ДАР ЯК САТР

 Дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, ифтитоҳ ёфт.

 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар дод, ки дар кишвар минбаъд системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ҷорӣ мешавад.

Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳиро ба артиш 100 % иҷро кард. Офарин!

Вазорати кишоварзии мамлакат аз ҳосили маҳсулоти кишоварзии имсола дар ҷумҳурӣ хабар дод – 111% нақша иҷро шуд!

Аз 1 то 7 ноябр хонандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.

Сар аз соли 2025 дар шаҳри Москва арзиши патент 20% боло рафта,  8,9 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube