Ҳушдори милисаи №1 дар Душанбе
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳафтаи пор бо нашри 1 огоҳӣ аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хост, ки дар ҳолати мушоҳидаи ғайрифаъол будани дастгоҳҳои чароғаки роҳнамо ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт ҷиҳати бартараф намудани он, тавассути телефони боварӣ 2211500 ва рақамҳои қисми навбатдорӣ 2210057 ва 2211542 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд. Ҳамаи арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон зери назорати роҳбарияти милитсияи пойтахт, шахсан генерал Шоҳрух Саидзода қарор гирифта, ҳатман мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода мешаванд.
Ин огоҳӣ, ки вокуниши хеле ҳам зиёд ба бор овард, бори дигар собит сохт, ки тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт ва дар вақти ба қавле «час пик» аз кор мондани чароғакҳои роҳнамо, бо иллати ҳатулкории ширкати Барқи Тоҷик, дар чорраҳаҳои муҳимтарин, проблемаи № 1 дар шаҳри Душанбест. Мухбирони СССР дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати ВКД ҶТ ва Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ ин масъаларо баррасӣ карданд. Мо Метавонем!
Аҳолӣ 2 баробар зиёд шуд, нақлиёт низ
Чанд соли охир аст, ки тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар марказҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва махсусан дар ш.Душанбе дар субҳу шом, ҳангоми ба кору таҳсил рафтану омадан, шаҳрвандонро ба мушкилӣ дучор месозад. Тамбашавии мошинҳо монеаи сари вақт ба дарсу кор ҳозир шудани кормандону донишҷӯён гардидааст.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666.074 воситаи нақлиёт – сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки 10 сол пеш, соли 2014, ин рақам ба 389 ҳазор адад баробар буд.
Аз ҷумла, айни замон дар Тоҷикистон 587074 мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд. Яъне танҳо мошини сабукрав қариб 3 баробар афзудааст!!!
Мавриди ёдоварист, ки шумораи аҳолии мамлакат аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. Воқеан ҳам, аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар 30 соли охир Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ҷои аввалро ишғол кард. Яъне агар дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат теъдоди аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд шуда бошад, шумораи мошинҳои сабукрав аз ин ҳам зиёд шудааст.
Зимнан тамбашаваӣ на танҳо дар ҳаракати нақлиёт, ки дар ҷодаҳои пиёдагузар низ ба назар мерасад ва ин 1 амали табиист.
Миллионҳо евро барои Эстакада…
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе чанд соли охир бо бунёди эстакадаҳо кӯшиш менамояд тамбашавии воситаҳои нақлиётро дар ин ё он қисмати пойтахт кам кунад. Чунин эстакада аллакай дар хиёбони И.Сомонӣ бунёд шудааст.
Имрӯз дар ш.Душанбе дар асоси созишнома бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ то пайвастан ба кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Душанбе) бо маблағи беш аз 28 миллион евро эстакада – роҳи дусатҳа сохта шуда истодааст. Ба забони оммафаҳм карда гӯем, ин ҳамон чорроҳаи маъруф ба «Танка» ва пасон аз Текстил то Сирк аст.
Ҳадафи татбиқи лоиҳаи мазкур – баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ин минтақаҳо, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди пойтахт мебошад.
Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, дар мамлакат роҳу пулҳои нав, аз ҷумла эстакадаҳо (роҳҳои чандқабата) бунёд гашта, роҳҳои мавҷуда навсозӣ ва васеъ карда мешаванд. Барои коҳиши тамбашавии пиёдагадрон дар «час-пик» шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мегардад.
Сабабу омилҳои тамбашавӣ
Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳоро зери муоинаи қатъӣ қарор дода, бо ин мақсад дар роҳҳо дурбинҳо (камераҳо) насб кардаанд. Вале ҳанӯз мушкилот пурра ҳалли худро наёфтааст.
Тамбашавӣ бо сабабҳои дигар низ ба вуҷуд меояд:
- Корҳои таъмиру сохтмон.Айни замон тадбирҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмон, таъмиру таҷдиди роҳҳо дар саросари ҷумҳурӣ вусъат ёфтаанд, ки яке аз ҳадафҳои он барҳам додани пробкаҳо мебошад.
- Ҳолатҳои ғайричашмдошт дар роҳ.Ба ҳам бархӯрдани воситаҳои нақлиёт, бо сабабе аз кор мондани муҳаррики автомобил, бад шудани вазъи саломатии ронанда ё мусофир, миёнбур кардани роҳ аз тарафи пиёдагардон дар ҷойҳои манъшуда ва ғайра.
- Муваққатан манъ будани ҳаракат аз тариқи ин ё он роҳ ё фаъол набудани чароғаки роҳ (светофор).Дар чунин ҳолатҳо, ки бинобар далелҳои айнӣ ба амал меоянд, вазорати корҳои дохилӣ, нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қаблан сокинон, аз ҷумла ронандагону мусофирон ва пиёдагардонро огоҳ месозанд.
- Асабонияти ронандагон.Ин ҳолат дар натиҷаи сабабҳои дигари дар боло номбаршуда сар мезанад. Ронандагон саросема мешаванд, ба якдигар беист буғ (сигнал) мезананд, норозиёна ва ҳатто бо алфози қабеҳ садо мекунанд, ҳуқуқи иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳро нодида мегиранд, қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон карда, боиси садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.
