ва набояд 1 гӯшаи пойтахти кишварамон ш. Душанбе, исми ғайритоҷикии Арбоб Хотун дошта бошад…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube