МЕГАФОН, ТСЕЛЛ, ВАВИЛОН БА СУД…

 Тоҳир Олимов, сокини н. Кӯшониён бо редаксия тамос гирифта, аз фаъолияти ғайриқаноатбахши ширкатҳои мобилӣ дар ин рӯзҳои охир шикоят намуд.

– Имрӯз дар кишвари мо мушкилоти №1 хизматрасонии сусти ширкатҳои мобилӣ аст, гӯем хато намекунем. Чунки дар фосилаи чанд вақт ман аллакай 2 шабакаи мобилиро иваз кардааму аз ҳеҷ кадомаш баҳра бурда наметавонам. Операторон мегӯянд, ки айб дар маҳалли зист ва набуди барқ аст. Гуё дар ҷое, ки мо зиндагӣ мекунем, мавҷ хуб нест. То ҷое медонам дар вақти набудани барқ антенаҳои мобилӣ бо акуммулятору генераторҳо бояд фаъолияти мавҷро ба сокинон дастрас намоянд. Вале канӣ ҳамон акуммулятору генератор, ки бояд фаъолияти мунтазами алоқаро ба муштариён таъмин намоянд? Шояд замоне расидааст, ки ширкатҳоро ба суд кашем!?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube