Ин бор бо супориши редаксия тасмим гирифтем, ба ноҳияи Ёвон равем. Чунки ободонию пешравиҳоро дар ин ноҳияи саноатии кишвар танҳо чашми нотавонбин дида наметавонад. Мо Метавонем!
Тозакориҳои Ёвон
25.10.2024. Соат ба вақти Ёвон 10:15 дақиқа. Дар Ёвон қарор дорем. Бояд мардонавор иқрор шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Ёвон хеле ободу зебо гашта, имрӯзҳо сокинони заҳматқарини он бо дили гарм пайи ободии диёри хеш камари ҳиммат бастаанд. Бахтиёр Шарифзода, раиси н.Ёвон зимни суҳбат бо хабарнигори СССР иброз дошт, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат сокинони ин шаҳри саноатӣ дар рӯзҳои истироҳат аз хонаву дар сар карда, то атрофи шаҳрак ба шанбегиву тозакориҳо баромада, баҳри таъмини тозагии ноҳия ҳиссагузор ҳастанд.
Сохтмон бомаром идома дорад
Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузорӣ 437 млн 868,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Имрӯзҳо бо мақсади амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гурӯҳи кории роҳбарикунанда таъсис дода шуда, корҳои сохтмонӣ шиддат ёфта истодаанд. Дар фосилаи чанд моҳ пеш, ки мо ба ин ноҳия сафар доштем, воқеан ҳам дар ноҳия дигаргуниҳо ба амал омадаанд.
Саноат дар ҳоли рушд
Мардуми ноҳия Ёвон бениҳоят одамони меҳнатдӯстанд, -гуфт дар сӯҳбат бо мо мудири бахши саноат ва сохтмони ноҳия Қимматулло Раҳмонов-
То ин дам дар ҳудуди ноҳия 498 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 73 иншоот ба истифода дода шудааст. Бунёди даҳҳо адади дигар идома доранд, ки дар онҳо сокинони ноҳия бо ҷои кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифзода зимни суҳбат иброз намуд, ки «таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 9 моҳи соли 2024 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас пайваста саъю кӯшиш менамоянд».
Таъмини ҷойи корӣ – дар ҷойи аввал
Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1 млрд 247 млн 360 ,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Бо мақсади рушди соҳаи саноат дар ноҳия ва ба ин васила саҳм гузоштан дар саноатикунии босуръати мамлакат ва расидан ба ҳадафи чоруми стротегии давлатӣ, корҳои муайяне ба сомон расида, дар соли равон 6 адад корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, аз ин 5 тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сокинони бекорро ба ҷойи кории доимӣ таъмин намуданд.
Деҳот бояд нав шавад
Зимни сафар маълум шуд, ки деҳаҳои ин ноҳия ҳам дигар чун пешина нестанд. Дар ҳар деҳаи ноҳия корҳои тозакорӣ ба чашм расида сокинон барои хубсозии рӯзу рузгорашон ва пайи ободии меҳан дар такопуянд. Бо зани порсое аз деҳаи Обшорон, ки худро Мунаввара муаррифӣ кард, шинос шуда, аз зисту зиндагии мардуми деҳот пурсон шудем. Чун холаи Мунаввара қисмати зиёди умрашро дар асри ХХ гузаронидааст, аз неъматҳои Истиқлолият шукрона карда, афзуд:
– Дар деҳаҳо бунёди роҳҳо, бунгоҳҳои саломатию мактабҳо ва мағозаҳо кори мардумро осон намудааст. Имрӯзҳо қисмати зиёди аҳолӣ дастурхони худро бо самараи дастони худ аз замин оро медиҳад ва боқимондаашро фурухта, зиндагиашро сомон мебахшад. Дигар барои рузгори тинҷ ғайр аз оромии мулку давлат боз авлотар чизе ҳаст?
Рушди истеҳсолот – мақсади №1
Дар ноҳия имсол 5 корхонаи нав ташкил шудааст. Коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии ” ҶДДМ “Муҳаммад пласт” ва ҶДММ “Рустам пластик”, бомпушҳои оҳанини ҶДММ ” Дидор сохтмон”, истеҳсоли хишти ҶДММ “Хиштҳои сабуки Ёвон” ва истеҳсоли мебели ҶДММ “Имрон мебел” аз ҷумлаи корхонаҳои навтаъсис мебошанд, ки дар ноҳия воридоти молро аз дигар ҷой ҷой коҳиш дода, мардумро ба истеҳсоли масолеҳи ватании босифат даъват менамояд.
Воқеан чаро масолеҳи истеҳсоли ватаниро назари аксарият намегирад? Дар ҳоле, ки моли гарони хориҷӣ на сифат дораду на кафолат. Минбаъд мардуми ноҳияи Ёвон ва минтақаҳои гирду атрофаш, маҳсулоти ватаниро аз ноҳия берун нарафта, метавонанд бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Содирот бештару воридот кам гардад!!!
Ёвон айни замон истеҳсолкунандаи сементи хусифат дар кишвар ба ҳисоб меравад. Тавре хабар доданд, дар ин муддат аз корхонаҳои сементбароии ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 90 ҳазору 446 тонна ва аз корхонаи ҶДММ «Чжунтай Моҳир семент» ба миқдори 87 ҳазору 100 тонна семент, дар маҷмӯъ 177 ҳазору 546 тонна семент, ки маблағи 90 млн 659,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ба хориҷа содирот гардидааст. Дар хотима танҳо инро метавон гуфт, ки боварӣ ҳаст, мардуми ноҳияи Ёвон дар пайи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат баҳри истиқболи арзанда аз ҷашнҳои бузурги миллӣ боз ҳам кӯшиш карда, дар ин чорабинии муҳими давлатӣ ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Нуриддин Қосимзода, СССР
Бохтар – Ёвон-Бохтар