539 садама, 236 кушта, 570 захмӣ…
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 садамаи нақлиётӣ (дар нимсолаи аввали соли 2023 – 492 садама) рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар захмӣ шуданд.
Аз соли 2020 то соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон 4364 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 1692 нафар ҳалок гашта, 4776 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Яъне дар 10 сол бо сабабу иллати мухталиф дар Тоҷикистон ҳудуди 1,7 ҳазор нафар кушта ва қариб 4800 кас маҷрӯҳ шудааст…
Натиҷаҳои таҳлили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд будани суръати ҳаракат (75%), нақзи қоидаҳои тағйири хати ҳаракат дар роҳ (45%), рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, набастани камарбанди бехатарӣ, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин ва ғайра ба амал меоянд.
Ронандагон 1 млну 300 ҳазор касро куштанд
Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки соли 2023 нашр шудааст, ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон тақрибан 1,3 миллион нафар ҷони худро аз даст дода, 50 миллион нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мегиранд. Тибқи ин омор, дар ҷаҳон дар ҳар 24 сония 1 нафар ва дар 1 рӯз бошад зиёда аз 3500 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат мерасанд.
Бо назардошти ин омори муҳлик, Маҷмаи Умумии СММ бо ҳадафи кам кардани фавт ва ҷароҳат дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, бо судури қатъномае солҳои 2021-2030-ро «Даҳсолаи амал барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ» эълон кард. Аммо ба кӣ мегӯй! – гуфти раҳматии бобои Одина Ҳошим. Дар роҳҳо бо айби ронандагон ва бепарвоии пиёдаравон ҳар рӯз ҳазорон нафар кушта мешаванд…
Дар байни омилҳои афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, омили инсонӣ мавқеи аз ҳама асосиро ишғол мекунад. Аз ҷумла фарҳанги пасти ронандагӣ, рафтори ношоями ронандагон ва пиёдагардон дар кӯчаву роҳҳо. Имрӯз тақрибан 80% садамаҳои нақлиётӣ бо айби худи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба амал меоянд.
Иллати дигаре, ки мо бисёр вохӯрдаему мутаассифона на-ме-гӯ-ем…ин сатру бурқапӯшии пиёдагардону ронандагон аст, ки бонувони а ля исломӣ чунон пеши чашмашон пардпеч аст, ки на мошинро мебинанду на пиёдагардро. БОЯД ронандагони сатрпӯш ба сари чамбараки мошин роҳ дода нашаванд! Интихоби демократӣ аз худи ин бонувон аст, ё мошин ё сатр…
Ин ҳама 1 дарди ба хайр: бо сабабҳои тамоман номаълум, кушташавии чароғак – светофорҳо дар Душанбе ва акнофи он ба ҳукми анъана даромадааст. Ин дар ҳолест, ки ҳатто дар солҳои ҷанги гражданӣ, ки аксаран барқ надоштем, аммо «красная линия» гуфтанӣ гап буду чароғакҳо намемурданд. Аҷиб аст, ки раиси ширкати «Барқи тоҷик» ва Шабакаҳои барқи ш. Душанбе ба ин «светофоркушӣ» чӣ посухе дошта бошанд? Мо нашр мекунем, агар нависанд. Мо Метавонем!
Ҷ. Ҳусейнова, СССР,
А. Собир, суратгир –оператор
Дар ҳамин маврид:
ҲУШДОР БАРОИ РОНАНДАҲО
Ҳар 1 иштирокчии ҳаракат дар роҳ бояд дар хотир дошта бошад, ки тартибот дар роҳ, пеш аз ҳама, аз рафтору амали шахсии ӯ оғоз меёбад. Яъне ӯ на танҳо ҳуқуқ дорад, балки уҳдадор низ мебошад. Дар боби 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 17 майи соли 2018, таҳти № 1533, чунин омадааст:
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ.
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ доранд:
-бо шароити бехатар ва самараноки ҳаракат дар роҳ таъмин карда шаванд;
-оид ба шароити бехатари ҳаракат дар роҳ, сабабҳои ҷорӣ намудани маҳдудият ё қатъ кардани ҳаракат дар роҳ, вазн ва суръати ҳаракати иҷозатдодашуда, кор ва хизматрасонӣ вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки танзим ва идораи давлатиро дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии онро иҷро менамоянд, маълумот ба даст оранд;
-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба амали (беамалии) кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ шикоят намоянд;
-аз роҳҳо бемамониат истифода баранд, агар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад;
-аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Моддаи 12. Уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ.
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ уҳдадоранд:
-талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳаракат дар роҳро риоя намоянд;
-барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амали (беамалии) худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеа эҷод накунанд ё зарар нарасонанд;
-зарари расондашударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.
Яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаи пешгирии тамбашавӣ ва садамаҳои нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ тарғибу ривоҷ додан ва ба роҳ мондани муносибатҳои эҳтиромона байни ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ (ронандагони ҳама гуна воситаҳои нақлиёт, мусофирон, пиёдагардон) ва риояи бечунучарои қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон мебошад.